logo

сафарҳо

Боздиди Сардори давлат аз Спитамен

25 июни соли 2009 Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Спитамен рафта, нахуст дар маросими ифтитоҳи Маркази хизматрасонии «Суғдагросерв» иштирок намуд.
Маркази савдо ва хизматрасонии кишоварзию техникии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Суғдагросерв» дар ҳамкорӣ бо хоҷагии деҳқонии «Шарқ»-и ноҳияи Спитамен ва бо дастгирии молиявию машваратии як қатор созмонҳои байналмилалӣ таъсис ёфта, асосан ба таъмини тухмии қариб ҳама намуди зироат, нуриҳои минералӣ, маводи дигари кимиёвӣ, заҳрдоруҳо, иҷора додани техникаи кишоварзӣ ва фурӯши қисмҳои эҳтиётии он ва ҳамчунин ба ташкил ва гузарондани машғулиятҳои таълимӣ оид ба ҷорӣ намудани тарзу усулҳои муосир ва фоидаовари фаъолияти кишоварзӣ машғул аст.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки тухмии навъҳои серҳосил ва хушлаззати  харбузаро  низ санҷида ба деҳқонон пешниҳод намоянд, зеро талабот ба он дар бозори дохил ва хориҷи кишвар хеле зиёд аст.
Ба гуфти роҳбари он Абдусаттор Ҳайдаров, афзалияти асосии кори марказ дар он аст, ки деҳқонон ва дигар эҳтиёҷмандон тамоми маводи зарурии кишоварзиро метавонанд бе сарсонии зиёд аз як ҷо дастрас намоянд.
Чунонки аз сӯҳбатҳо маълум шуд, ин нахустин ва айни ҳол ягона чунин маркази хизматрасонӣ дар Тоҷикистон аст.
Дар ин ҷо  шумораи зиёди техника ва мошинолоти кишоварзӣ барои хизматрасонӣ омодаи кор аст.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз тарзи кори  марказ хушҳол шуда, ба масъулони соҳаи кишоварзӣ дастур дод, ки ин таҷрибаи ибратбахш дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ ҷорӣ карда шавад.
Марказ 1 гектар замини таҷрибавӣ  дорад, ки дар он тухмии хушсифати навъҳои серҳосили сабзавот ва дигар зироатҳоро кишт ва санҷиш мекунад. Он ҳамчунин дар 1 гектар гармхонаи муқаррарӣ ва 1 гектари дигар гармхонаи таҷрибавӣ дорад, ки дар фасли зимистон сабзавот мерӯёнад. Сохтмони марказ 14 июни соли 2008 оғоз ёфта, то имрӯз барои бунёди он 800 ҳазор сомонӣ маблағ масраф шудааст. Айни ҳол дар маркази мазкур 15 нафар бо ҷойи кор таъмин буда, маоши онҳо ба ҳисоби миёна 600-650 сомониро ташкил медиҳад.
Дар маркази ноҳияи Спитамен бо иштироки Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон  маркази савдо ва хизматрасонии маишии «Файз» мавриди истифода қарор дода шуд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хайрулло Убайдуллоев бунёд ёфтааст.
Чунонки маълум шуд, маркази хизматрасонии маишии  «Файз»  бинои дуошёна буда, дар он зиёда аз 50 нафар бонуи хонашин бо ҷойи кори доимӣ таъмин гашт. Кори асосии онҳо дар ин ҷо дӯзандагӣ аст. Сехи дӯзандагӣ бо дастгоҳу мошинолоти муосир муҷаҳҳаз гаштааст.  Маблағи умумии дар  сохтмон ва таҷҳизи марказ сарфшуда 960 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар бригадаи 6 – уми Ҷамъияти саҳомии Саидқӯрғони ноҳияи Спитамен Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти деҳқонию соҳибкории аъзои он аз наздик шинос шуда, аз фаровонии ҳосили ғалладона ва дигар зироатҳо изҳори қаноатмандӣ намуд.
Роҳбарияти ноҳия иттилоъ доданд, ки аз ҳар гектар замини ғалла 45-50 -  сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ карда истодаанд ва нисбат ба соли гузашта  бояд 6 ҳазор тонна  ғалла бештар истеҳсол шавад. Зикр гардид, ки дар 3,5 ҳазор гектар заминҳои обӣ ғалла кишт шуда буд. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ҳамаи заминҳо кишти такрорӣ ба роҳ монда шавад.
Сипас Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бошишгоҳи саҳроии ҳамин хоҷагӣ  бо фаъолон ва намояндагони аҳли ҷамоаи ноҳия мулоқоти судманд анҷом дод ва онҳоро ба истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, рӯёндани ду ва ё зиёда ҳосил аз заминҳои обӣ, таъмини фаровонӣ дар бозор, вусъати корҳои ободонӣ ва дигар фаъолияти манфиатбахш ҳидоят намуд.
Масъулони дахлдор вазифадор карда шуданд, ки  баҳри бартараф намудани  мушкилоти иҷтимоии мардуми ноҳия тадбирҳои муассир андешанд. Барои муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.  Аз ҷумла, таъкид гардид, ки  сохтмон ва таҷҳизи корхонаи ресандагии комбинати “Спитамен-текстайлз” то моҳи ноябри соли равон  ба анҷом расонида шавад. Чунонки роҳбари корхона соҳибкор Сангинмурод Ҳакимов  ба Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, баъди ба кор даромадани корхона  160 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегардад. Ҳоло дар давраи сохмони корхонаи ресандагӣ 100 нафар кор мекунад.
ӯ ҳамчунин афзуд, ки кӯшиш мекунад ҳарчи зудтар корхонаҳои бофандагӣ, рангубор ва дӯзандагии ин комбинат низ ба кор дароварда шуда,  барои 300 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё гарданд. Корхона дар як сол метавонад  аз 3 ҳазор тонна нахи пахта маҳсулоти тайёри ниҳоӣ истеҳсол намояд.
Дар охири мулоқот Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ноҳия мужда расонд, ки барои ободонии шаҳраки Спитамен аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллион сомонӣ ҳамин сол ва 1 миллион  сомонии дигар соли оянда ҷудо менамояд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2870
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед