logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БОҶИ ДАВЛАТӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 «Дар бораи боҷи давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №2, мод.51; с.2005, №12, мод.630; с.2006, №12, мод.541; с.2008, №6, мод.460, №12, қ.2, мод.1000; с.2009, №3, мод.88; с.2010, №1, мод.8, мод.10, №12, қ.1, мод.823; с.2012, №12, қ.1, мод.999;  с.2013, №3, мод.190; с.2014, №7, қ.2, мод.408; с.2015, №11, мод.968, мод.969, мод.970) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
Дар  моддаи 4:
- дар қисми 7:
- дар банди 12) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- бандҳои 13) - 30) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«13) барои бақайдгирии давлатии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба андозаи 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
14) барои бақайдгирии давлатии мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
15) барои бақайдгирии бюрои адвокатӣ – ба андозаи 8 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
16) барои азнавбақайдгирии бюрои адвокатӣ - ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
17) барои барҳамдиҳии бюрои адвокатӣ - ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
18) барои бақайдгирии коллегияи адвокатҳо - ба андозаи 6 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
19) барои азнавбақайдгирии коллегияи адвокатҳо - ба андозаи 3  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
20) барои барҳамдиҳии коллегияи адвокатҳо - ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
21) барои бақайдгирии маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ - ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
22) барои азнавбақайдгирии маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ - ба андозаи 1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
23) барои барҳамдиҳии маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ - ба андозаи 1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
24) барои бақайдгирии кабинети адвокатӣ – ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
25) барои азнавбақайдгирии кабинети адвокатӣ - ба андозаи 1  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
26) барои барҳамдиҳии кабинети адвокатӣ - ба андозаи 1  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
27) барои  ворид намудан ба Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ – ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
28) барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи ягонаи адвокатӣ - ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
29) барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи ягонаи ташкилотҳои адвокатӣ - ба андозаи 1  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
30) барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ - ба андозаи  1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо.»;
- сархати якуми банди 4) қисми 16 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- барои бақайдгирии давлатии барориши коғазҳои қиматноки ғайридавлатӣ - 0,15% аз ҳаҷми барориши мазкур;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 майи соли 2016, №1317


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 6 апрели соли 2016, № 398

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»-ро баррасӣ  намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷи­кистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 5 майи соли 2016,  №231


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20-23.05.2016    №: 96,98    Мутолиа карданд: 1474
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед