logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011  «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №6, мод. 436; с. 2013, №3, мод. 189, №11, мод.784) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни моддаи 1, сархатҳои дуюм ва шонздаҳуми моддаи 2, сархатҳои якум, дуюм ва ҳаштуми моддаи 8, сархати сеюми қисми 1 моддаи 24, номи боби 8, ном ва қисми 1 моддаи 25, сархати сеюми моддаи 30, матни моддаи 37, ном ва қисми 1 моддаи 38 ва номи моддаи 55 калимаҳои «ҷараёни», «ҶАРАЁНИ» ва «Ҷараёни» мувофиқан ба калимаҳои «раванди», «РАВАНДИ» ва «Раванди» иваз карда шаванд.
2. Ба моддаи 2 сархатҳои сеюм, панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум ва нуҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«- низоми буҷетӣ – маҷмӯи буҷетҳои ҳама сатҳ, инчунин тартиби таҳия, ташаккул, қабул ва иҷрои буҷети давлатӣ, ки ба муносибатҳои молиявӣ  асос ёфта, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад;
- буҷети ҷумҳуриявӣ – шакли ташаккулёбӣ ва хароҷоти маблағҳои пулӣ, ки барои таъмини иҷрои вазифаҳои  марбут ба салоҳияти мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ шудааст;
- буҷети маҳаллӣ – шакли ташаккулёбӣ ва хароҷоти маблағҳои пулӣ, ки барои таъмини иҷрои вазифаҳои марбут ба ваколати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ шудааст;
- буҷети фонди мақсадноки давлатӣ – маблағҳои пулӣ, ки барои татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ, гирифтани кумаки тиббии ройгон, таъмини нафақавӣ ва иҷтимоӣ аз рӯи синну сол дар ҳолатҳои бекорӣ ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд;
- даромади буҷет – даромади ҳама сатҳҳои низоми буҷетӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
- хароҷоти буҷет – маҷмӯи хароҷоти буҷетҳои ҳама сатҳҳои низоми буҷетӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти соҳаҳо ва зинаҳои идоракунӣ муқаррар карда шудааст;».
3. Дар қисмҳои 1, 2 ва 4  моддаи 6,  матни моддаи 7, сархатҳои якум ва дуюми қисми 2 моддаи 10, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 2 моддаи 12, сархатҳои якум ва сеюми моддаи 16, матни моддаи 17, қисми 2 моддаи 19, сархати якуми қисми 2 моддаи 20, қисми 2 моддаи 21, қисми 3 моддаи 23, қисми 2 моддаи 24, сархати якуми қисми 1 моддаи 26, сархатҳои сеюм, чорум ва даҳуми моддаи 27, сархати сеюми моддаи 29, сархатҳои панҷум ва шашуми моддаи 30, сархати сеюми қисми 8 ва қисми 9 моддаи 38, сархатҳои дуюм  сеюм ва чоруми қисми 1 моддаи 39, сархати якуми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 42,  қисмҳои 1 ва 3 моддаи 43, номи модда, сархатҳои дуюм,  чорум, панҷум, ҳафтум, ҳаштум, даҳуми қисми 1, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 44, қисми 1 моддаи 45,  матни моддаи 47, қисмҳои 1,3,4 ва 5 моддаи 49, моддаи 50, сархати якуми қисми 5 моддаи 51, қисми 3 моддаи 53, қисми 2 моддаи 56, матни моддаи 66 калимаҳои «соли навбатии молиявӣ» ва «соли навбатии молиявиро» мувофиқан ба калимаҳои «соли молиявии навбатӣ» ва «соли молиявии навбатиро» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 8:
- дар сархати чорум калимаҳои «баробарии (мувозинати) буҷетҳо» ба калимаҳои «мувозинати буҷетӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати нуҳум калимаи «эътиборнокии» ба калимаи «эътимоднокии» иваз карда шавад.
5. Дар сархати сеюми қисми 3 моддаи 10 калимаи «фоиз» ба калимаи «фоизҳо» иваз карда шавад.
6. Дар сархати нуҳуми моддаи 15 калимаҳои «ба фондҳои мақсадноки давлатии сатҳҳои дигари низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «ба сатҳҳои дигари низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фондҳои мақсадноки давлатӣ» иваз карда шаванд.
7. Дар қисми якуми моддаи 16 калимаи «мешавад» ба калимаи «мешаванд» иваз карда шавад.
8. Номи боби 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«БОБИ 5. МУВОЗИНАТИ БУҶЕТҲО».
9. Дар қисми 3 моддаи 21 калимаи «наметавонад» ба калимаи «наметавонанд»  иваз карда шавад.
10. Дар номи моддаи 22 калимаҳои «Қарзи давлатӣ» ба калимаҳои «Қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда  шаванд.
11.  Ба қисми 1 моддаи 23 пас аз калимаҳои «мақомоти идоракунии фондҳои мақсадноки давлатӣ» калимаҳои «, ки дар раванди буҷетӣ ба амал меоянд,» илова карда шаванд;
12. Дар сархати сеюми қисми 1 моддаи 24 калимаҳои «пур кардани» ба калимаи «пӯшонидани» иваз карда шаванд.
13. Дар сархати шашуми моддаи 25 калимаи «субъектони» ба калимаҳои «субъектҳои низоми» иваз карда шавад.
14. Ба сархати якуми моддаи 27 пас аз калимаи «ягонаи» калимаи «давлатии» илова карда шавад.
15. Аз моддаи 28 сархати сеюм хориҷ карда шавад.
16. Ба моддаи 29 сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- маблағҳои буҷетиро мутобиқи гурӯҳбандии буҷетӣ тақсим намуда, барои истифодаи босамари онҳо масъул мебошанд;».
17. Дар моддаи 30:
- ба сархати якум пас аз калимаи «сиёсати» калимаи «давлатии» илова карда шавад;
- дар сархати ҳаштум калимаи «ҷамъбасти» ба калимаи «ҷамъбастии» иваз карда шавад.
18. Дар қисми 1 моддаи 36 калимаи «ҳисоботи» ба калимаи «ҳисобии» иваз карда шавад.
19. Дар моддаи 38:
- дар қисмҳои 1, 2, 3 ва сархати якуми қисми 8 пас аз калимаи «сиёсати» калимаи «давлатии» илова карда шавад;
- дар қисми 2 калимаҳои «инчунин метавонад дар бораи нашри онҳо қарор қабул намояд» ба калимаҳои «инчунин дар бораи нашри онҳо қарор қабул менамояд» иваз карда шаванд.
- дар қисми 3 калимаи «ва» пеш аз калимаи «Вазорати» хориҷ карда шавад.
20. Ба қисми 1 моддаи 41 пас аз калимаҳои «таъминоти буҷетӣ» калимаҳои «, дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва самтҳои афзалиятноки барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо» илова карда шаванд.
21. Ба  ҷумлаи дуюми матни моддаи 47 пас аз калимаи «иқтисодиёт» калимаҳои «бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда, андозаи маблағҳо барои фонди стабилизатсионӣ» илова карда шуда, калимаи «муайян» ба калимаи «муқаррар» иваз карда шавад.
22. Дар номи моддаи 49 калимаи «Асосҳои» ба калимаи «Тартиби» иваз карда шавад.
23. Ба қисми 1 моддаи 51 пас аз калимаҳои «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд.
24. Дар ҷумлаи дуюми моддаи 58 калимаҳои «идоракунии буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатиро ба зимма доранд» ба калимаҳои «буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатиро идора мекунанд» иваз карда шаванд.
25. Дар  моддаи 62:
- қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти иҷрои буҷети давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи семоҳа пешниҳод менамояд. Мақомоти молия дар маҳалҳо бо тартиби муқарраргардида оид ба ҷамъбасти иҷрои буҷети маҳаллӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳисоботи семоҳа пешниҳод менамоянд.»;
-  қисмҳои 4 ва 5 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«4. Дар ҳисоботи семоҳа оид ба иҷрои буҷети давлатӣ маълумоти зерин дарҷ карда мешаванд:
- нишондиҳандаҳои воқеии даромад, грант ва қарзҳои давлатии дар давоми се моҳ гирифташуда;
- хароҷоти буҷетӣ мутобиқи гурӯҳбандии вазифавӣ ва иқтисодии буҷетӣ аз нуқтаи назари ҳаҷми аниқшудаву тасдиқгардида ва нишондиҳандаҳои воқеӣ;
- ҳисобот оид ба ҳолати қарзи беруна;
- ҳисобот оид ба нишодиҳандаҳои макроиқтисодӣ.
5. Дар ҳисоботи семоҳа оид ба иҷрои буҷети маҳаллӣ маълумоти зерин дарҷ карда мешаванд:
 - нишондиҳандаҳои воқеӣ аз рӯи даромадҳо;
- хароҷоти буҷет аз нуқтаи назари ҳаҷми аниқшудаву тасдиқгардида ва нишондиҳандаҳои воқеӣ.»;
- қисми 4 мувофиқан қисми 6 ҳисобида шавад.».
 Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе 14 майи соли 2016, № 1316


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 6 апрели соли 2016, № 410

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ  намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷи­кистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 5 майи соли 2016,  № 230


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20-23.05.2016    №: 96,98    Мутолиа карданд: 2225
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед