logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5, №3, мод. 153, №7, мод. 547, №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод.431, №7-8, мод. 610, №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ. 1,  мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, №7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, №3, мод. 201, №7-9, мод. 707, мод.708, №11, мод. 955, №12, қ. 1, мод. 1108; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти 2016, №1277; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти 2016, №1278; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти 2016, №1279), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 472:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои «аз се то ҳафт» ба калимаҳои «аз ҳафт то дувоздаҳ» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои «аз даҳ то понздаҳ» ба калимаҳои «аз бист то сӣ» иваз карда шаванд. 
2. Дар санксияи моддаи 570 калимаҳои «аз як то се» ба калимаҳои «аз даҳ то бист» иваз карда шаванд.
3. Дар санксияи қисми 2 моддаи 572 калимаҳои «аз даҳ то бист» ва «аз сӣ то чил» мувофиқан ба калимаҳои «аз бист то сӣ» ва «аз чил то панҷоҳ» иваз карда шаванд.
4. Дар санксияи моддаи 573 калимаҳои «аз се то панҷ» ба калимаҳои «аз панҷ то даҳ» иваз карда шаванд.
5. Дар санксияи моддаи 574 калимаҳои «аз ҳафт то даҳ» ба калимаҳои «аз даҳ то бист» иваз карда шаванд.
6. Дар санксияи моддаи 575 калимаҳои «аз даҳ то бист» ба калимаҳои «аз бист то сӣ» иваз карда шаванд.
7. Дар санксияи моддаи 576 калимаҳои «аз се то ҳафт» ба калимаҳои «аз панҷ то даҳ» иваз карда шаванд.
8. Дар санксияи моддаи 577 калимаҳои «ба шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз нисф то дукаратаи»  ба калимаҳои «ба шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор ба андозаи аз нисф то яккарата ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз як то дукаратаи»  иваз карда шаванд.

9. Дар моддаи 578:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои «ба шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз нисф то дукаратаи» ба калимаҳои «ба шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор ба андозаи аз нисф то яккарата ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз як то дукаратаи»  иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои «ба шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз нисф то дукаратаи» ба калимаҳои «ба шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор ба андозаи аз нисф то яккарата ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз як то дукаратаи» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 3 калимаҳои «аз як то се» ба калимаҳои «аз панҷ то даҳ» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 4 калимаҳои «аз панҷ то даҳ» ба калимаҳои «аз даҳ то бист» иваз карда шаванд.
10. Дар санксияи моддаи 579  калимаҳои «аз сӣ то чил» ва «аз дусад то сесад» мувофиқан ба калимаҳои «аз чил то панҷоҳ» ва «аз сесад то чорсад» иваз карда шаванд.
11. Дар санксияи моддаи 580 калимаҳои «аз панҷ то даҳ», «аз бист то сӣ» ва «аз сад то дусад» мувофиқан ба калимаҳои «аз даҳ то бист», «аз сӣ то чил» ва «аз дусад то дусаду панҷоҳ» иваз карда шаванд.
12. Дар санксияи моддаи 581 калимаҳои «аз панҷ то даҳ» ба калимаҳои «аз даҳ то бист» иваз карда шаванд.
13. Дар моддаи 582:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои «аз даҳ то бист», «аз сӣ то чил» ва «аз дусад то сесад» мувофиқан ба калимаҳои «аз бист то сӣ», «аз чил то панҷоҳ» ва «аз дусад то дусаду панҷоҳ» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои «аз се то панҷ» ва «аз даҳ то бист» мувофиқан ба калимаҳои «аз даҳ то бист» ва «аз бист то сӣ» иваз карда шаванд.
14. Дар санксияи моддаи 583 калимаҳои «аз ҳафт то даҳ», «аз сӣ то чил» ва «аз сад то дусад» мувофиқан ба калимаҳои «аз даҳ то бист», «аз чил то панҷоҳ» ва «аз дусад то дусаду панҷоҳ» иваз карда шаванд.
15. Моддаи 584 хориҷ карда шавад.
16. Дар моддаи 585:
- дар санксияи қисми 1 калимаи «нисф» ба калимаи «як» иваз карда шавад;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои «аз се то панҷ», «аз ҳафт то даҳ» ва  «аз панчоҳ то сад» мувофиқан ба калимаҳои «аз даҳ то бист», «аз бист то бисту панҷ» ва «аз сад то яксаду панҷоҳ» иваз карда шаванд.
17. Дар санксияи моддаи 586 калимаҳои «аз се то панҷ», «аз ҳафт то даҳ» ва «аз панчоҳ то сад» мувофиқан ба калимаҳои «аз даҳ то бист», «аз бист то бисту панҷ» ва «аз сад то яксаду панҷоҳ» иваз карда шаванд.
18. Дар санксияи моддаи 587 калимаҳои «аз панҷ то даҳ», «аз понздаҳ то бист» ва «аз сад то дусад» мувофиқан ба калимаҳои «аз даҳ то бист», «аз бист то бисту панҷ» ва «аз яксаду панҷоҳ то дусаду панҷоҳ»  иваз карда шаванд.
19. Дар санксияи моддаи 588 калимаҳои «аз се то ҳафт», «аз бист то сӣ» ва «аз панҷоҳ то сад» мувофиқан ба калимаҳои «аз даҳ то бист», «аз сӣ то чил» ва «аз сад то яксаду панҷоҳ» иваз карда шаванд.
20. Дар санксияи моддаи 589 калимаҳои «аз панҷ то даҳ», «аз даҳ то бист» ва «аз сад то дусад» мувофиқан ба калимаҳои «аз даҳ то бист», «аз бист то бисту панҷ» ва «аз дусад то дусаду панҷоҳ» иваз карда шаванд.
21. Дар санксияи моддаи 590 калимаҳои «аз ду то се», «аз даҳ то бист» ва «аз панҷоҳ то сад» мувофиқан ба калимаҳои «аз даҳ то бист», «аз бист то бисту панҷ» ва «аз сад то яксаду панҷоҳ» иваз карда шаванд.
22. Дар санксияи моддаи 591 калимаҳои «аз даҳ то бист» ва «аз панҷоҳ то сад» мувофиқан ба калимаҳои «аз бист то бисту панҷ» ва «аз сад то яксаду панҷоҳ» иваз карда шаванд.
23. Дар санксияи моддаи 592 калимаҳои  «аз даҳ як то нисфи» ба калимаҳои «аз нисф то яккаратаи» иваз карда шаванд.
24. Дар моддаи 593:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои «ба шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи» ба калимаҳои «ба шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор ба андозаи аз нисф то яккарата ва шахсони ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои «аз панҷ то даҳ» ба калимаҳои  «аз даҳ то бист» иваз карда шаванд.
 25. Дар моддаи 594:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои «ба шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи» ба калимаҳои «ба шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор ба андозаи аз нисф то яккарата ва шахсони ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои «аз се то панҷ», «аз ҳафт то даҳ» ва «аз сад то яксаду панҷоҳ» мувофиқан ба калимаҳои «аз бист то бисту панҷ», «аз бисту панҷ то сӣ» ва «аз яксаду панҷоҳ то дусад» иваз карда шаванд.
26. Аз санксияи қисми 1 моддаи 595 калимаи «се» хориҷ карда шавад.
27. Аз санксияи моддаи 596 калимаи «се» хориҷ карда шавад.
28. Аз санксияи моддаи 597 калимаҳои «се» ва «бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» хориҷ карда шаванд.
29. Санксияи моддаи 598 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз як то дукаратаи андоз ва пардохтҳои супориданашуда ҷарима таъин карда мешавад.».
30. Дар моддаи 602:
- матни модда қисми 1 ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Барои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ додани маблағҳои пулӣ барои пардохти даромад дар шакли музди меҳнат бе пешакӣ ба буҷет аз ҷониби андозсупоранда (агентҳои андоз) гузаронидани маблағи андоз аз даромад ва андози иҷтимоие, ки ба ҳамин маблағҳои пулӣ алоқаманд аст, -
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз шаст то ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду шаст то яксаду ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
31. Дар моддаи 615:
- дар номи модда пас аз калимаи «фискалӣ» калимаҳои «, терминалҳои электронӣ» илова карда шаванд;
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо,-
 ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то яксаду шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду шаст то яксаду ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
32. Дар моддаи 616 рақамҳои «38, 47, 74, 76 ва 77» мувофиқан ба рақамҳои «19, 27, 54, 56 ва 57» иваз карда шаванд.
33. Ба диспозитсияи моддаи 618 пас аз калимаҳои «шахси ҳуқуқӣ» калимаҳои «ё ҳамчун иштирокчӣ ва ё саҳмдор ворид шудан ба шахси ҳуқуқӣ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ ва қисми 31 моддаи 1 Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 майи соли 2016, №1310


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          Ш.  ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 6 апрели соли 2016, №396

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бар­расӣ  намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.  УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 5 майи соли 2016, №224


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20-23.05.2016    №: 96,98    Мутолиа карданд: 2106
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед