logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 505; с. 2003, №12, мод. 683; с. 2004. №7, мод. 455; с. 2005, №3, мод. 127; ­с. 2008, №3, мод. 190, №12, қ. 1, мод. 987; с. 2010, №7, мод. 552, №12, қ. 1, мод. 810; с. 2011, №6, мод. 443; с. 2012, №4, мод. 255, №7, мод. 716, №12, қ. 1, мод. 1018; с. 2013, №7, мод. 507, №12, мод. 880; с. 2015, №11, мод. 951, мод. 952; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2016, №1276), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 2 моддаи 14 калимаи «ҳамагонӣ» ба калимаҳои «умумии асосӣ» иваз карда шавад.
2. Дар қисми 4 моддаи 16 калимаи «сеюми» ба рақами «3» иваз карда шавад.
3. Дар қисми 3 моддаи 17 калимаи «асноди» ба калимаи «санадҳои» иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 19:
- дар қисми 3 калимаи «сеюми» ба рақами «3»  иваз карда шавад;
- дар қисми 4 калимаи «назорати» ба калимаи «назорат» иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 24:
- дар қисмҳои 2, 3 ва 4 калимаи «якуми» ба рақами «1» иваз карда шавад;
- аз қисми 4 калимаҳои  «мубталои бемории сил ё» хориҷ карда шаванд.
6. Дар қисми 2 моддаи 29 калимаи «умум» ба калимаи «омма» иваз карда шавад.
7. Дар қисми 2 моддаи 295 ва қисми 4 моддаи 30 калимаҳои «панҷуми» ва «якуми» мувофиқан ба рақамҳои «5» ва «1» иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 31:
- дар қисми 1 калимаи «дуюми» ба рақами  «2» иваз карда шавад;
- дар қисми 2 калимаҳои «панҷум ва нӯҳуми» ба рақамҳо ва калимаи «5) ва 9)» иваз карда шаванд.
9. Дар қисми 2 моддаи 42 ва қисми 7 моддаи 43 калимаҳои «якуми» ва «сеюми» мувофиқан ба рақамҳои «1» ва «3»  иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 47:
- дар қисми 3 калимаи «якуми» ба рақами «1»  иваз карда шавад;
- дар қисми 5 калимаи «сеюми» ба рақами «3»  иваз карда шавад.
11. Дар қисми 4 моддаи 53 ва қисми 1 моддаи 55 калимаи «маълумоти» ба калимаи «таҳсилоти» иваз карда шавад.
12. Дар моддаи 58:
- дар қисми 2 калимаи «якуми» ба рақами «1»  иваз карда шавад;
- дар қисми 6 калимаи «сеюми» ба рақами «3»  иваз карда шавад.
13. Дар қисми 3 моддаи 71 калимаҳои «якум ва чоруми» ба рақамҳо ва калимаи «1 ва 4» иваз карда шаванд.
14. Дар моддаи 86:
- дар қисми 3 калимаи «якуми» ба рақами «1»  иваз карда шавад;
- дар қисми 4 калимаҳои «дуюми»  ва «сеюми»  мувофиқан ба рақамҳои «2» ва «3» иваз карда шаванд.
15. Дар банди б) қисми 1 моддаи 98 ва қисми 1 моддаи 111 калимаҳои «дуюми» ва «чоруми» мувофиқан ба рақамҳои «2» ва «4» иваз карда шаванд.
16. Дар қисми 3 моддаи 115 калимаи «маълумот» ба калимаи «таҳсилот» иваз карда шавад.
17. Дар қисми 6 моддаи 116  калимаи «сеюми» ба рақами «3» иваз карда шавад.
18. Дар моддаи 117:
- дар қисми 1 калимаҳои «(пурра) ҳамагонӣ» ба калимаи «умумӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои «(пурра) ҳамагонии асосиро» ба калимаҳои «умумиро» иваз карда шаванд;
- ба қисми 5 пас аз калимаҳои «омӯзгорони муассисаҳои» калимаи «таълимии» илова карда шавад;
- дар қисми 6 калимаҳои «(пурра) ҳамагонӣ» ва «додани муассисаҳои» мувофиқан ба калимаҳои «умумӣ» ва «додани муассисаҳои таълимии» иваз карда шаванд.
19. Дар қисми 3 моддаи 118 калимаи «дуюми» ба рақами «2» иваз карда шавад.
20. Дар моддаи 120:
- дар қисми 2 калимаҳои «бандҳои «д» ва «е» қисми якуми» ба калимаҳо ва рақами «бандҳои д) ва е) қисми 1» иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаи «чоруми» ба рақами «4» иваз карда шавад.
21. Дар қисми 3 моддаи 121 калимаҳои «банди «б» қисми якуми» ба калимаҳо ва рақами «банди б) қисми 1» иваз карда шаванд.
22. Дар қисми 3 моддаи 122 калимаҳои «якум ва дуюми» ва «бандҳои «г», «д», «е» қисми якуми» мувофиқан ба рақамҳо ва калимаҳои «1 ва 2» ва  «бандҳои г), д) ва е) қисми 1» иваз карда шаванд.
23. Дар қисми 1 моддаи 124 калимаҳои «банди «б» қисми якуми»  ба калимаҳо ва рақами «банди б) қисми 1» иваз карда шаванд.
24. Дар қисми 2 моддаи 127, қисми 2 моддаи 129 ва  қисми 2 моддаи 131 калимаи «ҳафти» ба рақами «7)» иваз карда шавад.
25. Дар қисми 2 моддаи 133, қисми 6 моддаи 135 ва моддаи 137 калимаҳои «якуми», «панҷуми» ва «сеюми» мувофиқан ба рақамҳои «1», «5» ва «3» иваз карда шаванд.
26. Дар моддаи 142 калимаҳои «бандҳои «а», «б» «в», «г» ва «д» қисми якуми» ба калимаҳо ва рақами «бандҳои  а), б), в), г) ва д) қисми 1» иваз карда шаванд.
27. Дар моддаи 144 калимаҳои «бандҳои «а», «б» ва «в» қисми якуми» ба калимаҳо ва рақами «бандҳои  а), б) ва в) қисми 1»  иваз карда шаванд.
28. Дар қисми 2 моддаи 149 калимаи «ҳамагонӣ» ба калимаи «умумӣ» иваз карда шавад.
29. Дар қисми 1 моддаи 199 пас аз калимаи «оинномавии» калимаи «(шариконаи)» илова карда шуда, калимаҳои «идоракунии эътимодӣ» ба калимаҳои «идораи ба боварӣ асосёфта» иваз карда шаванд.
30. Ба қисми 2 моддаи 200 пас аз калимаи «оинномавии» калимаи «(шариконаи)» илова карда шавад.
31. Дар қисми 10 моддаи 209, қисми 2 моддаи 220 ва қисми 2 моддаи 226  калимаҳои «сеюми», «якуми» ва «чоруми» мувофиқан ба рақамҳои «3)», «1» ва «4» иваз карда шаванд.
32. Дар банди 12 Замимаи Кодекс  калимаи «байналхалқӣ» ба калимаи «байналмилалӣ» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 майи соли 2016, № 1307


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 30 марти соли 2016, № 393 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»-ро бар­расӣ намуда, қарор мекунад:   
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон           М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 5 майи соли 2016, № 221


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20-23.05.2016    №: 96,98    Мутолиа карданд: 1683
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед