logo

маориф

ЗАБОНДОНӢ ВА ФАРҲАНГИ МУОШИРАТ

Ҷои қаноатмандии мо, омӯзгорон аст6 ки бо саъю эҳтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол заминаҳои моддӣ - техникии муассисаҳои таҳсилот устувортар ва доираи истифодаи технологияи иттилоотӣ - коммуникатсионӣ васеътар мешавад. Батадриҷ синфхонаҳои таълимӣ бо проектор, ноутбук, компютер, тахтаҳои электронӣ ва дигар таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мегарданд.

Хонандаи имрӯза аз марҳалаи ибтидоии таҳсилот малакаи истифодаи компютери шахсиро пайдо мекунад. Аз ин лиҳоз, омӯзгор муваззаф аст, ки дар ҷараёни омӯзондани шогирдон аз технологияи муосири интерактивӣ моҳирона истифода барад, то ки дар хонандагон қобилияти кор кардан бо системаҳои электронии ҳисобкунӣ ва иттилоотиро  ташаккул дода тавонад.
Усули истифодаи самарабахш ва саривақтии технологияи иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар машғулиятҳои дарсӣ барои ҳар ду тараф - хонанда ва омӯзгор самараи хуберо ба бор меорад. Бо ин роҳ хонандагон имкони мустақилона коркард намудани иттилооти дарёфтнамударо пайдо мекунанд ва  роҳи дурусти ҳаллу фасли масъаларо интихоб карда метавонанд.  
Тайи чанд соли охир шаклҳои имтиҳони хатмкунандагон, гуногун гардида, тестикунонии марказонидашуда ба вуҷуд омад ва ин зарурати ба хонандагон ёд додани тарзи дурусти иҷрои супоришҳои тестиро ба миён гузошт. Бо истифода аз низоми муназзами тестҳои компютерӣ, ки имкони таҳти назорат гирифтани сатҳи азхудкунии имло, истифодаи аломатҳои китобатӣ, инчунин ошкор намудани сабаби иштибоҳот ва пешниҳоди тавсияҳо ҷиҳати роҳ надодан ба хатогиҳои минбаъдаро медиҳад, вазифаҳои омӯзгорон низ дигаргун шудааст.
Дар раванди таълим ба омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус чун омӯзгорони дигар фанҳо лозим меояд, ки чун анъана ба манбаъҳои гуногуни илмӣ - иттилоотӣ: қомусҳо, фарҳангҳо, маълумотномаҳо муроҷиат намояд. Тавассути истифодаи технологияҳои иттилоотии муосир суръат ва сифати дарёфти манбаъҳои номбурда комилан беҳбудӣ ёфтааст. Зеро ки ҷойи китобхонаи анъанавиро маводи илмӣ - иттилоотии электронӣ гирифтааст ва ин боиси сарфа гардидани вақти омӯзгору хонанда мегардад. 
Аз ҷониби дигар, мавриди истифода қарор гирифтани технологияи номбурда ба омӯзгор роҳу усулҳои муосиру самарабахшии таълимро мекушояд.
Усули номбурда сатҳу сифати ҷараёни донишандӯзию забондонӣ, фарҳанги зеҳнию кори ақлонии хонандагонро ташаккул медиҳад, малакаи диққатдиҳӣ, фаъолияти эҷодӣ ва интизомнокии онҳоро муназзам менамояд, фарҳанги муоширатро рушд медиҳад.
Бо вуҷуди ин, бархе аз омӯзгорони фанҳои ҷомеашиносӣ ба истифодаи технологияи иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар ҷараёни таълим диди шубҳаангез доранд. Иддае аз омӯзгорон ба масъалаи истифодаи технологияи компютерӣ ба қавле “эҳтиёткорона” муносибат мекунанд ва то андозае ҳарос ҳам доранд.
Ба андешаи ман, ҳароси ҳамкасбонам ягон асос надорад. Истифодаи дурусти технологияҳои муосир ҳам барои хонандагон ва ҳам барои омӯзгорон хеле ҷолиб ва шавқовар мебошад. 
Вазифаҳои омӯзгор тавассути  истифодаи технологияи иттилоотӣ дар хонандагон ташаккул додани маҳорату малакаи устувори имлоӣ ва истифодаи аломатҳои китобатӣ, амиқан дарк ва истифодабарии меъёрҳои забони адабӣ ва ба хонандагон фаҳмонда додани мафҳумҳои соҳавӣ мебошанд.
Технологияи иттилоотӣ - коммуникатсиониро метавон дар тамоми бахшҳои  дарс: пурсиши вазифаи хонагӣ, баёни мавзӯи нав, мустаҳкамкунӣ, такрор, инчунин дар машғулиятҳои факултативӣ, корҳои берун аз синф ва фаъолияти тадқиқотӣ истифода бурд. Тавъамсозии раванди кор бо компютер ва муҳокимаву муоширати байни худи хонандагон ва омӯзгору хонандагон дар ҷараёни машғулиятҳои дарсӣ аз як тараф муҳити созгореро барои азхудкунии забон фароҳам меоварад, аз тарафи дигар боиси пайдо шудан ва батадриҷ ташаккул ёфтани одобу фарҳанги муоширати хонандагон тавассути забони омӯхташаванда мегардад.
Ҳаёти имрӯзаи  ҷомеаи ҷаҳонӣ бо раванди ҷаҳонишавиаш аз омӯзгороне, ки ба таълиму тадриси забону адабиёти ватанӣ ва хориҷӣ сарукор доранд, шеваҳои нави фаъолиятро, ки  натиҷаҳои ниҳоии онҳо ҳатман ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ бояд бошанд, тақозо дорад.
Аз ин рӯ, мо омӯзгорон дар ҳамдастӣ бо падару модарон, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ бо истифода аз неруи тавонои технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ барои шогирдон сари вақт, дар айёми наврасии онҳо бояд муҳити мусоиди забономӯзиву забондонӣ ва ташаккули фарҳанги муоширатро фароҳам гардонем.    
Манзура МАВЛОНАЗАРОВА,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти руси гимназияи № 74 шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2016    №: 100    Мутолиа карданд: 3187
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед