маориф
ТАҶЛИЛИ «ЗАНГИ КАМОЛОТ» ДАР ҶУМҲУРӢ МАНЪ ШУД
24 майи соли ҷорӣ қарори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба тасвиб расид, ки таҷлили «Занги камолот» - ро барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 – и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи кишвар манъ кард.
Дар қарор, аз ҷумла омадааст: «Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ (сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ) гузарондани чорабинии «Занги камолот» барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 манъ карда шавад».
Эҳсони Хушбахт, котиби матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, дар суҳбат зикр кард, ки мақсад аз қабули қарор риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Бо қабули ин қарор мудирони шуъбаҳои маорифи кишвар вазифадор шудаанд, ки дар ҷаласаҳои худ иҷрои саривақтӣ ва ҳатмии онро таъмин намоянд.
Ёдовар мешавем, ки тайи чанд соли охир таҷлили «Занги камолот» дар макотиби миёна ба маъракаи бошукӯҳ табдил ёфта, бо харҷи зиёд сурат мегирифт.
Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.05.2016 №: 101 Мутолиа карданд: 2843