суханрониҳо
Cуханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон, шаҳри Душанбе, 27 майи соли 2016
Муҳтарам аъзои Шӯро!
Ҳозирини гиромӣ!
Нахуст мехоҳам ҳамаи шумо - аъзои Шӯро ва дар шахсияти шумо ҳамаи ҷавонони кишварро бори дигар бо Рӯзи ҷавонон ва аввалин ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти мамлакат табрик намоям.
Ҳадаф аз таъсиси Шӯро дар ҳузури Президенти мамлакат мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Дар ин самт, пеш аз ҳама, моро зарур аст, ки дар муносибат бо ҷавонон усулҳои боз ҳам муассири ҳамкориро ҷорӣ намоем ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро бо ташкилоту созмонҳои ҷавонон тақвият бахшем. Дар ин замина аз имконоти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ истифода карда, ҷавононро ба корҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ ҳарчи бештар ҷалб намоем.
Аз ҷониби Президенти мамлакат роҳбарӣ намудани Шӯро намунаи олии эҳтиром ва эътимоди мақоми олии сиёсии кишвар ба ҷавонон мебошад. Чунин тарзи кор имкон медиҳад, ки пешниҳодоти ҷавонон ҳарчи бештар дастгирӣ ёбанд, мушкилоти дар ин самт мавҷуда сари вақт баррасӣ гардида, роҳу усулҳои фаъолияти минбаъдаи ҷавонон боз ҳам дақиқу мушаххас карда шаванд.
Бовар дорам, ки шӯроҳои дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо таъсисёфта, ки аз ҷониби раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо роҳбарӣ мешаванд, ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат менамоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонон заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварда шуд. Дар ин давра дар самти дастгирии ҷавонон санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардида, самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шуданд.
Махсусан, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» собит сохт, ки Ҳукумат дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расонидани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад.
Ба хотири расидан ба ин ҳадафи олӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ як қатор барномаҳои давлатӣ доир ба дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон қабул карда шуданд, ки ҳар кадоме аз ин санадҳо дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши муҳим бозиданд.
Дар ин давра «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2018», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» қабул гардиданд, ки ҳамаи онҳо, дар маҷмӯъ, барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда, мавқеи ҷавононро дар ҷамъият боз ҳам устувор гардониданд.
Ин санадҳои муҳими давлатӣ ҷалби ҷавононро ба корҳои созанда вусъат бахшида, иштироки фаъолонаи онҳоро дар бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон таъмин намуданд, ки ҳамаи ин аз баракати соҳибистиқлолӣ ба даст омадааст.
Аз баракати Истиқлолияти давлатӣ имрӯз дидгоҳ ва ҷаҳонбинии ҷавонон ба куллӣ тағйир ёфта, сатҳи одобу маърифат ва муносибати онҳо ба зиндагӣ ва иштирокашон дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ бамаротиб беҳтар шудааст.
Аз вохӯриву суҳбатҳо ва таҳлили андешарониҳои ҷавонон хуб эҳсос мегардад, ки онҳо нисбат ба ҷавонони охири асри гузашта ба масъалаҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ назари ниҳоят фарох доранд. Баробари ин, ҷавонон дар раванди давлатсозӣ фаъолона иштирок карда, дуруст дарк менамоянд, ки ширкати фаъолона дар ин марҳалаи таърихӣ, пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад ва фардо худашон ин давлатро роҳбарӣ ва ободу зебо мегардонанд.
Дар баробари ин, ҷавонони мо таҳаввулоту равандҳои ҷаҳони муосирро дуруст дарку таҳлил намуда, техника ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро самаранок истифода мекунанд, дар таъсиси марказҳои ҷавонон, корхонаҳои хурду миёна, бунёди муассисаҳои варзишиву фароғатӣ фаъолона иштирок менамоянд. Инчунин, барои омӯзиши илму донишҳои муосир кӯшиш намуда, ба забономӯзӣ машғул мебошанд ва дар мусобиқаву озмунҳои минтақавию байналмилалӣ ширкат карда, барои гирифтани шаҳодатномаҳои муаллифӣ доир ба ихтироъкорӣ саъю талош менамоянд.
Ҷавонони мо бо мақсади аз худ кардани ихтисосҳои замонавие, ки дар оянда барои манфиати иқтисоди миллии мо заруранд, дар мактабҳои олии кишварҳои гуногуни олам таҳсил карда истодаанд. Ҳоло шумораи донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии хориҷи кишвар беш аз 30 ҳазор нафар мебошад.
Мо, албатта, бо дастовардҳои ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишварамон ифтихор мекунем. Ва бо қаноатмандӣ изҳор медорем, ки истиқлолият роҳи ҷавононро ба сӯи бунёдкориву созандагӣ боз кард ва замина гузошт, ки онҳо дар рушду инкишофи мамлакат саҳми назаррас ва шоиста дошта бошанд.
Ба андешаи мо, Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун арзишмандтарин дастоварди миллӣ манфиатҳои ҷавононро бештар ҳимоя карда, орзуву омоли онҳоро дар ҳаёт амалӣ месозад ва барои кору зиндагии шоиста, яъне фардои ободу осудаи ҷавонон шароиту заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
Давлату Ҳукумат ба ҷавонон ҳамчун неруи созанда муносибат намуда, нақши онҳоро дар пешрафти кишвар басо муҳим ва арзанда мешуморанд. Ҷавонони худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарвари мо дар ҳамаи ҷабҳаву самтҳо ташаббус нишон дода, дар арсаи байналмилалӣ нуфузу обрӯи Ватани маҳбубамонро баланд мебардоранд.
Дар марҳалаи навини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварамон ҷалби неруи ҷавонон, хусусан, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумат ниҳоят муҳим мебошад. Мо иштироки фаъоли ҷавононро дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ҳамеша ҷонибдорӣ мекунем ва ҷалби ин қувваи фаъоли ҷомеаро барои устувор гардонидани рукнҳои давлатдории навин аз ҷумлаи масъалаҳои аввалиндараҷа мешуморем.
Мо чунин фаъолияти муваффақонаи ҷавононро дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ба инобат гирифта, масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ кардем ва бояд гуфт, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҷавонон аз ҳама бештар ба ҷонибдории ин ҳуҷҷати тақдирсоз раъй доданд.
Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда барои фаъолияти ҷавонон майдони боз ҳам фарох мекушоянд ва ҷиҳати иштирок дар идоракунии давлат ва интихоб ба мақоми роҳбарии шохаҳои ҳокимият заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Бовар дорам, ки минбаъд дар мамлакат сафи ҷавонони фаъолу ташаббускор боз ҳам бештар мегардад ва саҳми онҳо дар роҳи беҳбуд бахшидани ҳаёти ҷомеа ва рушди устувори мамлакат бамаротиб меафзояд. Ин неруи созанда имрӯз аз амнияти давлату ҷомеа, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ҷавонмардона ва далерона ҳимоят менамояд ва дар дифоъ аз Ватани маҳбубамон шуҷоату далерӣ ва устувориву иродаи матин нишон медиҳад.
Имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат беш аз 87 фоизро ҷавонон ташкил намуда, онҳо бо ҳисси баланди ватандорӣ ва ору номуси баланди миллӣ ба Ватан ва халқи Тоҷикистон хизмат мекунанд ва номбардорони падару модар ва халқу Ватани маҳбубамон мебошанд.
Ҷавонони мо варзишро гарави саломатӣ дониста, барои пешбурди тарзи ҳаёти солим саъю талош мекунанд. Як қисми онҳо дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намуда, парчами Тоҷикистони азизро баланд мебардоранд. Вале бояд гуфт, ки ҳоло ҳам дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ва маҳаллаву деҳот майдону толорҳои варзишӣ намерасанд ё тамоман вуҷуд надоранд. Қисми дигарашон ба талаботи одитарин ҷавобгӯ набуда, таъмирталаб мебошанд ва бо таҷҳизоти варзишӣ таъмин нестанд.
Аз ин рӯ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бори дигар вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо соҳибкорон ва бо ёрии худи ҷавонон ҷиҳати бунёди майдону толорҳои варзишӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба солимгардонии ҷомеа, оммавигардонии варзиш ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд ва тавассути воситаҳои ахбори омма тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солимро васеъ ба роҳ монанд.
Имрӯз барои рушди сайёҳӣ шароити бештар муҳайё шудааст. Як қисми марказҳои сайёҳӣ аз ҷониби худи ҷавонон таъсис ёфта, ин соҳаи муҳим дар мамлакат сол ба сол тараққӣ карда истодааст. Аммо дар муқоиса бо кишварҳои дигар инфрасохтори сайёҳӣ дар кишвар то ба ҳол дуруст рушд накардааст ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест.
Дар мамлакат барои сайёҳон ҳанӯз меҳмонхонаҳои муосири хурду миёна, марказҳои фаъоли сайёҳӣ, нуқтаҳои кӯҳгардӣ ва техникаву таҷҳизоти ҳозиразамон намерасанд.
Вобаста ба ин, ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои пешрафти сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори замонавӣ чораҳои зарурӣ андешида, тавассути тараққӣ додани ин соҳаи муҳим ба муҳайё кардани ҷойҳои иловагии корӣ мусоидат намоянд.
Дӯстони азиз!
Бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доим омода бошанд.
Ҷавонони соҳибкасбу ихтисосманди мо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати давлату Ҳукумат боқӣ мемонад.
Яке аз роҳҳои асосии ҳалли ин масъала таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дар саросари кишвар буда, бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, марказҳои соҳибкорӣ, таъсиси бизнес-инкубаторҳо, паркҳои технологӣ ва дигар коргоҳҳои хурду миёна вазифаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин соҳибкорон мебошад.
Барои амалӣ гардидани ташаббусҳои ҷавонон, пеш аз ҳама, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохтору мақомоти дахлдори марказӣ ва бонкҳои саҳомиро зарур аст, ки ба ҷавонон грантҳои алоҳида ҷудо намоянд ва бо ҳамин роҳ ба рушди соҳибкории хурду миёна кумак расонанд.
Дар баробари ин, ташкили корҳои хонагӣ аз қабили ресандагиву бофандагӣ, қолинбофиву зардӯзӣ ва дигар навъҳои косибӣ, таъсиси марказҳои нави касбомӯзӣ дастгирии фаъолияти соҳибкории хурду миёна аҳамияти хоса дорад.
Ҳамчунин, зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаву олии касбӣ ва тарбияи мутахассисони баландихтисос эътибори аввалиндараҷа дода шавад. Дар баробари ин, механизми татбиқи сиёсати давлатиро доир ба таъминоти кадрӣ аз ҳисоби ҷавонон ва занон такмил бахшида, барои ҷалби онҳо ба хизмати давлатӣ, корҳои роҳбарикунандаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ чораҳои иловагӣ андешидан зарур аст.
Тибқи маълумоти оморӣ имрӯз дар мамлакат беш аз 44 фоизи хизматчиёни давлатиро ҷавонони то 35 - сола ташкил медиҳанд. Шумораи занон дар мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 16 фоиз, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 21 фоиз, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот 21 фоиз мебошад, ки ин рақамҳо ҳанӯз каманд.
Мо пешниҳод карда будем, ки ба кори муассисаҳои бонкӣ бештар занону бонувон ба кор ҷалб карда шаванд. Аз таҳлили маълумоти оморӣ маълум мешавад, ки ин супориш пурра иҷро нашудааст. Бинобар ин, роҳбарони бонкҳои давлативу саҳомӣ ва сохторҳои маҳаллии онҳоро зарур аст, ки камбудии ҷойдоштаро бартараф намуда, кормандонашонро аз ҳисоби бонувон бештар намоянд.
Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки аз миёни ҷавонон шахсони боистеъдоду болаёқат, донишманду ташаббускор, забондон ва аз нигоҳи сиёсӣ устуворро пайдо карда, онҳоро тарбия намоем ва ба вазифаҳои масъул пешбарӣ кунем.
Бо ин мақсад зарурати дар солҳои минбаъда такмил бахшидани фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон пеш омадааст ва тақозо мегардад, ки ба тарбияи хизматчиёни давлатии ҷавони фаъолу ташаббускор таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад, то ки онҳо тавассути курсҳои махсуси омӯзишӣ ва такмили ихтисос ба корҳои роҳбарикунанда омода карда шаванд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамзамон бо ин, масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи пос доштани таъриху фарҳанг ва арзишҳои ахлоқиву маънавии миллӣ диққати ҷиддиро талаб мекунад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе падару модарон ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии фарзандон бетарафӣ зоҳир намуда, гузашта аз ин, ба поймолшавии ҳуқуқ ва озодиҳои ҷавондухтарон дар таъмини таҳсилоти баробар роҳ медиҳанд.
Чунин муносибат сабаб гардидааст, ки иддаи ҷавонон аз таҳсилу касбомӯзӣ дур монда, ба амалҳои ношоиста даст мезананд.
Аз рӯи маълумоти мақомоти дахлдор беш аз 80 фоизи ҷинояткориҳои аз тарафи ноболиғону ҷавонон содиршуда ба шахсони бекор рост меояд. Чунин вазъ раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро водор месозад, ки бо мақсади муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ бештар кӯшиш намоянд ва якҷо бо мақомоти марказии давлатӣ ҷиҳати ба шуғл фаро гирифтани ҷавонону занони бекор тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Тибқи маълумот дар давоми солҳои 2014 - 2015 ва чор моҳи соли 2016 - ум беш аз 13 000 ҷинояти аз тарафи ҷавонон содиргардида ба қайд гирифта шудааст, ки аз шумораи умумии ҷиноятҳо 26 фоизро ташкил медиҳад. Ҳарчанд ки тамоюли кам шудани ҷиноятҳо дар чаҳор моҳи охири соли равон аз ҳисоби ҷавонон ба мушоҳида мерасад, вале ин бояд боиси қаноатмандӣ нагардад.
Аз ин лиҳоз, роҳбарони аввали мақомоти марказӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки миёни ноболиғон ва ҷавонон корҳои тарбиявӣ ва пешгирикунандаро вусъат бахшанд ва барои ба шуғл фаро гирифтани онҳо ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
Махсусан, дар ин самт корро дар деҳот ҷоннок карда, барои ба корҳои кишоварзӣ, бунёди боғҳои нав ва таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷалб кардани онҳо чораҷӯӣ намоянд, бо мақсади ҳавасманд намудан ва рӯҳбаланд гардонидани ҷавонон чорабиниҳои фарҳангиву варзиширо дар миёни онҳо бештар ба роҳ монда, иштироки фаъолашонро дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа таъмин гардонанд.
Кам аҳамият додан ба ин масъалаҳо боис шудааст, ки иддае аз ҷавонони сустирода ва аз ҷиҳати сиёсӣ ноустувор бо иллати бекорӣ ва бешуғлӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шуда, эътибору обрӯи кишварро дар арсаи байналмилалӣ паст зада истодаанд.
Аз рӯи маълумоти мақомоти дахлдор ҳоло садҳо нафар шаҳрванди мо, ки қисми зиёдашон ҷавонон мебошанд, ба сафи гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ шомил шуда, аз байни онҳо то имрӯз 300 нафар кушта шудааст. Аз ин ҳисоб 36 нафараш донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии дохил ва хориҷи кишвар мебошанд.
Дар баробари ин, то ҳол 370 нафар донишҷӯе, ки дар муассисаҳои таълимии динии давлатҳои хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсил мекунад, ба кишвар баргардонида нашудааст.
Аз ин рӯ, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, корҳои дохилӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки барои рафъи камбудиҳои зикршуда тадбирҳои ҷиддӣ андешанд ва корро миёни наврасону ҷавонон, аз ҷумла ҷавонони деҳот пурзӯр гардонанд.
Дӯстони азиз!
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун воситаи муассири танзими ҳаёти ҷавонон ва пешрафти ҷомеа бояд дар самти бартараф намудани монеаву масъалаҳои ҷойдошта нақши ҳалкунанда дошта бошад.
Дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ беҳуда таъкид нагардида буд, ки “мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар - Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.
Ин нуктаҳо ба хотири баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва рӯҳияи ватанпарастиву ифтихори миллии ҷавонон таъкид гардида, онҳоро водор месозанд, ки ба қадри неъмати бебаҳои истиқлолият расанд, ватанро боз ҳам бештар дӯст доранд ва дар ҳимояи арзишҳои миллӣ садоқатмандона талош намуда, номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар бардоранд.
Вобаста ба ин, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро зарур аст, ки ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои таблиғотӣ дар миёни ҷавонон, бахусус ҷавонони деҳот тадбирҳои иловагӣ андешида, дар миёни онҳо мусобиқаҳои варзишиву чорабиниҳои фарҳангиро васеъ ба роҳ монад ва барои ба шуғл фаро гирифтани онҳо якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлӣ аҳолӣ, дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ намояд.
Бояд гуфт, ки дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии ҷавонон аҳамияти бағоят бузург касб менамояд.
Гаравидани баъзе ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротиву террористӣ боиси нигаронӣ буда, сохтору мақомоти давлатиро вазифадор менамояд, ки барои гирифтани пеши роҳи ин амалҳои номатлуб чораҳои қатъӣ андешанд ва корҳои тарбиявиро дар байни ҷавонон боз ҳам тақвият бахшанд.
Бо таъсири интернет, шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ иддае аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳ ба доми тазвири гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат менамоянд, обрӯ ва мақоми мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ паст мегардонанд. Онҳо ҷони худро дар хатар гузошта, ба хотири ваъдаҳои бардурӯғ ҳаёти худро барбод медиҳанд ва волидайну наздиконашонро дар миёни ҷомеа шармсор мегардонанд.
Барои пеши роҳи ин кирдорҳои ношоистаро гирифтан Шӯрои миллии кор бо ҷавонон, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дигар сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар якҷоягӣ фаъолият карда, ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят намоянд, пеши роҳи бегонапарастӣ ва гаравидани ҷавононро ба созмону ҳаракатҳои ифротиву террористӣ гиранд.
Ман борҳо таъкид намуда будам ва боз иброз медорам, ки ҷавонон бояд ҳамеша ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, муқаддасоти давлатиро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намоянд ва муҳимтар аз ҳама, озодиву соҳибихтиёриро асоси хушбахтии худ ва наслҳои оянда шуморанд.
Имрӯз масъалаҳои зиёди ҳаётан муҳим, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори кишвар, бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо, неругоҳҳои хурду бузург, сохтмони садҳо иншооти иҷтимоӣ, инчунин чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва дигар корҳои шоиставу созанда ҷавонони моро интизоранд.
Барои амалӣ гардидани ин корҳои бузург аз ҳар як ҷавони ватандӯсту ватанпарвар дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тақозо мегардад.
Умед дорем, ки ҷавонони мо аз уҳдаи иҷрои ин вазифаҳо мебароянд ва минбаъд низ кӯшиш мекунанд, ки ба нафъи давлату ҷомеа содиқона хизмат намоянд.
Ҳамзамон бо ин, аъзои Шӯро вазифадоранд, ки фаъолияти худро бо истифода аз усулҳои муосири кор бо табақаҳои иҷтимоӣ боз ҳам пурзӯр намуда, ҷалби неруи ҷавононро ба равандҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳарчи бештар тақвият бахшанд.
Дар баробари ин, ҷиҳати тарғибу ташвиқи ғояҳои давлати демократӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонони кишвар, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни ҷавонон ва ҳамчун насли заҳматдӯсту қавиирода ба камол расонидани наврасону ҷавонон кӯшиш намуда, ҷиҳати муқовимат ба ақидаҳои ифротиву тахрибкорона ва дигар зуҳуроти хатарноки замони муосир тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Барои ҳалли ин масъалаҳои ниҳоят муҳим дар назди аъзои Шӯрои миллии кор бо ҷавонон, сохтору мақомоти дахлдори мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифаҳои зерин гузошта мешаванд:
1. Роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ вазифадор карда шаванд, ки барои ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтани ҷавонон, бахусус ҷавонони деҳот тадбирҳои иловагӣ андешида, бо ин мақсад ҳар моҳ ярмаркаи ҷойҳои холии кориро гузаронида, аз натиҷааш ба Дастгоҳи иҷроияи Президент мунтазам гузориш манзур намоянд.
Ҷиҳати ба мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти марказии давлатӣ ба корҳои роҳбарӣ пешбарӣ намудани ҷавонони соҳибмаърифату лаёқатманд ва ташаббускор чораҳои зарурӣ андешида, дар доираи барномаҳои давлатии ҷавонон, стратегия ва консепсияҳои мавҷуда барои ба хизмати давлатӣ ҷалб кардани онҳо чораҷӯӣ намоянд.
2. Барои дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ пешвоз гирифтани 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳиро дар миёни омма, аз ҷумла наврасону ҷавонон тақвият дода, доир ба дастовардҳои кишварамон бо ҷалби олимону зиёиён дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва ташкилоту муассисаҳо, корхонаву коргоҳҳо, деҳаву маҳаллаҳо, ҷамоату шаҳракҳо вохӯриву суҳбатҳо доир карда, тавассути воситаҳои ахбори омма тарғиби комёбиву дастовардҳои кишвар ба таври васеъ ба роҳ монда шавад.
3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ҷиҳати ҳарчи зиёдтар огоҳӣ пайдо намудани ҷавонон аз таъриху фарҳанги халқи тоҷик, арзишҳои милливу умумибашарӣ ва равандҳои глобалии ҷаҳони муосир корҳои ташвиқотиро таҳким бахшида, иштироки онҳоро дар раванди эъмори давлати миллӣ ва ҷомеаи пешрафтаву мутамаддини иҷтимоӣ таъмин гардонанд.
Бо мақсади ба низом даровардан ва риояи суннату маросимҳои миллӣ тарғиби қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»” боз ҳам густариш дода, риояи ҳатмии талаботи қонунҳои зикршударо зери назорати қатъӣ гиранд.
Доир ба ҷалби наврасону ҷавонон ба корҳои илмӣ, озмоишӣ, ихтироъкорӣ ва таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ чораҳои иловагӣ андешида, фаъолияти маҳфилҳои илмиву пажӯҳишӣ ва марказҳои ихтироъкориро тақвият бахшанд.
Бо мақсади рушди варзиш ва сайёҳӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорону тоҷирон ҷиҳати баргузор намудани чорабиниву мусобиқаҳои варзишӣ тадбир андешида, ҷиҳати таъмиру тармим, бунёди майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ иқдомҳои навро амалӣ намоянд ва барои таҳкими инфрасохтори сайёҳӣ, сохтмони меҳмонхонаҳо ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
4. Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон ва баргардонидани ҷавононе, ки дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи мамлакат ғайриқонунӣ таҳсил менамоянд, чораҳои ҷиддӣ андешанд.
Бовар дорам, ки иҷрои вазифаҳои мазкур барои ҳалли саривақтии мушкилоти дар ҳаёти ҷавонон мавҷуда имкон медиҳад ва барои боз ҳам баланд гардидани нақш ва мақоми ҷавонон дар дигаргунсозии ҳаёти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад.
Баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон бори дигар ҳар яки моро вазифадор месозад, ки таваҷҷуҳи хешро нисбат ба тақдири ин қишри ояндасози ҷомеа дучанд намоем ва барои дастгирии онҳо минбаъд низ аз ҳамаи имкониятҳо истифода кунем.
Дар ин ҷода ба ҳамаи шумо барори кор мехоҳам.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.05.2016 №: 102 Мутолиа карданд: 1750