logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ШАҲРИ ВАҲДАТ

Субҳи 4 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат омад.

Ваҳдат шаҳри маъмурии тобеи ҷумҳурӣ буда, соли 1927 бо номи Янгибозор ташкил ёфтааст. Аз соли 1936 то соли 1991 шаҳр номи Орҷоникидзеобод, аз соли 1993 то соли 2003 номи Кофарниҳон дошта, дар соли 2003 номи Ваҳдатро гирифт.
Шаҳр дар масоҳати 3,7 ҳазор километри мураббаъ доман паҳн карда, 324,2 ҳазор аҳолӣ дорад ва дар масофаи начандон дур аз маркази ҷумҳурӣ қарор дошта, дар баробари пайвандии худ бо пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе тавассути роҳи автомобилгард ҳамчунин бартарияти дигар дар масофаи 21 км робитаи доимии байнишаҳрӣ тавассути роҳи оҳан дорад.
Дараи зебоманзари Ромит ҳамчун шиносномаи шаҳри Ваҳдат маъмулу машҳур буда, минтақаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ эълон шудааст. Ин мавзеи хушобу ҳаво имрӯз ба макони истироҳату фароғат ва ҷойи дӯстдоштании садҳо сокини мамлакат ва сайёҳони хориҷӣ табдил ёфтааст.
Ваҳдат шаҳри саноатию кишоварзӣ буда, саноат яке аз соҳаҳои асосию манфиатбори шаҳр маҳсуб мешавад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ рушди ин соҳа дар шаҳр ба ташкили ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гаштани буҷети давлатӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ нақши муассир гузошта, омили муҳими пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гардидааст. Дар шаҳр 71 корхонаю коргоҳҳои саноатӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли 2000 - ум 41 корхона зиёд мебошад. Агар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 1997 - ум 11 миллиону 70 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2015 ба 77 миллиону 367 ҳазор сомонӣ баробар гардида, дар муқоиса нисбат ба соли 1997 - ум 66 миллиону 297 ҳазор сомонӣ зиёд ё худ 7 маротиба афзоиш ёфтааст.
Хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Ваҳдат серсоҳа буда, дар онҳо пахтакорӣ, чорводорӣ, ғаллаю сабзавоткорӣ ва боғу токдорӣ тараққӣ кардааст. Дар шаҳр 15 хоҷагии деҳқонии коллективӣ, 8 кооперативи истеҳcолӣ ва зиёда аз 6 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) вуҷуд дошта, майдони умумии заминҳои кишт 17587 гектарро ташкил менамояд. Ҳар як сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат дар баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ нақши созгори худро мегузорад. Барои мисол ҳамин нуқта қобили таъкид кардан аст, ки соли 2000 - ум дар тамоми шаклҳои хоҷагидории шаҳр ба андозаи 18 ҳазору 959 сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуда буд ва дар соли 2015 ин нишондиҳанда ба 646 ҳазору 954 сомонӣ баробар гардид, ки дар қиёс ба соли 2000 - ум 34,1 маротиба зиёд мебошад. Дар соҳаи кишоварзӣ дар баробари дигар бахшҳои алоҳидаи соҳа ба рушди моҳипарварӣ ҳамчун бахши афзалиятнок ва сердаромад таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда мешавад.
Нишондиҳандаҳои соҳаҳои дигар, аз ҷумла сохтмон, нақлиёту алоқа, хизматрасонӣ, маорифу тандурустӣ ва фарҳанг ҳам дар замони соҳибистиқлолӣ пешрафт карда, шароити зарурии рушди онҳо барои солҳои оянда фароҳам оварда шудааст. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳр нисбат ба соли 1991 34 адад зиёд гардида, имрӯз ҷамъан 151 ададро ташкил медиҳанд.
Дар солҳои истиқлолият шумораи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла шифохонаҳо нисбат ба соли 1991 - ум 44,4 фоиз, марказҳои саломатӣ 87,5 фоиз ва бунгоҳҳои тиббӣ 36,2 фоиз зиёд гардида,  аксарияти шифохонаҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ бо технологияҳои муосири замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти шаҳр ҳамасола нақшаю барномаҳои муҳимро амалӣ карда, барои беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо тадбирҳои судманд меандешад. Амали иҷрои қонунҳои мамлакат, амру фармонҳои Сарвари давлат ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ ба мақсад таъмин гардида,  нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагии мардум давра ба давра боло меравад.
Дар сиёсати ояндасози Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоидат ба рушди ҳар як минтақаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла таъмини тараққиёти бемайлони шаҳри Ваҳдат мақоми хоса дорад. Ҳамин аст, ки Сарвари давлат, бо вуҷуди сарбории зиёди корӣ, ҳамасола маротибаҳои зиёд ба шаҳри Ваҳдат сафар карда, бо вазъи иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар ҳар як давра бевосита шинос мешавад. Аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат бо назардошти сафари кории навбатӣ 18 маротиба сафар карда, барои таъмини ояндаи босаодати шаҳр ва рӯзгори ободу осоиштаи ҳар як сокини он талошҳои зиёд ба харҷ додааст.
Дар давраҳои нобасомони солҳои нахустини истиқлолият ин шаҳри овозадори мамлакат чун дигар минтақаҳо ба гирдоби фалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ ғӯтавар гардида, ба шаҳри аз ҷиҳати амниятӣ хатарнок табдил ёфта буд. Дар ин шаҳр ҳар гуна неруҳои мухолиф ва гурӯҳҳои алоҳида ҳукмронӣ карда, шаҳрро ба мавзеи бедодию беадолатӣ табдил дода буданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба макони ваҳдатофар табдил додани шаҳр кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода, ҳаммаром ба ин ба тағйири номи он иқдом гирифт ва шаҳрро Ваҳдат ном гузошт. Месазад гуфт, ки Ваҳдат ном гирифтани шаҳр асосан аз ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Хурсандибахш аст, ки имрӯз дар партави сиёсати сулҳовари Сарвари давлат сокинони ин шаҳри ободу пешрафта дар фазои ором ва ваҳдати дастаҷамъӣ рӯзгори хубу ҳаёти осоишта пеш бурда, аз ободию шукуфоии маъвои аҷдодии хеш ифтихор доранд.

Ба истифода додани бинои истиқоматии 5 ошёна
Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз иштирок дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави истиқоматии 5 ошёна дар маркази шаҳр оғоз гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои хуштарҳу замонавии истиқоматиро мавриди истифода қарор дода, аз амали созандаи соҳибкори маҳаллӣ дар бунёди ин иншоот ситоиш кард.
Бино дар давоми 18 моҳ аз ҷониби соҳибкор Инъомҷон Файзиев ва  фарзандони тоҷираш бунёд гардида, идомаи тадбирҳои муваффақи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши дастгирии соҳибкории хурду миёнаи ватанӣ ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ошёнаи якуми бино ошхонаи замонавӣ, дар ошёнаи дуюм маркази савдо ва дар ошёнаи сеюм коргоҳи дӯзандагӣ барои касбомӯзии панҷоҳ нафар ҷавонон бунёд гардида, ошёнаҳои чорум ва панҷум ҳамчун манзили зист пешбинӣ шудаанд.
Дар ҳамин бинои хушсохт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни хурсандии 10 ҷуфт навхонадор ва хатнасури 24 нафар фарзанди ятим аз оилаҳои камбизоат иштирок карда, ҳамаи онҳоро ба муносибати санаҳои таърихии давлату миллат - ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.

Бинои нави нозироти андоз қад афрохт
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави нозироти андози шаҳри Ваҳдат иштирок кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди буридани лентаи рамзӣ мавриди истифода қарор гирифтани бинои навро ба кормандони соҳаи андози шаҳр туҳфаи арзишманди роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ба истиқболи ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, онҳоро ба меҳнати садоқатмандона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуд.
Бинои нави мақомоти андоз аз се ошёна иборат буда, бо тарҳу услуби нави меъморӣ бунёд шудааст ва муосиртарин шароити корӣ, аз ҷумла 18 ҳуҷраи кории барҳаво, толори маҷлисгоҳ ва дар таҳхона ошхона ва идораи бойгонӣ дошта, ҳама ҳуҷраҳои корӣ бо таҷҳизоти навтарини хизматрасонӣ таъмин мебошанд.
Дар ошёнаи якум толори алоҳида бо компютерҳо муҷаҳҳаз гардонда шудааст, ки дар он соҳибкорон имкон доранд бо истифода аз шабакаи интернет эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод намоянд, санадҳои муқоисавӣ тартиб диҳанд, ҳисобварақаи худро аз назар гузаронанд, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии қонунгузории андоз, ки дар сомонаи Кумитаи андоз ҷойгир карда шудаанд, шинос шаванд.
Бинои нозироти андози шаҳри Ваҳдат тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби фармоишгар - Кумитаи андози назди Ҳукумати мамлакат ва пудратчӣ - Кооперативи тиҷоратии «Дилшод» дар давоми 16 моҳ сохта ба истифода дода шуд.

Корхонаи металлҳои рангаи ҶДММ "Покрӯд" фаъол шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи металлҳои рангаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Покрӯд» - ро ифтитоҳ намуд.
Корхонаи калони саноатӣ бо дастгирии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди соҳаи саноати миллии кишвар аз тарафи соҳибкори ватанӣ Абуалӣ Исматов бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд шудааст. Коргоҳ идомаи хати истеҳсолии корхонаи ғанигардонии маъдани Покрӯд, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат мебошад.
Сохтмон соли 2014 оғоз гардида буд. Дар марҳалаи аввал дар корхона дар як шабонарӯз 65 ва дар як сол 21 450 тонна консентрати флотатсионӣ коркард мешавад. Баъди ба истифода додани марҳалаи дуюм иқтидори коркарди маъдан ба 130 тонна дар як шабонарӯз ва дар як сол ба 42 900 тонна мерасад. Пас аз коркарди пурраи маъдан дар корхонаи металлҳои ранга тиллои тоза истеҳсол карда мешавад.
Дар навбати аввал дар корхонаи металлҳои рангаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Покрӯд» дар як сол 1300 кило ва дар марҳалаи дуюм беш аз 2000 кило тиллои холис истеҳсол карда мешавад.
Дар ҳолати бо иқтидори пурра фаъолият кардани коргоҳ шумораи коргарон низ афзун мегардад. Айни ҳол дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Покрӯд» дар маҷмӯъ беш аз 900 нафар кор мекунад, ки 600 нафари онҳо мутахассисони маҳаллӣ ва боқимонда шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд. Музди миёнаи кормандон ба 3200 сомонӣ баробар аст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо технологияи коркард ва истеҳсоли тилло ба соҳибкорони ватанӣ барои истифодаи самараноки неъматҳои моддии кишвар дастуру ҳидоятҳо дод.
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки соли 2003 бо мақсади пеш бурдани корҳои истеҳсолӣ Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Покрӯд» ташкил шуда буд. Тӯли даҳ сол, аз соли 2003 то 2013 барои корҳои ҷустуҷӯӣ - геологӣ, ба анҷомрасонии корҳои асосноккунии техникӣ - иқтисодӣ ва лоиҳакашии партовгоҳ дар Покрӯд 49 миллион доллари амрикоӣ сарф  карда шуд.
Баъди ифтитоҳи корхонаи нав ва шиносоӣ бо иқтидори истеҳсолии он дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони коргоҳ ва шумораи зиёди фаъолони шаҳри Ваҳдат мулоқоти самимӣ доир кард.

Байрақи ҷангӣ ба қисми низомии навтаъсиси таъйиноти махсус
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи қисми низомии навтаъсиси таъйиноти махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, ба ҳайати шахсии он Сипоснома ва Байрақи ҷангӣ тақдим намуд.
Зимни ворид гардидан ба қисми низомӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмонро сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ - муовини якуми вазири мудофиа, генерал - майор Эмомалӣ Собирзода тибқи қоидаҳои низомиён истиқбол гирифт.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳайати шахсӣ арзи салом намуда, сипас маросими супурдани Байрақи ҷангӣ шурӯъ гардид.
 Бояд гуфт, ки Байрақи ҷангӣ ба полкҳо, дивизионҳо, қисмҳои таълимӣ, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ва дигар воҳидҳои алоҳида супурда мешавад. Зеро Байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ рамзи ифтихор, шуҷоат ва шаъну шарафи ҳарбӣ мебошад.  Он барои ҳар як хизматчии ҳарбӣ баёнгари қарзи муқаддаси хизмати садоқатмандона ба Ватан, мардонавор ва моҳирона муҳофизат намудани он, суботкорона мудофиа кардани ҳар як ваҷаб хоки Ватан ва барои ин мақсад дареғ надоштани хун ва ҳатто ҳаёти худ мебошад.
Байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ дар тамоми давраи мавҷудият сарфи назар аз тағйири ному рақами он, дар қисми ҳарбӣ маҳфуз нигоҳ дошта мешавад. Тағйири ном ва рақами қисми ҳарбӣ бо Сипосномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми супурдани Байрақи ҷангӣ тақдим мегардад, ворид карда мешавад.
Баъд аз тақдими Байрақи ҷангӣ, ҳайати шахсии қисми низомӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомали Раҳмон савганд ёд карданд.
Баъд аз садои Суруди миллӣ командири қисми низомӣ чун оини низомиён таҳти навои оркестри ҳарбӣ - нафасӣ ва бо қадамҳои мутантан Байрақи ҷангиро аз назди ҳайати шахсӣ гузаронида, онро дар сафи пеш қарор дод.
Зимни баргузории чорабинии мазкур Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайати шахсии баталиони таъйиноти махсус сухан ронд.
Баъд аз суханрониҳо бо амри сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ - муовини якуми вазири мудофиа расми гузашти низомии афсарону сарбозон доир гардид.
Сохтмони қисми низомии таъйиноташ махсус бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нимаи дуюми соли 2014 оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ, яъне давоми камтар аз ду сол мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҳаҷми умумии корҳои сохтмонии иҷрогардида, барои бунёду азнавсозии ин қисми низомӣ дар марҳалаи аввал 16 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки он дорои тамоми шароитҳои хизмативу маишӣ ва ҳам таълимӣ буда, заминаҳои моддиву техникии қисми низомии мазкур ба меъёри ҳарбӣ ҷавобгӯ аст.
Дар дохили қисми ҳарбӣ иншооти гуногуни ёрирасон, аз қабили ситод, хобгоҳи кушоду барҳаво, ҳаммом, синфхонаҳои таълимӣ, хонаи дидорбинии волидон, ошхонаи замонавӣ, ки дар як баст метавонад беш аз 200 нафарро фаро гирад, сохта шудаанд. Толори маҷлис бо 400 ҷойи нишаст, анбор, хонаҳои хизмати маишиву фароғатӣ, нишастгоҳҳо, майдончаҳои сафороиву қадамзанӣ, техникӣ, тактикиву оташфишонӣ, толору шаҳракҳои муҷаҳҳази варзишӣ, посбонгоҳ, парки автомобиливу техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ ва дигар иншооти аҳамияти ҳарбидошта низ қад кашидаанд.

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва гиёҳҳои шифобахш дар Ромит
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Архуи Ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва гиёҳҳои шифобахш дидан намуд.
 Дар ин ҷо кишоварзону ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ба номи Нӯъмон Розиқ, Карим Исмоилов, Абдулло Абдулвосиев, Раҷаб Исмоилов, Симиганҷ ва Гулистон намунаи маҳсули меҳнати худро муаррифӣ карданд.
Зимни шиносоӣ бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо хоҷагидорон суҳбат намуда, онҳоро барои фаъолияти босамар ва истифодаи самараноки замину гирифтани ҳосили зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ҳидоят намуд. Зикр шуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ дар минтақа ва кишвар бевосита аз фаъолияти босамари деҳқонон вобастагӣ дорад.
Бо хушнудӣ таъкид гардид, ки кишоварзон имсол аз кишти ғалладонагиҳо, боғҳо ва дигар зироатҳо ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, барои таъмини бозорҳо бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ саҳми назаррас хоҳанд гирифт.
Зимни суҳбат бо деҳқонон зикр гардид, ки соли равон дар шаҳри Ваҳдат 15 хоҷагии деҳқонии коллективӣ, 8 кооперативи истеҳсолӣ ва 6 ҳазору 999 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) дар майдони 17 ҳазору 587 гектар ғалладонагӣ, сабзавот, полезиҳо, пахта ва дигар намуди зироатро кишт намуданд, ки аз нашъунамо ва ҳосили фаровони онҳо изҳори қаноат карда шуд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки иқлими Тоҷикистон барои парвариши сабзавоти барвақтӣ ва ҳам кишти такрории сабзавот, зироатҳои лӯбиёгӣ, полезӣ ва хӯроки чорво хеле мусоид аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин имрӯзҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ баъди ҷамъоварии ҳосили ғалла кишти такрории дигар зироатҳо авҷ мегирад.
Хоҷагиҳои деҳқонӣ баробари таъмини бозори дохилӣ, ҳамчунин помидору бодиринг, карам, пиёз, сабзӣ, мева ва дигар маҳсулотро ба Федератсияи Русия ва дигар кишварҳо содирот мекунанд. Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии шаҳр то охири мавсим зиёда аз 1000 тонна маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ содирот карда мешавад.
Ҳамзамон дар соли равон деҳқонони шаҳри Ваҳдат тибқи дурнамо дар майдони 27 гектар боғҳои нави мевадиҳанда бунёд карданд, ки ин иқдом низ дар таҳкими иқтидори содиротии кишвар заминагузор хоҳад буд.
Соҳаҳои чорводорӣ ва моҳипарварӣ низ бевосита бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон давоми даҳсолаи охир рушд карданд. Дар намоишгоҳи мазкур хоҷагидорон зотҳои беҳтарини чорвои калону хурд ва намудҳои гуногуни моҳиро ба маъраз гузоштанд.
Аз ҳамовозии васеъ пайдо намудани таъкидҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи пурсамари замин ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти худӣ бо боварии комил метавон гуфт, ки деҳқонон ва ҳамаи истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ дар тамоми деҳоти шаҳри Ваҳдат баҳри татбиқи ин ҳадафҳо камар мустаҳкам бастаанд ва амнияти озуқаворӣ бо истифода аз имкониятҳои дохилии кишвар таъмин мегардад.
Дар намоишгоҳ ҳамчунин ҳунарҳои мардумӣ, аз қабилӣ гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, сабадбофӣ, табақтарошӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, чӯбтарошӣ ва ғайра муаррифӣ шуданд. Барои рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Ваҳдат таваҷҷуҳ бештар зоҳир мегардад. Аз ҷумла, ташкили маҳфили омӯзиши ҳунари зардӯзӣ аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Сайёр» дар Ҷамоати деҳоти Гулистон, маҳфили тарроҳӣ ва дӯзандагӣ дар назди Маркази эҷодии кӯдакону наврасон, сабадбофӣ аз ҷониби соҳибкор Матлуба Асоева дар эҳё ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоидро фароҳам оварданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки роҳандозии маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ дар шароити хона ва таъсиси корхонаҳои хурд барои ҳунармандон манфиатовар буда, бо ин восита ҷойҳои нави корӣ барои занону духтарон муҳайё мегарданд.
Гиёҳшинос ва табиби мардумӣ Маҳмадрасул Иброҳимов гулу гиёҳҳои шифобахши дараи Ромитро ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуд.
Дар ин минтақаи кӯҳӣ тақрибан 100 намуди гулу гиёҳҳои шифобахш, аз қабили кокутӣ, ҷамилак, ҳазориспанд, алпамодиён, тахач, бобуна, ишим, зирк, коснӣ, хуч, чойкаҳак, пудина ва шибити кӯҳӣ мерӯянд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки барои ҳифз ва ҷамъоварию коркарди гиёҳҳои шифобахш бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.
Бо мақсади ташвиқу тарғиби гиёҳҳои шифобахш ва аз онҳо тайёр намудани доруворӣ дар шаҳри Ваҳдат аз ҷониби гиёҳшинос ва табиби мардумӣ Маҳмадрасул Иброҳимов корхонаи инфиродии «Шаҳди шифо» таъсис дода шудааст.

Фабрикаи ғанигардонии маъдани ҶДММ "Покрӯд" ба кор пардохт
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фабрикаи маъданғанигардонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Покрӯд" ба фаъолият шурӯъ кард.
Фабрика барои коркарди маъдани кӯҳӣ, ки аз он тиллои хушсифат истеҳсол карда мешавад бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шуда, тибқи хулосаи мутахассисон захираи тилло дар он барои 35 сол пешбинӣ гардидааст. Дар марҳалаи аввали фаъолият дар як рӯз 2 ҳазор тонна маъдани кӯҳӣ дар фабрика коркард мешавад.
Дар фабрика технологияи ҳозиразамони саноатӣ истифода гардида, ба муҳити зист зарар намерасонад. Дар наздикии майдони маъданҳо якчанд деҳа мавҷуд аст, ки аҳолии таҳҷоӣ низ ҳамчун коргар ба корҳои иктишофӣ - геологӣ ва истихроҷ ҷалб карда шудаанд. Дар маҷмӯъ 715 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардидааст, ки аз ин шумора 510 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва 205 нафар мутахассис аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Ҳангоми фаъолияти пурраи фабрикаи мазкур имкон аст, ки наздики 2 ҳазор нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, шароити созгори корӣ, аз ҷумла се вақт хӯроки гарм ва сарулибоси корӣ барои онҳо муҳайё карда шавад.
 Дар фабрика барои хизматрасонии тиббӣ ба кормандон бунгоҳи тиббии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ фаъолият мекунад. Дар баробари ин, гурӯҳи наҷотдиҳандагон таъсис дода шудааст, ки мутахассисонаш дар ҳолати рух додани садама дар нақбҳо ва ё дигар ҳолатҳои хусусияти табииву сунъидошта ёрии наҷотбахширо сари вақт анҷом медиҳанд. Барои омӯзиши таркиби маъданҳои ихроҷшуда озмоишгоҳ фаъолият мекунад, ки дар баробари мутахассисони чинӣ ҷавонони тоҷик низ ба кор ҷалб гардидаанд. Корҳои нақбканӣ аз соли 2012 оғоз гардида, то ба имрӯз 19 ҳазор метр нақб омода карда шудааст. Тибқи нақша ҷалби сармояи хориҷӣ барои бунёди фабрикаи ғанигардонии маъдани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Покрӯд" 256 миллион доллари амрикоиро дар бар мегирад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз корҳои анҷомёфта ва фаъолияти хуби мутахассисони фабрикаи мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарияти сохторҳои дахлдор ва дигар масъулони соҳа барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани корҳои иктишофӣ - геологӣ ва истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод ва таъкидан изҳор намуд, ки неъматҳои табиӣ бояд самаранок ва марҳала ба марҳала ба манфиати давлату миллат истифода шаванд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.06.2016    №: 108    Мутолиа карданд: 16498
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед