маориф
МАКТАБ. МЕҲНАТРО ҚАРИБ АЗ БАЙН БУРДЕМ, ЧАРО?
Редди олими англис, ки асосгузори назария ва амалияи «Тарбияи нав» буд бо мақсади расондани кумак ба падару модарон ҷадвали рӯзи таълимгирандагонро чунин тартиб додааст:
1. Меҳнати ҷисмонӣ – 5 соат;
2. Машғулиятҳои ҷисмонӣ ва меҳнати дастӣ – 4,5 соат;
3. Машғулиятҳои вақтхушӣ ва ҷамъиятӣ – 2,5 соат;
4. Хоб – 9 соат;
5. Хӯрдани хӯрок ва вақти холӣ – 3 соат;
Ҷамъ 24 соат.
Тавре бармеояд, ин кор тамоман низоми дигар дорад: аввал – саломатӣ, дуюм – тарбия ва баъд таълим ё омӯзиш… Мо бошем, меҳнатро қариб аз мактаб берун кардем, дар ҳоле ки меҳнат омили асосии саломатист.
Дар ин равия сухан дар бораи тарбияи бадан, тарбияи ҷисмонӣ, солимнигоҳдории кӯдакон, гузарондани мушоҳида ва муоинаи тиббӣ, сатҳи амиқи таълим ва сарбории таълимии (педагогии) хонандагон меравад. Набояд роҳ дод, ки ҳар рӯзи таълими шогирдон аз 5 – 6 соат зиёд бошад. Риояи талаботи санадҳои меъёрӣ ва қоидаҳои санитарӣ ҳатмист. Масалан, хонанда 6 соат таълими аудиторӣ ва 2 - 3 соат таҳсилоти иловагӣ мегирад. Ин амал бештар дар гимназияю литсейҳо мушоҳида мегардад. Аз ин рӯ, хонандагони ин муассисаҳо бештар монда мешаванд. Илова бар он, реҷаи рӯз, ҳавои гарм, кабинетҳои таълимӣ, синфхонаҳо, мизу курсӣ ба саломатии онҳо таъсири манфӣ расонда метавонанд. Набудани об, гармӣ, синфхонаи хунук, торик, тирезаҳои шикаста, ҳавои вазнини синфҳо низ ба саломатии шогирдон таъсир мерасонанд.
Тирамоҳу зимистон бо либосҳои рӯ мешинанд, ки ба саломатӣ ва фаъолияти таълимии онҳо халал мерасонанд. Дар мактаб қоидаҳои санитарию гигиенӣ риоя намегарданд. Кӯдакон, хусусан духтарон, асосан азоби рӯҳӣ мекашанд. Бояд дар ҳар як ошёнаи бино ҳоҷатхона бошад. Як унитаз барои 20 нафар таъйин шавад, хонаи гигиении махсус ҳам зарур аст. Акнун тасаввур кунед, ки аҳволи шогирдони мо дар мактаб чӣ гуна аст…
Аз рӯи меъёру қоидаҳои санитарӣ мактабе, ки 100 талаба дорад, бояд ошхона ҳам дошта бошад. Масоҳати синфхонаю кабинетҳои таълимӣ барои ҳар як кас 2,5 м2 бошад. Ҳалли ҳамаи ин масъалаҳо саломатӣ ва тандурустии кӯдаконро тақвият дода метавонад. Афсӯс, ки на ҳамаи мактабҳои мо дорои чунин шароитанд.
Шакли инноватсионии ҷараёни таълим бештар дар мактабҳои намуди нав зоҳир мегардад, монанди литсей, гимназия, мактабҳои таълими баъзе фанҳояшон амиқ ва ғайра. Вале дар ин муассисаҳо саломатии шогирдонашон беҳтар нашудааст, бештар онҳо бемор мешаванд. Чунки сарбории таълимӣ ва таҳсилоти иловагии онҳо аз меъёр зиёд аст. Барои кӯдак 2 намуд сарборӣ (фикрӣ ва ҷисмонӣ) вазнинӣ мекунад… Дар ин коркарду корбаст кардани ҷадвали дарсҳо, дар тамоми шаклҳои таълим, хусусан, дарс, норасоиҳо зиёданд. Дар маҷмӯъ, ба саломатии кӯдакон зиён расонда метавонад: танаффусҳо мувофиқи Оинномаи мактаб сурат намегиранд, дарсҳои сабукро дар соатҳои аввал мегузоранд (тарбияи ҷисмонӣ, информатика, меҳнат). Бо ҳамин ва дигар сабабҳо баъзан кӯдакон тез - тез монда, камхоб ва сардард мешаванд. Масъалаи нигаҳдории саломатии хонандагон дар тамоми нақшаю барномаҳо ва тадбирҳои дигар мактаб бояд ҷой ва мавқеи худро дошта бошад. Онҳоро аз муоинаи тиббӣ гузаронанд, бо волидайн робитаи ҳамкории қавӣ дошта бошанд. Бояд донист, ки кӯдакон бештар ба бемориҳои дил ва бофтаҳои он, узвҳои биноӣ, шунавоӣ, гулӯ, нафас, дарди дандон, бемориҳои пӯст, асаб, аллергия, меъдаю рӯда ва ғайра гирифтор мешаванд.
Ин муассисаҳо дар танҳоӣ аз уҳдаи рушди тарбияи ҷисмонӣ, солимгардонии кӯдакон, рушди маърифати маънавияти онҳо, масъалаҳои рӯҳӣ, равонӣ, зеҳнии онҳо баромада наметавонанд.
Муаллимони тарбияи ҷисмонӣ ба ин кор бояд диққати бештар диҳанд: рушди ҷисмонии шогирдонро ба ҳисоб гиранд (вазн ва дарозии қад, васегии қафаси сина, ҳаҷми шуш ва ғ.) агар аз меъёр кам бошад, барои онҳо реҷаи сабук муқаррар кунанд. Бо назардошти бетоқатӣ, тобоварӣ, қувва, серҳаракатӣ, ҳушёрии онҳо кор бояд бурд.
Роҳбарони синф сабабҳои ба дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ наомадани хонандагонро муайян ва назоратро беҳтар кунанд; ба муаллимон кумак намуда, фаъолнокии таълимии хонандагонро дар синф ва толору майдончаҳои варзишӣ мушоҳида намоянд ва тадбир андешанд, хонандагонеро, ки дар саломатиашон нуқс аст, назорат кунанд ва ёрӣ расонанд…
Ба ин тариқ, мо бояд дар ҷараёни таҳсили хонандагон ба муҳимтарин ҳадафҳои сиёсати имрӯзаи Ҳукумат – тарбияи насли солим ва бунёди ҷомеаи солим такя карданро аз хотир набарорем.
Ҳабиб ИСКАНДАРОВ,
собиқадори маориф, барандаи
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.06.2016 №: 114 Мутолиа карданд: 2915