logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани чойхонаи миллӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 26 июни соли 2009

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини мӯҳтарам!
Имрӯз мову шумо шоҳиди боз як рӯйдоди фараҳбахшу хотирмони марҳалаи созандагӣ ва бунёдкорӣ дар Ватани азизамон - маросими ба истифода супурдани чойхонаи бошукӯҳи миллӣ дар боғи навбунёди Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, яъне боз як самараи неки ваҳдату сарҷамъии миллатамон мебошем.
Дар арафаи иди бузурги умумихалқии Ваҳдати миллӣ ба анҷом расидани корҳои сохтмону ободсозии ин иншооти мӯҳташами фарҳангиву фароғатиро ба ҳамаи шумо, иштирокчиёни ин маҳфили бошукӯҳ, табрик гуфта, ба меъморону муҳандисон, коргарону сохтмончиён ва наққошону ҳунармандони чирадаст барои заҳмати ҳалол ва саҳмашон ба хотири ободии Ватани азизамон изҳори сипос менамоям.                                            
Мову шумо дар арафаи Наврӯзи соли 2008 ниҳолҳои нахустини ин боғро шинонида, онро боғи  Ваҳдати миллӣ номида будем ва азми хайру нияти нек карда будем, ки дар майдони зиёда аз 500 гектар замин бо иштироки намояндагони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят садҳо ҳазор бех навъҳои гуногуни дарахтони мевадиҳанда, ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва гулу гулбуттаҳои сарсабзу роҳатафзо парвариш карда, дар ин минтақа намунаи нодири боғи миллии Тоҷикистонро бунёд намоем.
Ба ин иқдоми неки мову шумо, агар аз як тараф мавзеи мусоид ва хушобу ҳавои ноҳия, ки номи фарзанди барӯманди миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуровро дорад, мусоидат карда бошад, аз ҷониби дигар, дар шаҳри бостонии Хуҷанд гузошта шудани нахустин хиштҳои бинои сулҳ ва тарҳи аввалини сиёсати сулҳофариву ваҳдатгароии давлати соҳибистиқлоли мо ба хотири таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳидоятгар ва илҳомбахши мо гардид.
Сад шукри истиқлолият ва хиради азалии мардуми фарҳангсозу сулҳдӯсти тоҷик, ки дар он айёми пурфоҷиа барқасди ҳадафҳои шуми душманони дохиливу хориҷии миллат ақли солим ба хотири аз парокандагӣ наҷот додани миллат, шикасти давлатдорӣ ва пора шудани марзу буми ягонаи кишвар пирӯз гардид ва мо маҳз бо дастгириву пуштибонии мардуми дурандеш, фарҳангсолор ва сарбаланди тоҷик сиёсати сулҳу субот ва ваҳдати миллиро қутбнамои роҳи ояндаи давлатсозиву давлатдории худ қарор додем.     
Ва маҳз аз баракати даврони орому осуда, сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати миллӣ мову шумо тавонистем, ки дар давоми солҳои охир садҳо лоиҳаи хурду бузурги созандагӣ ва як силсила ҳадафҳои муҳиму  афзалиятноки сиёсати бунёдкориро амалӣ карда, дар ҳамаи самтҳои зиндагии ҷомеа ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла энергетика, коммуникатсия ва бахшҳои истеҳсоливу озуқаворӣ хеле корҳои назаррасро ба анҷом расонем.
Бунёди боғи Ваҳдати миллӣ ва ин чойхонаи мӯҳташам низ, ки мову шумо ҳоло дар гирди мизҳои аз маҳсули ҳамин боғ оростаи он ҳузур дорем, аз баракати пойдории сулҳу субот, фазои орому осуда, ҳамдигарфаҳмиву ҳамраъйӣ ва ваҳдати миллии мардуми фарҳангиву ободгарамон муяссар гаштааст.
Ногуфта намонад, ки бунёди боғу чорбоғҳо ва чойхонаҳои миллӣ аз замонҳои хеле қадим як рукни хосаи фарҳанги аҷдодии мо буда, дар санъати меъморӣ ва шаҳрсозии ниёгонамон мақоми хоса дорад.
Ҳанӯз сайёҳ ва воқеанигори машҳури итолиёӣ Марко Поло аз мавҷудияти боғҳои сарсабзу хиёбонҳои сердарахт ва корвонсарою бошишгоҳҳои хушобу ҳаво дар шаҳрҳои аҷдодии мо маълумот дода, зикр кардааст, ки ҳадаф аз бунёди онҳо зебою ботароват ва сабзу хуррам нигоҳ доштани чорсӯву маҳалҳо ва шаҳрҳои серодам аст. 
Гузашта аз ин, чойхона таърихан таҷассумгари симои миллӣ ва услуби хосаи меъмории миллати тоҷик буда, дар тарҳрезиву бунёди он  нозукиҳои санъати наққошиву кандакорӣ, рассомиву ородиҳӣ, гаҷбуриву гулпартоӣ ва чӯбтарошиву дуредгарии гузаштаву имрӯзаи ҳунармандони мо муҷассам мегарданд.
Аз ин хотир, дар яке аз ҷойҳои муносиби боғи навбунёди Ваҳдат ин чойхонаи бузургу назаррабо сохта шуд, ки ҳадаф аз он фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳативу фароғатӣ барои мардум ва гузаронидани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ мебошад.
Зеро чойхонаҳои миллии мо аз қадим рисолати хоса дошта, макони ваҳдату сарҷамъии одамон, маҳалли паёму хабарҳои тоза, маркази маърифату таҷрибаи зиндагӣ, маслиҳату машварат ва маҳфили шоирону ровиён ва ҳофизону ҳунармандон ба шумор меравад.
Вобаста ба ин, мову шумо ҳамеша бояд дар хотир дошта бошем, ки пайрави яке аз мазҳабҳои мӯътадилтарини ислом - ҳанафия мебошем. Мазҳаби мо мусулмононро ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароиву дурӣ аз хушунат, пуштибонии оромиву амнияти ҷомеа ва рифоҳу осоиши мардум даъват мекунад.
Аз ин лиҳоз, бо итминони комил изҳор менамоям, ки чойхонаи навбунёди имрӯза макони ваҳдату сарҷамъӣ, ҷои фароғату истироҳат, мавзеи тамошову гаштугузор ва маҳфилгоҳи маърифату ҳунари мардуми вилоят ва кишвар хоҳад гардид.  
Ба шукронаи ин рӯзҳои орому осуда ҳамаи шуморо бори дигар табрик гуфта, ба даргоҳи Худованди карим дуо мекунем, ки дар хонадони ҳар фарди тоҷик хайру баракатро афзун гардонида, зиндагии пурфайзу осудаҳолона ва оромиву осоиш ато намояд ва дар кишвари азизамон -  Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу субот, оромиву амният, иттиҳоду ҳамраъйӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша пойдор бошад. 
Бигзор, дарахтони наврустаи боғи Ваҳдат даҳсолаҳо ҳосили фаровон оранд ва чойхонаи миллӣ  пойгоҳи худшиносиву ифтихори миллӣ, меҳроби ватандӯстиву ватанпарастӣ ва макони истироҳату фароғати доимии шумо гардад!
Саломату сарбаланд ва хонаобод бошед!
Ташаккур !

Панҷшанбе, 2 июли  соли  2009. № 83-84 (21 590-591). Соли 85-уми нашр


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3195
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед