маориф
ЗАБОНОМӮЗӢ.
НАБОЯД РАВАНДИ ОНРО БЕНАЗОРАТ МОНД!
Дар замони мо муносибатҳои байналмилалӣ васеътар мегардад. Дар чунин шароит барои ташаккули муносибати фарҳангӣ миёни халқҳо зарурати такмил додани таълим ва омӯзиши забонҳо, хусусан русӣ ва англисӣ пеш омадааст. Забоншиносон бар онанд, ки ҳар қадар фарҳанги муошират баланд бошад, ҳамон қадар фарҳанги миллӣ боло меравад.
Мутаассифона, ҷараёни таълими забономӯзӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар ҳанӯз қонеъкунанда нест, гузашта аз ин таълими ин фанҳо ба сатҳу сифати баланд ва самаранокӣ ниёз дорад. Ин натиҷагирӣ бо назардошти дар муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ аз ҳисоби ҷавонон кам будани тарҷумони забони русӣ ва англисӣ бароварда шудааст. Сабаби асосӣ сатҳи пасти омодасозии кадрҳои баландихтисос ва бозомӯзии кадрҳои омӯзгорӣ мебошад. Бо вуҷуди роҳандозии барномаҳои нави таълимӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ аз ҷониби донишгоҳу донишкадаҳои кишвар омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ ҳанӯз ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй нест. Аз садҳо хатмкунанда қисми зиёдашон бо сабаби малакаи пасти касбӣ ва забономӯзӣ бе ҷойи кор монда, роҳ сӯйи муҳоҷират мегиранд, дар он ҷой низ аз надонистани забон, хусусан русӣ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Вазъ дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо вуҷуди ҳамасола тариқи роҳхат фиристодани мутахассисон ташвишовар аст. Дар аксари муассисаҳои таълимӣ омӯзгорони ғайриихтисос дарс мегӯянд. Деҳотиён аз сабаби дар таълимгоҳҳо набудани омӯзгорон пурра ба омӯзиши забонҳо фаро гирифта намешаванд.
Феълан дар ҷумҳурӣ барои рушди забони русӣ - ҳамчун воситаи муоширати байналмилалӣ Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015 - 2020 роҳандозӣ шудааст. Масъули барнома Зулфия Сафарова, иброз намуд, ки амалисозии барнома зина ба зина камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф карда истодааст. Вазъ нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар шудааст. Аллакай кадрҳои ихтисосманд ҷойи мутахассисони ғайриихтисосро гирифта истодаанд. Бо вуҷуди ин камбудиҳо ҳоло ҳам зиёданд. Дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон норасоии мутахассисони соҳибкасб бештар ба назар мерасад. Дар минтақаҳо омӯзиши забонҳо бинобар сабаби кам будани соатҳои дарсӣ ва дурии роҳ, махсусан дар муассисаҳои ибтидоии камнуфуз, ки аз якдигар хеле дур ҷойгиранд, хуб ба роҳ монда нашудааст. Агар омӯзиши забон дар як ҳафта се соат ба роҳ монда шуда бошад, аз рӯйи 1,5 воҳиди корӣ ин хеле кам аст, чун як воҳиди корӣ 18 соати дарсиро дар бар мегирад, аз ин рӯ, бо назардошти соати ками дарсӣ ва дурии роҳ на ҳамаи омӯзгорон хоҳиши дарсдиҳӣ доранд.
Набудани муошират яке аз омилҳои асосии косташавии забон дар минтақаҳои кишвар гардидааст. Муошират дар деҳот нисбат ба марказ маҳдуд аст. Агар омӯзгор бо забони русӣ хуб дарс дода тавонад ҳам, бе муоширати байни ҳамдигар наметавон забонро ба пуррагӣ аз худ кард. Бо сабаби ба таълими фанҳо машғул будани мутахассисони ғайриихтисос масалан, дар ноҳияҳои Ҷайҳун ва Панҷ, аз рӯйи 1,5 воҳиди корӣ, ки ба 8 нафар омӯзгори фанни русӣ эҳтиёҷ доранд. Дар ноҳияи Панҷ 1 нафар омӯзгори фанни забони англисӣ намерасад. Мушкилоти дигар норасоии базаи моддию техникӣ ва методӣ, лексикографӣ ва иттилоотӣ, ҳамчунин технологияи инноватсионӣ ва моделҳои муосири таълим, адабиёт зарурӣ мебошад. Ҳарчанд дар даҳсолаи охир баъзе китобҳои нави таълимӣ аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ таҳия ва нашр шудаанд, онҳо наметавонанд ба талабот ҷавобгӯ бошанд.
Ин ва мушкилоти дигари раванди забономӯзӣ аз масъулон талоши бештар аз пештар мехоҳад.
О. ВАФОБЕКЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.06.2016 №: 115 Мутолиа карданд: 3287