logo

номаҳо

ҲАҚ БА ҲАҚДОР БОЯД РАСАД

Мо бе модар ва дар тарбияи бибию падарам будем. Дар ноҳияи Спитамен, Ҷамоати деҳоти Т. Улҷабоев, кӯчаи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, хонаи № 49 ҳамроҳи бибиям Бувиҷон Абдураззоқова, падарам Ҳабибулло Абдураззоқов ва хоҳарам Зарина зиндагӣ мекардем.

Фарзандони бибиям Ғайбулло, Хайрулло ва Навбаҳор дар дигар ҷо бо аҳли оилаашон мезистанд. Хоҳарам Зарина соли 2010 вафот кард. Пас аз он бибиям бемори рӯҳӣ шуд.
Соли 2013 ман ба шавҳар баромадам. Дар ҳамин сол дасту пойи бибиям фалаҷ шуд. Ман барои нигоҳубини ӯ омадам. Падари шавҳарам инро намехост. Аз ин рӯ, оилаамон вайрон гардид. 12 декабри соли 2014 бибиям дунёро дар 83 – солагӣ падруд гуфт. Падарам дар 48 – солагӣ, 28 июли соли 2015 вафот кард. Ҳанӯз ҷисми ӯро ба хок насупурда,  аммаву амакҳоям дар андешаи фурӯхтани хонаву тақсими пули он афтоданд.
Баъд аз 9 рӯзи вафоти падарам амакам Ғайбулло бо фарзандаш Дилшод ва ҳамсари амаам Навбаҳор омада, маро аз хона пеш карданӣ шуданд.
Ин амал, яъне пеш кардани ман аз хона чандин маротиба такрор ёфт. Ба санаи 7 апрели соли 2010 аз ҷониби Д. Азимова, нотариуси давлатии ноҳияи Спитамен, васиятнома тартиб дода шудааст, ки тибқи он бибиям ҳамаи молу мулкаш, аз ҷумла хонаи истиқоматияшро воқеъ дар ноҳияи Спитамен, Ҷамоати деҳоти Нов, кӯчаи Космонавт, хонаи рақами 37 - ро ба наберааш Абдураззоқов Дилшодҷон Ғайбуллоҷонович аз рӯи васият ба мерос гузоштааст.  Ман фикр намекунам, ки васиятнома қонунӣ бошад. Зеро дар он омадааст, ки бо сабаби камсавод ва пиронсол будани бибиям ба ҷояш як шоҳид имзо гузорад. Ҳол он ки ҳафтае пештар бибиям шиносномаи миллӣ гирифта, дар он худаш имзо гузоштааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳия ба дастгириям бархост, шароити зиндагиямро санҷид. Аммо фаҳмидам, ки онҳо ба кори суд дахл карда наметавонанд. Хуллас,  Дилшод, ки хона дорад, маро бехона карданӣ аст.
Фикр мекунам, ки пас аз ин муроҷиати имдодхоҳонаам ба гӯшаи «Шаҳрванд» - и рӯзномаи бонуфузтарини кишвар, яъне «Ҷумҳурият» масъаларо бори дигар аз рӯи адолат баррасӣ менамоянд ва ҳақ ба ҳақдор мерасад. Охир бояд чунин бошад.
Элмера АБДУРАЗЗОҚОВА, ноҳияи Спитамен


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2016    №: 115    Мутолиа карданд: 11181
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед