logo

илм

ОБСАБЗҲО. ОЛИМОН БЕШ АЗ 2000 НАМУДИ ОНРО МУАЙЯН НАМУДААНД

Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда, аз ҳисоби миқдори зиёди гуногунии биологии набототу ҳайвоноташ дар Осиёи Марказӣ яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд. То кунун бештар  аз 9 ҳазор намуди наботот ва бештар аз 13 ҳазор намуди ҳайвонот сабти ном шудаанд.

Обсабзҳо яке аз гурӯҳҳои калони гуногунии набототро ташкил дода, омӯзиш ва истифодаи онҳо яке аз самтҳои нисбатан нави илмӣ ва афзалиятоки  Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании Академияи илмҳо ба шумор меравад. Дар сурати мақсаднок парвариш намудани онҳо метавон ҳазорҳо тонна моддаҳои органикиро ба даст оварда, онро дар истеҳсоли саноати дорусозӣ, барои хӯроки моҳиён, парандаҳо, истеҳсоли биогази табиӣ барои сӯзишворӣ ва дар шакли нуриҳои органикӣ барои ҳосилхез гардондани заминҳои кишоварзӣ истифода намуд. Олимони институт то кунун дар ҳудуди Тоҷикистон бештар аз 2000 намуди обсабзҳоро муайян намуда, оид ба афзоиши онҳо тавсияҳои илмӣ пешниҳод намудаанд. Бештар аз 10 дарсади обсабзҳои дар ҷумҳурӣ дарёфтшуда дар ҳеҷ мавқеи ҷуғрофии курраи Замин пайдо нагаштаанд. Танҳо дар ҳавзҳои назди маҳаллаи Гулбуттаи шаҳри Душанбе бештар аз 300 намуди обсабзҳо муайян карда шудаанд. 
Олимони институт корҳои селексионӣ ва биотехнологиро доир ба офаридани навъҳои картошкаи солимгардондашуда ба ҷо меоранд. Комиссия давлатии навъсанҷии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи навъҳои Вазорати кишоварзӣ намудҳои серҳосили картошкаҳои «Дӯстӣ», «Файзобод», «Рашт» ва  «Тоҷикистон» - ро ноҳиябандӣ намуд, ки ҳосилнокии онҳо бештар аз 30 - 40 тонна аз 1 гектарро ташкил медиҳад. Ин навъро ҳоло дар майдони бештар аз 1500 гектар кишт мекунанд.  Инчунин, олимони институт навъи нави картошкаеро, ки дар таркиби лӯндаҳояш йоди бештар дорад ба даст оварданд, ки чунин маводи ғизоӣ метавонад барои пешгирии  бемории ҷоғар кумак расонад. Ин навъи картошка, ки он «Нилуфар» номгузорӣ шудааст, ба комиссияи давлатии навъсанҷии зироатҳои кишоварзӣ супурда шуд. 
Яке аз самтҳои ояндадори тадқиқот дар бахши биотехнологияи муосири рустаниҳо ин ҷустуҷӯ ва пайдо намудани роҳҳо ва усулҳои дигаргун сохтани геноми рустаниҳо бо истифода аз усулҳои муҳандисии генетикӣ ва ҳуҷайравӣ ба шумор меравад. Дар ин самти тадқиқот, ҳоло усули интрогрессивии гузарондани (перенос) генҳои авлодҳои ёбоии гандум - эгилопсҳо ба геноми гандуми киштукоршаванда баҳри баланд бардоштани устувории он ба касалиҳо, тағйирёбии иқлим ва дигар омилҳои стрессӣ, беҳтар намудани сифатҳои нонии гандум равона гардидааст.
Захираҳои генетикии институт хело бойю ғанӣ буда, олимон миқдори намунаҳои нодири зироатҳои кишоварзиро ҷамъ овардаанд. Фонди захиравии институт аз  120 номгӯй картошка, 100 намуд пахта, 20 ғалладонагиҳо, 20 топинамбур, 15 зироатҳои хӯроки чорво, 10 лӯбиёгиҳо, 2 боқлила, 2 батат ва ғайраҳо иборат аст.

Акобир МИРЗОРАҲИМОВ,
директори Институти ботаника, физиология ва
генетикаи рустании АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Ҳомидҷон АБДУЛЛОЕВ,
ҷонишини директор оид ба илм ва таълим,
Қурбоналӣ ПАРТОЕВ, сарходими илмӣ  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2016    №: 117-118    Мутолиа карданд: 26497
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед