logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 21 июни соли 2016

Муҳтарам аъзои Шӯро!
Шарикони рушди гиромӣ!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои миллии рушд масъалаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 ҳамаҷониба баррасӣ гардиданд ва ҳоло мехоҳам вобаста ба масъалаҳои баррасишуда андешаҳои худро баён намоям.
Қабл аз ҳама, мехоҳам оид ба дастовардҳо дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 мухтасар изҳори назар намоям.
Бояд гуфт, ки то аввали солҳои 2000 - ум тамоми неру ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои таъмини сулҳу субот, барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва фаъолияти рукнҳои давлатдорӣ, ба Ватан баргардонидани фирориён ва таъмини ваҳдати миллӣ равона шуда, танҳо аз аввали солҳои 2000 - ум мо ба марҳалаи рушд ворид гардида, пешрафти босуботи иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ, бахусус, сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ, иҷтимоӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаҳои гуногун таъмин намудем.
Баромадкунандагон, хусусан намояндагони соҳибкорону сармоягузорон ва шарикони рушд эътироф намуданд, ки мо дар давраи татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015, дар маҷмӯъ, ба дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардидем.
Дар давоми солҳои 2007 - 2015 устувории макроиқтисодӣ таъмин гардид. Аз ҷумла, суръати солонаи рушди иқтисодӣ ба ҳисоби миёна то ба 7 фоиз расида, сатҳи таваррум то адади якрақама паст карда шуд. Буҷети солонаи давлатӣ аз 1,8 то 15,7 миллиард сомонӣ ё қариб 9 баробар афзоиш ёфт. Касри буҷети давлатӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи ним фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нигоҳ дошта шуд. Қарзи давлатӣ нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ хеле кам карда шуд, ки тибқи меъёрҳои байналмилалӣ оид ба идоракунии қарз муътадил арзёбӣ мегардад.
Низоми бонкӣ мунтазам рушд ёфта, аз нигоҳи дороиҳо ва пасандозҳо 2 баробар, қарз 6 баробар ва шумораи кортҳои пардохтӣ 30 баробар зиёд шуд. Тавассути татбиқи ислоҳоти зарурӣ фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ фароҳам гардида, муколама ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ ривоҷ ёфт.
Амалӣ намудани Стратегияи миллии рушд имкон дод, ки солҳои 2007 – 2015 беш аз 1600 коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ ва зиёда аз як миллион ҷойҳои корӣ таъсис дода шуданд. Дар натиҷа истеҳсолоти ватанӣ тавсеа ёфта, мо ҳатто аз рӯи баъзе молу маҳсулот, ба монанди меваю сабзавот ва масолеҳи сохтмон, аз ҷумла семент, аз кишвари воридкунанда ба содиркунандаи онҳо табдил ёфтем.
Узвияти Тоҷикистон дар ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва ба тасвиб расидани як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ вобаста ба рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои минтақавию байналмилалии кишварро вусъат бахшиданд.
Дар доираи татбиқи стратегияи зикршуда барои расидан ба ҳадафҳо ва маблағгузории лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар дар ҳаҷми умумии 2,6 миллиард доллари амрикоӣ сафарбар гардид, ки 94 фоизи он аз ҷониби шарикони рушд ҷудо карда шудааст. Бинобар ин, бо истифода аз фурсати муносиб, аз номи  Ҳукумати мамлакат  ба шарикони рушд барои дастгириҳояшон миннатдорӣ баён менамоям.
Ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. Дар соҳаи кишоварзӣ тавассути тадбирҳои андешидашуда, аз ҷумла аз худ кардани заминҳои нав, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо, зиёд кардани майдони боғу токзорҳо ва ислоҳоти соҳа, бахусус ҳалли қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ, фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мардуми кишвар бамаротиб беҳтар шуд.
Сохтмону таҷдиди неругоҳҳои барқӣ, маркази барқу гармидиҳӣ, хатҳои интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ, инчунин ислоҳот дар соҳаи энергетика имкон дод, ки таъминоти аҳолӣ ба барқ, фаъолияти устувори инфрасохтори энергетикӣ ва содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя дар фасли тобистон ба таври назаррас беҳтар гардад. Аз ҷумла, бунёди неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”, навбати якуми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, хатҳои интиқоли барқи “Ҷануб - Шимол”, “Лолазор - Хатлон” ва “Хуҷанд - Айнӣ” анҷом ёфта, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Тавассути бунёд ва таъмири роҳҳо, пулу нақбҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ рафтуомад, боркашонӣ ва тиҷорати дохиливу байналмилалӣ осон ва дастрас гардид, ки ҳамаи ин барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани мо мусоидат намуд. Ҳамагӣ 2000 километр роҳҳои автомобилгард, 132 километр хати роҳи оҳан, 200 адад пул ва 31 километр нақб бунёду таҷдид гардида, ба истифода дода шуданд.
Вазъи демографӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус маориф ва тандурустӣ пайваста дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ба воситаи сохтмону таъмири муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва ислоҳоти зарурӣ дар ин соҳаҳо хеле беҳтар гардид. Дар натиҷа сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 53 фоизи соли 2007 то ба 31 фоиз дар соли 2015 коҳиш дода шуд. Дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 73,5 сол боло рафт. Нишондиҳандаи фавти модарон ҳангоми таваллуд 1,8 баробар ва фавти кӯдакон 2,7 баробар коҳиш ёфт. Дастовардҳои зикршуда натиҷаи талошҳои дастҷамъонаи Ҳукумати мамлакат якҷо бо мардуми заҳматкаши кишвар, соҳибкорону сармоягузорон, шарикони рушд, созмонҳои ҷамъиятӣ ва давлатҳои ба мо дӯст мебошанд. Дар баробари ин, омилҳои берунӣ ва баъзе мушкилоти ҷойдошта барои иҷрои пурраи тадбирҳо ва нишондиҳандаҳои ҳуҷҷатҳои стратегӣ монеа эҷод карданд.
Буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонии солҳои 2008 - 2009, тағйирёбии ҷиддии вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон дар солҳои 2014 -2015, коҳишёбии суръати рушди иқтисодиёти шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон, норасоии неруи барқ дар фасли зимистон, дастрасии нокифоя ба оби ошомиданӣ, вобастагии аз ҳад зиёди иқтисодиёт аз воридот, истифодаи нопурраи захираву имкониятҳои мавҷуда ва сифати нокифояи хизматрасониҳо дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ аз ҷумлаи чунин омилҳо мебошанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 нақшаву афзалиятҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлати Ҳукумати кишвар ва мардуми он инъикос ёфтаанд.
Стратегияву барномаи мазкур дар айни замон уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро аз рӯи Ҳадафҳои рушди устувор, ки дар ҷаласаи 70 - уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид моҳи сентябри соли 2015 қабул шудаанд, дар самтҳои таъмини самаранокии идоракунии давлатӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  амнияти озуқаворӣ, энергияи боэътимод ва таҳкими бахшҳои маориф, тандурустӣ, шуғли пурмаҳсул ва пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ ба инобат мегиранд. Ин дувумин стратегияи дарозмуддати рушди кишвар дар таърихи соҳибистиқлолии мо ба ҳисоб рафта, дар он ҳадафҳо ва афзалиятҳои рушди дарозмуддат бо дарназардошти сабақҳои андӯхта, орзуву ниятҳои мардуми кишвар, захираву имкониятҳои мавҷуда, омилҳои беруниву дохилӣ ва пешбиниҳои раванди сиёсиву иқтисодии ҷаҳониву минтақавӣ муайян карда шудаанд.
Муҳайё намудани зиндагии шоиста барои шаҳрвандони кишвар тӯли 15 соли оянда низ ҳамчун ҳадафи олии стратегии мо боқӣ мемонад. Вобаста ба ин, мо мақсад дорем, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ба ҳар сари аҳолӣ то андозаи зарурӣ зиёд намуда, кишварро ба гурӯҳи давлатҳои миёнадаромади сатҳи миёна дохил намоем; нодории (фақри) шадидро пурра бартараф карда, сатҳи камбизоатиро зиёда аз ду баробар коҳиш диҳем ва ҳиссаи табақаи миёнаро аз 22 то 50 фоизи аҳолӣ зиёд кунем.
Барои марҳалаи зикршуда мо ҳадафҳои стратегии зеринро муайян кардем, ки онҳо тақвияти ҳадафҳои стратегии амалкунанда мебошанд, яъне гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва ниҳоят вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул.
Тавре дар паёмҳои ду соли охири худ ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид намудам, ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои зикршуда, мо азми қатъӣ дорем, ки самаранокӣ, гуногуншаклӣ ва рақобатпазирии тамоми неруву иқтидорҳоро дар самтҳои афзалиятноки зерин ба таври назаррас баланд бардорем ва ислоҳоту дигаргуниҳои ҷиддиро татбиқ намоем.
Аввалан, мо самаранокӣ, гуногуншаклӣ ва рақобатпазирии бахши воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла воситаҳои асосии корхонаву муассисаҳо, сарватҳои табиӣ, ба монанди об, замин ва маъданҳои зеризаминӣ, инфрасохтори энергетикӣ, нақлиётӣ ва иттилоотиву коммуникатсиониро то сатҳу сифате бояд баланд бардорем, ки истеҳсолоти ватанӣ бамаротиб рушд ёбад ва дорои сифати баланд ва рақобатпазир бошад.
Барои ин ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар ҳамаи ин самтҳо муҳим мебошад. Ин самтҳои афзалиятнок, дар айни замон, барои афзун гардонидани содироти маҳсулоти ватанӣ низ омили асосӣ ба ҳисоб мераванд. Зеро барои ноил шудан ба рушди босуботи иқтисодӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, афзоиши содирот ва коҳиш додани воридот танҳо гуногуншаклии содирот кифоя набуда, бояд самаранокӣ ва гуногуншаклии тамоми иқтидору захираҳои мавҷуда дар ҳамбастагӣ баланд бардошта шавад.
Мо дар 15 соли оянда саҳми соҳаи саноатро дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба таври назаррас зиёд карда, Тоҷикистонро аз кишвари аграрӣ - индустриалӣ ба индустриалӣ - аграрӣ табдил хоҳем дод. Сохтори содиротро аз содироти ашёи хом бештар ба содироти молу маҳсулоти тайёр мубаддал мегардонем.
Бинобар ин, ба Ҳукумати кишвар зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи стратегия ва барномаи мазкур сарчашмаҳои таъмини рушд ва захираву иқтидорҳоро дақиқ ва мушаххас карда, ба амалӣ намудани чорабиниҳои муҳиму фарогир афзалият диҳад. Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати афзоиши истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, пешниҳоди механизми самараноки дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони молҳои ватанӣ ва гузаронидани ислоҳоти зарурӣ дар бахшҳои воқеӣ ҳангоми татбиқи ҳар ду ҳуҷҷат ба тадбирҳои асосӣ аҳамият дода шавад. Мо тасмим гирифтаем, ки то соли 2030 иқтидори энергетикии кишварро аз 17 то 45 миллиард киловатт - соат дар як сол ё қариб 3 баробар афзоиш дода, ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои соҳа ислоҳоти ҷиддиро роҳандозӣ намоем;
содироти неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба кишварҳои ҳамсоя тавассути хатҳои минтақавии интиқоли неруи барқ, аз ҷумла CASA-1000 то 10 миллиард киловатт - соат афзун гардонем;
роҳҳои мошингарду оҳан, нақбу пулҳо, марказҳои логистикӣ, фурудгоҳу долонҳои нақлиётӣ ва дигар инфрасохтори нақлиётиро бунёд ва таҷдид намуда, хизматрасониҳои онҳоро ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардонем ва ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон икдомоти заруриро роҳандозӣ намоем.
Мо ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ дар иқтисодиёт афзалияти бештар медиҳем, зеро таъсири мусбати он барои пешрафти тамоми соҳаҳо, ғанигардонии буҷети давлатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши даромади аҳолӣ хеле муҳим мебошад. Барои боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ мо дар самти содаву осон гардонидани низоми андозбандиву савдо, дастгирии давлатӣ, дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ ва аз байн бурдани монеаҳои сунъӣ тадбирҳои заруриро татбиқ менамоем. Ва дар 15 соли оянда фазои сармоягузории Тоҷикистонро дар арзёбии Пешбурди соҳибкории Бонки ҷаҳонӣ беҳтар намуда, ҳиссаи сармоягузориҳои хусусиро дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 5 то 25 фоиз зиёд мекунем.
Рушди босуботи иқтисодӣ фаъолияти устувори бонкҳоро талаб менамояд. Зеро низоми бонкиро беҳуда рагҳои хунгарди иқтисодиёт нагуфтаанд. Аз ин лиҳоз, устувории молиявӣ ва рақобатпазирии бонкҳо, ташкилотҳои молиявӣ ва корхонаву муассисаҳои давлатиро  тақвият медиҳем ва ислоҳоти заруриро дар ин самт амалӣ менамоем.
Дӯстони азиз!
Самти дуюми фаъолияти мо афзалият додан ба рушди неруи инсонӣ мебошад. Дар шароити пешрафти босуръати технологии ҷаҳони муосир неруи инсонӣ торафт ба омили муҳими таъмин намудани рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии ҳар як кишвар табдил ёфта истодааст.
Имрӯзҳо раванди ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии кишварҳо аз як макон ба макони дигар кӯчидани қувваи кориро нисбат ба солҳои пешин осонтар гардонидааст. Дар чунин ҳолат танҳо кишваре бурд мекунад, ки неруи инсонии рақобатнок дошта бошад.
Бо дарназардошти ин нуктаҳо ва бо мақсади баланд бардоштани сифати неруи инсонӣ мо ба сатҳу сифати маориф ва илм, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва дигар шароити коммуналиву манзилӣ ва муҳити зист таваҷҷуҳи хоса медиҳем.
Дар 15 соли минбаъда аз рӯи нишондиҳандаи индекси рушди инсонӣ Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои дорои сатҳи баланди рушди инсонӣ ворид хоҳад шуд. Фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз 12 то 50 фоизи шумораи умумии онҳо зиёд мегардад. Дар ин давра ҳамаи аҳолии калонсол ҳадди ақал дорои маълумоти миёна ва на кам аз нисфи аҳолии дар иқтисодиёт машғулбуда дорои таҳсилоти олӣ хоҳад шуд.
Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои дарозмуддат сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус муассисаҳои таҳсилоти олӣ бамаротиб беҳтар гардонида, хатмкунандагону мутахассисони ҷавобгӯи замони муосир омода карда мешаванд ва барои ин муассисаҳои таълимӣ, пеш аз ҳама, бо муаллимони лаёқатнок таъмин карда, масъулиятнокии роҳбарони муассисаҳои таълимӣ баланд бардошта мешавад.
Механизми нави арзёбии натиҷаи фаъолияти муассисаҳои таълимӣ бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ ба таври шаффоф ҷорӣ гардида, маблағгузорӣ ва дастгирии давлатии муассисаҳои таълимӣ, бахусус муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар асоси натиҷаҳои арзёбии зикршуда сурат хоҳад гирифт. Барнома ва лоиҳаҳои илмиву таҳқиқотии инноватсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ рушд карда, пайвастагии илм ва истеҳсолот таъмин мегардад, заминаҳои рушди инноватсионӣ ва кластерҳои илмиву истеҳсолӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт ташаккул  дода хоҳанд шуд. Дар баробари ин, мо сифати тандурустиро дар ҳамаи сатҳҳои хизматрасонии тиббӣ бамаротиб беҳтар хоҳем кард. Дар 15 соли оянда дарозумрии миёнаро то 80 сол расонида, фавти модару кӯдакро то сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ коҳиш медиҳем.
Бо ин мақсад, сатҳи касбӣ ва малакаи мутахассисони соҳаи тиб, инчунин сатҳу сифати хизматрасонии муассисаҳои тиббиро ҷавобгӯи талаботи замони муосир гардонида, механизми нави арзёбии натиҷаҳои фаъолияти табибон ва муассисаҳои тиббиро бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ ба таври шаффоф ҷорӣ менамоем ва маблағгузориву дастгирии давлатии муассисаҳои тиббиро дар асоси натиҷаҳои чунин арзёбӣ ба роҳ хоҳем монд.
Ҷиҳати беҳтар намудани шароити зиндагӣ сифати хизматрасониҳои коммуналӣ, дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ ва манзил, беҳдошт, ҳифзи муҳити зист ва идоракунии хавфи офатҳои табиӣ ба куллӣ баланд бардошта мешаванд. Пешниҳоди ёрии унвонӣ ва дастгирии иҷтимоӣ барои табақаҳои осебпазири ҷомеа тавсеа дода мешавад. Истифодаи самарабахши неру ва иқтидори ҷисмонӣ ва маънавию фарҳангии ҷавонон ҳамчун омили муҳими рушди соҳаҳои гуногун таъмин карда мешавад.
Аз ин хотир, дар сатҳи  ҷавобгӯи талаботи муосир рушд додани неруи инсонӣ, дар раванди татбиқи ҳар ду ҳуҷҷати стратегӣ ва барномаҳои соҳавии дахлдор тадбирҳои асосӣ, пеш аз ҳама, бояд ба баланд бардоштани сифати маориф ва тандурустӣ дар ҳамаи шаклу зинаҳои таҳсилот ва хизматрасонӣ равона карда шаванд.
Ба шуғли пурмаҳсул низ ҳамчун омили асосии рушди неруи инсонӣ ва сифати он аҳамияти хоса медиҳем. Шуғли пурмаҳсулро тавассути баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва сифати бозори меҳнат, рушди соҳаҳои саноати коркард, кам кардани шумораи бекорон, хусусан дар байни ҷавонон, дигаргуниҳои сохторӣ ва идоракунии самарабахши муҳоҷирати меҳнатӣ вусъат медиҳем.
Дар 15 соли минбаъда шуғли расмӣ аз 40 то 70 фоизи шумораи умумии аҳолии машғули кор зиёд карда мешавад. Барои ин, аз ҳисоби рушди соҳаҳои коркард, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти бофандагӣ, хӯрокворӣ, сохтмонӣ, кимиёвӣ, маъданҳо ва хизматрасониҳои нақлиёту алоқа, сайёҳӣ ва маорифу тандурустӣ ҷойҳои корӣ таъсис дода мешаванд.
Ҳозирини гиромӣ!
Тақвияти институтсионалии кишвар самти дигари афзалиятноки рушд шумурда мешавад.
Таҳлили таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки тақвияти институтсионалӣ яке аз омилҳои асосӣ дар ҷаҳиши иқтисодии кишварҳо ба шумор меравад. Ин самт дар баробари ниҳодҳо (институтҳо) аз тартиби муқарраргардида, аз ҷумла санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ вобастагии калон дорад. Агар моли ватаниро истеҳсол намоему ниҳодҳо ва қоидаҳои амалкунанда онро дар дохилу хориҷи кишвар самаранок ба фурӯш ва содирот бароварда натавонанд, он гоҳ моли истеҳсолкардаамон дар анборҳо мемонаду манфиат намеорад. Яъне тақвияти институтсионалӣ талаб мекунад, ки ниҳодҳо ва қоидаҳои амалкунанда самаранок кор кунанд.
Бинобар ин, самаранокии фаъолияти институтҳои давлативу ғайридавлатӣ ва қоидаҳои амалкунандаро бамаротиб баланд бардошта, иқтидори институтсионалии кишварро тақвият медиҳем.
Дар робита ба ин, мо самарабахшии фаъолияти ҳокимияти судиро ҷиҳати таъмин намудани волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқи молумулкиву инсонӣ ва кам кардани зинаҳои бюрократӣ беҳтар мекунем. Ҳамзамон бо ин, дараҷаи самаранокии мақомоти идоракунии давлатӣ, ниҳодҳои хизматрасони бахши хусусӣ, механизми дастгирӣ ва шарикии соҳибкорону сармоягузорон ва муқовимат бар зидди омилҳои коррупсиониро боз ҳам баланд мебардорем.
Ҳозирини гиромӣ!
Масъалаҳои таъмини устувории вазъи макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва инкишофи мутавозини минтақаҳои кишвар шарти асосии рушди босуботи дарозмуддат ба ҳисоб меравад.
Дар шароити зудтағйирёбандаи вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза иқтидори тобоварӣ ва рақобатпазирии иқтисодиёти ватанӣ ба таъсири омилҳои беруна бояд тақвият дода шавад.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва суботи иҷтимоӣ мунтазам тадбирҳои амалӣ меандешад.
Дар баробари ин, муваффақ шудан ба ҳадафҳо ва афзалиятҳои ин ҳуҷҷатҳои стратегӣ аз маблағгузории онҳо аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо, яъне давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд вобастагии калон дорад. Бинобар ин, Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва шарикони рушд ҳаҷми маблағгузорӣ ва сарчашмаҳои онҳоро ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳову афзалиятҳои дар ҳар ду ҳуҷҷати стратегӣ муайяншуда бори дигар дақиқ намояд.
Бовар дорам, ки кулли мардуми кишвар, сохтору мақомоти давлатӣ, соҳибкорону сармоягузорон, ҳизбҳои сиёсӣ, хизматчиёни давлатӣ, васоити ахбори омма ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар раванди таъмини рушд ва ҳамзамон бо ин, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат саҳми бештар  мегузоранд.
Ҳукумати мамлакат ва тамоми сохторҳои давлатиро зарур аст, ки дар заминаи афзалиятҳои рушди дарозмуддат барои давраи то соли 2030 ва миёнамуҳлат барои солҳои 2016 - 2020 ҳамкориҳои судмандро бо соҳибкорони ватанӣ, шарикони рушд, сармоягузорони хориҷӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор васеъ ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои муайянгардида аз тамоми имконияту иқтидорҳои мавҷуда самаранок истифода баранд. Умедворам, ки дар раванди татбиқи стратегияву барномаи мазкур нақши шарикони рушди Тоҷикистон назаррас хоҳад буд, чунки дастгирии молиявию техникии онҳо барои ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди дарозмуддату миёнамуҳлат ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, ба Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо вазорату идораҳо супориш дода мешавад, ки:
1. Лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2016 - 2020 бо дарназардошти мулоҳизаву пешниҳодҳои ҷаласаи имрӯза такмил дода, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд;
- бо ҷалби коршиносон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони рушд то охири соли ҷорӣ лоиҳаи Дастури методӣ оид ба таҳияи барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ ва Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар ва барномаҳои соҳавиро таҳия намуда, барои баррасӣ ба Ҳукумат манзур намояд;
- якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо маъракаи паҳн намудани иттилоотро ба аҳолӣ доир ба қисматҳои асосии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 ба роҳ монад.
2. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо:
- минбаъд барномаҳои нави соҳавию минтақавиро дар асоси сохтор, ҳадаф ва афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 бо таҳлилҳои асоснок, инчунин бо дарназардошти дурнамои нишондиҳандаҳои воқеӣ ва чорабиниҳои мушаххас таҳия намоянд ва дар сурати зарурат барномаҳои амалкунандаро бо санадҳои зикршуда мутобиқ гардонанд;
- дар доираи сохтор ва шумораи штатии мавҷуда воҳидҳои сохтории таҳлил ва арзёбии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 ва барномаҳои соҳавию минтақавиро таъсис дода, шахсони роҳбарикунандаи масъулро дар ин самтҳо муайян намоянд.
Муҳтарам аъзои Шӯро!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар хотимаи сухан мехоҳам ба кори Шӯрои миллии рушд барору комёбӣ хоста, ба ҳамаи онҳое, ки дар баргузории ҷаласаи имрӯза фаъолона иштирок карданд, миннатдорӣ баён намоям.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2016    №: 120    Мутолиа карданд: 2078
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед