маориф
БОНУВОНИ КОЛЛЕҶ:
алайҳи тазодҳо бояд истодагарӣ намуд
Мо дар ҷаҳоне зиндагонӣ мекунем, ки пур аз тазодҳои ақидавӣ, гирудорҳои сиёсӣ ва ихтилофоти мазҳабӣ аст. Аз ин лиҳоз, мо-занонро зарур аст, ки дар муқобили ин рӯйдодҳо бо фикру ақидаи солими ободгарона ва зиндагидӯстонаи худ истодагарӣ кунем, фарзандонро дар рӯҳияи ватанпарастӣ, худогоҳӣ ва таҳаммулпазирӣ тарбия намоем.
Имрӯз бонувони омӯзгори коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент дар назди худ мақсад гузоштаанд, ки бо истифода аз таҷрибаи зиндагӣ ва малакаи корӣ донишҷӯёнро, ки аксарашон духтарон мебошанд, ба роҳи дуруст ва ахлоқи ҳамида ҳидоят намоянд. Дар муассиса дар баробари омӯзиши касбӣ ба тарбияи ахлоқӣ ва одобу рафтори духтарон диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Ҳамасола бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, хулқу атвори неки донишҷӯён бо ташаббуси шӯрои бонувони коллеҷи тиббӣ дар мавзӯъҳои «Шарму ҳаё - ҳусни духтарон», «Бонувон - зиннатбахши зиндагӣ», «Оилаи солим - ҷомеаи солим» чорабиниҳои судманд гузаронда мешаванд.
Тарбияи фарзандон дар оила асосан бар дӯши занон аст. Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ шумораи пошхӯрии оилаҳои ҷавон зиёд шудааст, ки яке аз сабабҳои он омода набудани духтарон ба зиндагии мустақилона мебошад. Соли гузашта бо ташаббуси маъмурияти коллеҷ ва дастгирии ассотсиатсияи падару модарон дар назди муассиса ошхонаи миллӣ таъсис дода шуд, ки дар он ба духтароне, ки дар оянда оила барпо мекунанд, пухтупаз, одоби меҳмондорӣ ва муошират омӯхта мешавад.
Омӯзгорони коллеҷ ҳангоми дарсҳои тарбиявӣ ба донишҷӯён ҳамеша таъкид мекунанд, ки ба ҳар гуна ақидаҳои иғвогаронае, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоии хориҷӣ паҳн карда мешаванд, пайравӣ накунанд, дар фикри омӯзиш ва ободии кишвар бошанд.
Ба донишҷӯён, ки табибони оянда ҳастанд ва бо тану ҷони инсон сару кор доранд, фаҳмонда мешавад, ки хушмуомила бошанд, зеро сухани нарму дилнишин низ ба тандурустӣ ва ислоҳи дуруштиҳои равонии инсон кумак мерасонад.
МУҚУМА РОФИЕВА,
раиси шӯрои бонувони
коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.06.2016 №: 119 Мутолиа карданд: 3850