суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Ишкошим, 27 июни соли 2016
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини арҷманд!
Сафари имрӯзаи мо ба яке аз мавзеъҳои нодири таърихии мамлакатамон - ноҳияи Ишкошим дар рӯзи таҷлили яке аз санаҳои муҳими таърихӣ дар ҳаёти мардуми кишварамон, яъне Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дар арафаи ҷашни барои ҳар яки мо муқаддаси миллӣ-биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардида истодааст. Бинобар ин, бо истифода аз фурсат, ҳамаи шумо ҳозирини гиромӣ ва тамоми сокинони сарбаланди ноҳияро ба ифтихори ин санаҳои таърихӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо хушбахтиву осоиш ва саодати доимии рӯзгорро орзу менамоям.
Қобили зикр аст, ки аз сафари қаблии мо то ба имрӯз дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳия пешравиҳои назаррас ба амал омадаанд. Тамоми талошҳои Ҳукумати мамлакат низ ба он равона шудаанд, ки ҳар як гӯшаи кишвари азизамон рушду тараққӣ карда, мо ҳама якҷо ба ҳадафи ниҳоии худ - рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии сазовори сокинони кишварамон ноил гардем. Бо ин мақсад, дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ишкошим 155 иншооту биноҳои таъйиноти гуногун ба маблағи умумии 70 миллион сомонӣ бунёд карда шудаанд.
Бунёди мактаб ва синфхонаҳои иловагӣ барои 1800 ҷойи нишаст, манзилҳои истиқомативу меҳмонхонаҳо, зиёда аз 51 километр хати оби нӯшокиву полезӣ, неругоҳи барқи обӣ дар деҳаи Лангар, таҷдиди таҷҳизоти неругоҳи барқи обии Намадгут, хати интиқоли барқ бо зеристгоҳи 35-киловолтаи Птуп – Вранг, азнавсозии зеристгоҳҳои Андаробу Ишкошим, хати интиқоли барқ аз зеристгоҳи Бизмичи шаҳри Хоруғ то зеристгоҳи Андароби ноҳияи Ишкошим ва дигар иншооти навбунёд аз ҷумлаи дастовардҳои ноҳия дар даврони соҳибихтиёрии кишварамон ба ҳисоб мераванд.
Айни замон дар ноҳия чор неругоҳи хурди барқи обӣ фаъолият дорад. Илова бар ин, дар се соли оянда бунёди 14 зеристгоҳи трансформаторӣ ба маблағи 8 миллион сомонӣ, таҷдиди неругоҳи барқи обии ба номи Отамбеков бо харҷи 15 миллион сомонӣ ва азнавсозии хати интиқоли барқ дар масофаи 150 километр ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар даврони соҳибистиқлолии давлатамон барои пешрафти соҳаҳои мухталифи ноҳия аз ҳисоби буҷети давлатӣ 230 миллион сомонӣ сарф шуда, дар се соли оянда аз ҳамин ҳисоб бо мақсади идомаи корҳои ободониву созандагӣ боз 100 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ин давра, аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузорӣ ба соҳибкорон ва аҳолии ноҳия зиёда аз 80 миллион сомонӣ қарз дода шуда, ҷиҳати рушди соҳибкорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ иловатан 5 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст. Инчунин, дар доираи лоиҳаи муштараки сармоягузории «Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим» ба маблағи қариб 1 миллион сомонӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ амалӣ гардидаанд. Ҳамин тавр, дар биступанҷ соли сипаришуда соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар маҷмӯъ 325 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудаанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини рушди босуботи ноҳия Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ишкошимро барои солҳои 2016-2020 қабул кардааст, ки ҳадафи асосии он таъмин намудани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон мебошад. Тибқи барнома дар ояндаи наздик азхуд намудани як қатор иқтидорҳои нав дар назар дошта шудааст, ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, болоравии сатҳи зиндагии мардум ва паст шудани сатҳи камбизоатӣ мусоидат мекунад. Барномаи зикршуда 134 лоиҳаро дар бар гирифта, барои татбиқи онҳо 220 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 67 миллиони он аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ҷудо карда мешавад.
Мувофиқи барномаи дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар назар аст, ки дар соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ нисбат ба соли 2015 мутаносибан ба 16 ва 17 фоиз зиёд шуда, беш аз 500 ҷойи кори доимӣ таъсис дода мешавад ва ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар ҳамаи соҳаҳо 24 фоиз зиёд мегардад. Бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Ишкошим зарур аст, ки ҳамкориро бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар тақвият бахшида, ҷиҳати ноил шудан ба нишондиҳандаҳои дурнамо ва таъмини иҷрои Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2016 - 2020 чораҳои мушаххас андешанд.
Ҳамватанони арҷманд!
Ҳоло дар ноҳияи Ишкошим 16 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ фаъолият мекунанд, ки ин рақам бо дарназардошти захираву имконоти ноҳия ҳанӯз хеле кам аст. Зеро дар қаламрави ноҳияи Ишкошим захираҳои табиӣ, аз қабили сангҳои қиматбаҳо, ороишиву сохтмонӣ, аз ҷумла санги мармар ва обҳои маъданиву шифобахш хеле фаровонанд, ки барои бунёди корхонаву коргоҳҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ мусоидат карда метавонанд.
Бо мақсади ба роҳ мондани коркарди захираҳои табиии ҳудуди ноҳия ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода мешавад, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, инчунин соҳибкорони маҳаллӣ, ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ барои бунёди коргоҳҳои коркарди мармар дар назди кони Кӯҳи Лаъли деҳаи Лангар чораҳои зарурӣ амалӣ намоянд. Ҳамчунин, барои бо неруи барқи доимӣ таъмин намудани аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои ҳудуди ноҳия Вазорати энергетика ва захираҳои обро зарур аст, ки масъалаи сохтмони неругоҳи барқи обии Ямчунро бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҳамаҷониба омӯхта, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди асоснок манзур созад.
Дӯстони арҷманд!
Айни замон дар ноҳияи Ишкошим Минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият карда истодааст, ки ҳадафи асосии он тавассути ҷалби бештари сармоя ва таъсиси корхонаҳои гуногуни истеҳсоливу хизматрасонӣ тақвият бахшидан ба рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва ноҳия ва боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон мебошад.
Дар давоми се соли охир барои рушди минтақаи зикршуда аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 5 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои сохтмони маъмурият ва инфрасохтори минтақа 4 миллион ва ҷиҳати нигоҳдории он беш аз 1 миллион сомонӣ хароҷот шудааст.
Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” дар масири се давлати ҳамсарҳад – Ҷумҳурии Мардумии Чин (Қошғар), Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ишкошим) ва Ҷумҳуриии Исломии Афғонистон (Файзобод) мавқеъ гирифтааст ва дар оянда барои рушди соҳибкорӣ ва тиҷорати байналмилалӣ метавонад ҳамчун маркази муҳими ҳамоҳангсозӣ хизмат намояд. Бинобар ин, Вазорати рушди иқтисод ва савдо вазифадор аст, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Ишкошим дар ояндаи наздик бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодӣ чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷааш ба Ҳукумати мамлакат таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд.
Бояд гуфт, ки соҳаи кишоварзӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ишкошим нақши назаррас дошта, беш аз 11 ҳазор нафар аҳолии ноҳия дар ин соҳаи муҳим фаъолият дорад.
Дар доираи барномаи азхудкунии заминҳои нав танҳо дар давоми солҳои 2008 – 2010 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ қариб 250 гектар заминҳои бекорхобида аз худ карда шудаанд.
Вале бояд гуфт, ки дар ноҳияи Ишкошим имкониятҳо дар ин самт ҳанӯз хеле зиёданд.
Аз ин рӯ, барои ноил шудан ба рушди боз ҳам устувори соҳа ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ роҳбарону мутахассисонро зарур аст, ки ҷиҳати таъминоти соҳа ба техникаву таҷҳизоти зарурӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва бо об таъмин намудани онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳамчунин, ба Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикагролизинг” ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим зарур аст, ки масъалаҳои ба маркази техникии ноҳия ҷудо намудани техникаву мошинолоти кишоварзӣ, беҳтар намудани фаъолияти иншооти гидротехникӣ, бо оби полезӣ таъмин намудани заминҳои мавзеъҳои нав ва таъмири асосии шабакаҳои обрасониро ҳаллу фасл намоянд.
Дӯстони арҷманд!
Ноҳияи Ишкошим яке аз минтақаҳои зебоманзари мамлакат буда, бо табиати асрорангез ва чашмаҳои гарму шифобахшаш дар мамлакат ва берун аз он машҳур гардидааст. Мавҷуд будани чашмаҳои шифобахши Гармчашма, Биби Фотимаи Зуҳро, Сист, Баршор, Авҷ, Удит, Даршай, Ямчун, Вранг, Ширгин ва Зонг таваҷҷуҳи сайёҳони кишварҳои дуру наздикро ба худ ҷалб намуда, барои рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи воқеӣ мегузорад.
Дар давоми солҳои 2010 - 2016 танҳо барои нигоҳдорӣ ва фаъолияти мунтазами истироҳатгоҳи Биби Фотимаи Зуҳро аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ 5 миллион сомонӣ харҷ гардидааст. Ҳоло беш аз 60 нафар мутахассисону кормандон ба хизматрасонии истироҳаткунандагон машғул мебошанд. Вале бояд гуфт, ки ҷалби сайёҳон ва истироҳаткунандагон ба мавзеъҳои тамошобобу табобатии ноҳия ва сатҳу сифати хизматрасонӣ ҳанӯз ҳам чандон дуруст ба роҳ монда нашудааст.Дар робита ба ин масъала, Вазорати фарҳанг ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия барои барқарор намудани ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла қалъаҳои Қаҳқаҳ, Ямчун, ташкили инфрасохтори муосири сайёҳӣ ва бо ҳамин роҳ тараққӣ додани бахши сайёҳӣ тадбирҳои судманд андешанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳукумати кишвар дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳо ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Ишкошим низ аҳамияти хоса медиҳад.
Дар даврони истиқлолият дар ноҳияи Ишкошим аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 26 бинои нав ва синфхонаҳои иловагӣ ба маблағи беш аз 9 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. Тибқи нақша соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ се бинои нави таълимӣ ба маблағи қариб 4 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешавад.
Чанд лаҳза пештар мо дар маркази ноҳия санги асоси муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-ро барои 380 нафар хонанда гузоштем, ки дар муҳлатҳои наздик ба истифода дода хоҳад шуд. Илова бар ин, дар се соли оянда, яъне дар солҳои 2017 - 2019 ба маблағи 10,5 миллион сомонӣ сохтмони боз се муассисаи таълимӣ бо 800 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
Ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи маорифи ноҳия Вазорати маориф ва илм якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Ишкошим вазифадор карда мешаванд, ки дар давраи миёнамуҳлат сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 50 барои 60 ҷойи нишаст дар деҳаи Сист ва барои 192 ҷойи нишаст дар деҳаи Қозидеҳро аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ ба анҷом расонанд.
Маблағгузории соҳаи тандурустии ноҳияи Ишкошим низ солҳои охир ба таври назаррас афзоиш ёфта, ин нишондиҳанда соли ҷорӣ зиёда аз 5 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 1992-юм 600 баробар зиёд мебошад. Бо мақсади таъмин намудан бо доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба муассисаҳои табобатии ноҳияи Ишкошим аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 60 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ дастрас карда шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар ин давра дар ноҳия нишондоди фавти кӯдак ва бемории домана хеле кам гардида, паҳншавии бемориҳои сироятии хавфнок ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ин раванд, бо дарназардошти баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва беҳтар намудани шароити инфрасохтори соҳаи тандурустӣ дар ноҳия Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия дар доираи маблағҳои Буҷети давлатӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ доир ба сохтмони беморхонаи минтақавии деҳаи Вранг ва сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Ямчун, инчунин барои таъмиру азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани муассисаҳои тандурустии ноҳия чораҳои зарурӣ андешад.
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи ободиву дигаргуниҳое, ки дар кишвари азизамон то имрӯз сурат гирифтаанд, баракати истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ мебошанд. Мо бояд ба қадри ин неъматҳои бебаҳо расем, шукронаи Ватани озоду соҳибихтиёрамонро ба ҷо орем, ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ бошем, фарзандонамон, яъне наврасону ҷавононро дуруст тарбия кунем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят созем ва ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардондани сарзамини биҳиштосоямон содиқона заҳмат кашем.
Бовар дорам, ки мардуми сарбаланд ва бонангу номуси ноҳияи Ишкошим дар қатори сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои кишварамон минбаъд низ бо заҳмати софдилона ноҳияи худро ободу зебо гардонда, дар пешрафти Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзишманди хешро мегузоранд.
Ман аз ҳисси баланди миллӣ, ғурури ватандорӣ ва нангу номуси мардуми сарбаланди ноҳияи Ишкошим ҳамеша ифтихор дорам ва бо итминони комил иброз медорам, ки онҳо ҳамеша номбардорони миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон хоҳанд буд.
Бори дигар хурду бузурги мардуми меҳмоннавози ноҳияи Ишкошимро ба ифтихори санаи фархундаи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо дар соли таҷлили ҷашни барои миллатамон бисёр муқаддасу фархунда, яъне 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ хонаи обод, иқболи баланд ва дар ҷодаи ободу пешрафта гардондани кишвари азизамон барору комёбӣ орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.06.2016 №: 126-127 Мутолиа карданд: 3789