logo

сафарҳо

БАДАХШОН. ШУКУФОӢ АЗ ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛУ ВАҲДАТ АСТ

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июн дар ноҳияи Ванҷ дар назди шумораи зиёди аҳолии водии Язгулом, ки барои мулоқот бо Сарвари давлат ҷамъ омада буданд, суханронӣ карда, оид ба вазъи корҳои ободонию созандагӣ, дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқ, комёбиҳои мардуми меҳнаткаши ин водӣ, ҷонибдории мардум аз сиёсати созандаю бобарори Ҳукумати мамлакат андешаронӣ намуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳои гуногун ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардуми ноҳияи Ванҷ, хоса водии Язгуломро аз баракати сулҳу суботи сартосарӣ, пойдории ваҳдати миллӣ, сиёсати бобарори Ҳукумати мамлакат ва пуштибонии халқ аз он маънидод кард.
Пешвои миллат ба аҳли ҷамоатчигӣ барои заҳмати созандаву фидокорона ва пазироии самимӣ изҳори сипос намуд. Президенти мамлакат иброз дошт, ки водии Язгулом тайи солҳои охир ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, дар рӯзҳои истиқбол аз солгарди навбатии Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ин водӣ бинои бунгоҳи тиббии деҳаи Будун ва бинои шуъбаи минтақавии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Ҷамоати деҳоти Язгулом мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, бунёди иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла сохтмони толори варзиш бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш, муассисаи таҳсилоти ибтидоии рақами 45 ва таҷдиди пурраи неругоҳи барқии обии деҳаи Андарбак бо маблағи 1 миллион доллари амрикоӣ бо иқтидори 500 киловат - соат идома дорад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми водии Язгуломро ба корҳои ободонӣ, рушди соҳаи боғдорию зироаткорӣ, тарбияи ҷавонон, корҳои созандагӣ, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва риояи қонунҳои амалкунанда даъват намуд.

Шиносоӣ аз раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Ғудараи Ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рӯшон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ 25 июн ба деҳаи Ғудараи Ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рӯшон ташриф оварда, аз раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ин мавзеъ шинос шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи заминҷунбии мудҳиши 7-уми декабри соли 2015 дар 11 деҳаи водии Бартанг ҷамъ 132 манзили истиқоматӣ пурра хароб гардида буд. Танҳо дар деҳаи Ғудара, дар пайи ин офат, аз 71 манзили истиқоматӣ, 38 - тои он пурра ва 26 - тои дигар қисман вайрон шуданд. Аз 16 неругоҳи барқи обие, ки сокинони Ҷамоати деҳоти Савнобро бо барқ таъмин мекард, 11 ададаш хисорот дид. Корҳои азнавсозии неругоҳи барқи обии Пасор бо тавоноии 125 киловатт аз моҳи декабри соли 2015 оғоз шуда, моҳи июни соли 2016 дар рӯзи ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти норасоии барқи сокинони деҳаҳои Пасор, Бопасор ва Ғудара бартараф карда шуд. Барои пурра бартараф кардани камбуди неруи барқ дар ин ҷо 2 адад зеристгоҳ бо иқтидори 10/0,4 киловолт насб ва 7 километр хати интиқоли барқ кашида шуд.
Шурӯъ аз лаҳзаҳои аввалини рӯй додани офати табиӣ, бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия гурӯҳи корӣ ташкил гардида, корҳои бартарафсозӣ оғоз гардиданд.
То ташрифи Президенти мамлакат ба Ҷамоати деҳоти Савноб дар асоси дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳдошти сатҳи зиндагии мардуми аз офат зарардида 2 адад техникаи роҳсозӣ, 1 трактор дастрас шуда, сокинон бо алоқа, бунгоҳи тиббӣ, стансияи қабули мавҷҳои барномаҳои телевизионҳои давлатӣ, маводи озуқаворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, сӯзишворӣ, инчунин дигар маҳсулоти ниёзи аввал таъмин карда шуданд.
Сарвари давлат бо рафти сохтмони биноҳои истиқоматӣ барои сокинони аз офати табиӣ зарардида шинос шуда, бо буридани лентаи рамзӣ нахуст хати оби нӯшокиро, ки аввалин маротиба ба деҳа кашида шудааст, ба истифода дод. Қаблан сокинони деҳа оби нӯшокиро аз масофаи дур меоварданд, ки он ҳам аз чиҳати экологӣ тоза набуда, бо усули таҳшин намудан, аз он истифода мекарданд.
Хати нави оби ошомиданӣ аз масофаи шаш километр оварда шудааст ва маблағи умумии сохтмони хати обрасонӣ 286 ҳазор сомониро ташкил дод.
Бо пахши тугмачаи рамзӣ, Пешвои миллат дар маҳаллаи навбунёд ҳамзамон хати неруи барқро, ки низ аввалин маротиба ба деҳа оварда шудааст, мавриди баҳрабардории сокинон қарор дод. Назар ба иттилои масъулин, бошандагони деҳа бинобар мавҷуд набудани неруи барқ аз батареяҳои офтобӣ истифода мекарданд, ки ин ҳам бошад, танҳо барои рӯшноӣ кифоят мекарду халос.
Сипас, Сарвари давлат калиди якчанд манзили истиқоматии сохтмонашон анҷомёфтаро шахсан ба соҳибонашон супорид. Сокинон инро ҳамчун туҳфаи арзанда дар арафаи Ҷашни Ваҳдати миллӣ дониста, барои дастгирию ғамхориҳои рӯзафзунаш нисбати онҳо, ба Пешвои миллат арзи сипосу миннатдорӣ карданд.
Аснои боздид аз корҳои сохтмонӣ дар маҳаллаи навбунёди аҳолинишин, муҳтарам Пешвои миллат масъулин ва сохтмончиёнро ба таваҷҷуҳи бештар ва меҳнати софдилона ҳангоми дастрас намудани масолеҳи зарурӣ ва иҷрои корҳои сохтмонӣ даъват намуд, то ин манзилҳо тавонанд ба шароити маҳал тобовар шуда, барои солҳои тӯлонӣ ба соҳибонашон хизмат расонанд.
Чуноне иттилоъ дода шуд, ҳоло дар маҳаллаи навбунёди аҳолинишин, ки 2,5 гектар масоҳат дорад, тибқи нақша сохтмони 38 манзили истиқоматӣ идома дорад ва онҳо бояд то таҷлили Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба соҳибонашон супорида шаванд.
Баъди шиносоӣ аз корҳои бартарафсозӣ Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони деҳа мулоқоти хоса анҷом дод ва барои рафъи мушкилоти доштаи онҳо масъулинро вазифадор намуд.
Сокинони Ҷамоати деҳоти Савноб дар навбати худ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф кардани оқибатҳои заминларза ва дигар ғамхориҳову кумакҳои моддӣ изҳори сипос карданд.

Ифтитоҳи бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июн дар ноҳияи Рӯшон пас аз шиносоӣ бо раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Ғудараи Ҷамоати деҳоти Савноб ба маркази ноҳия ташриф овард. Сокинони ноҳияи Рӯшон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро хеле гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Нахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Лозим ба ёдоварист, ки санги асоси бинои мазкур ҳанӯз моҳи июли соли гузашта аз ҷониби Сарвари давлат ҳангоми ташрифи навбатиашон ба ин ноҳия гузошта шуда буд.
Инак, расо пас аз 10 моҳ дар маркази ноҳияи Рӯшон як бинои боҳашамату зебо қомат афрохт. Бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон дар масоҳати 0,45 гектар бунёд шуда, аз ду ошёна иборат аст. Дар ошёнаи аввали бино 14 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ бо 270 ҷойи нишаст воқеъ аст. Дигар маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст дар ошёнаи дуюм қарор дорад. Илова бар ин, дар ошёнаи дуюм боз 13 утоқи дигари корӣ муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти зарурӣ мавҷуд мебошад.
Бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшонро ҶДММ "БДМ" бо дархости Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд кардааст. Арзиши лоиҳавии сохтмон 6 миллион сомониро ташкил додааст. Ин маблағ пурра аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ҷудо карда шуда, дар корҳои сохтмонӣ ҳам асосан мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардида буданд. Дар маҷмӯъ дар давоми 10 моҳе, ки корҳои сохтмонӣ идома ёфтанд, зиёда аз 90 коргари маҳаллӣ дар ин иншоот бо кор таъмин шуданд, ки музди маоши миёнаи онҳо то 2 ҳазор сомониро ташкил медод.
Қобили зикр аст, ки бинои нави мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон хеле зебо ва ба стандартҳои меъмории замони муосир ҷавобгӯ мебошад.
Муаллифони лоиҳаи мазкур кӯшиш намудаанд, ки намунаҳо аз санъати меъмории тоҷикро дар ин бино ҷой намоянд. Аз ҷумла, намои берунаи он бо сутунҳо ороиш ёфтааст, ки ин усул хоси санъати меъмории миллати тоҷик мебошад. Нақши дасти ҳунармандони тоҷикро дар ороиши толори маҷлисгоҳ низ дидан мумкин аст. Барои зебо намудани ин толор ҳунармандон деворҳои онро гачкорӣ кардаанд.
Сарвари давлат ҳангоми боздид аз ин иншоот, ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани коргузорӣ ва расидагӣ ба мушкилиҳои сокинон дастуру супоришҳо мушаххас доданд.

Ифтитоҳи бинои нави Нозироти андоз дар ноҳияи Рӯшон
Имрӯз ҳамчунин бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Нозироти андоз дар ноҳияи Рӯшон мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои мазкур, ки дар масоҳати 10 садяк сохта шудааст, аз 2 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар ин иншооти аз ҷиҳати санъати меъморӣ зебо дар маҷмӯъ 7 утоқи корӣ ва як маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст вуҷуд дорад. 4 утоқе, ки дар таҳхонаи бино мавҷуд аст, барои дар ҳавои муътадил нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои бойгонӣ пешбинӣ шудааст.
Бинои маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Рӯшон, ки сохтмони он аз соли 2014 бо маблағгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда буд, ҳозиразамон ва дорои тамоми шароитҳои корӣ мебошад. Ҳамаи утоқҳои ин бино бо таҷҳизоти ҳозиразамони соҳавӣ таъмин шудаанд.
Сарвари давлат ҳангоми боздид аз ин бино ва вохӯрӣ бо кормандони он иброз доштанд, ки андоз асоси буҷети давлатро ташкил медиҳад ва рушди минбаъдаи сектори давлатию пардохти музди меҳнату нафақа, аз сари вақт ва босифат ҷамъоварӣ кардани андоз вобаста аст.
Аз ин лиҳоз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони ин ниҳод талаб карданд, ки пайваста дар баланд намудани дараҷаи тахассусӣ ва такмили дониши касбии худ талош намоянд.

Мулоқот бо фаъолони ноҳияи Рӯшон
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Нозироти андоз дар маркази ноҳия бо мардуми сершумор ва фаъолони ноҳияи Рӯшон мулоқоти самимӣ доир намуд.
Дар маҳали вохӯрӣ сокинон Пешвои ояндасози худро бо шукӯҳи хос гарму самимӣ истиқбол гирифтанд, зеро ҳар як ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои кишвар ва вохӯрии Президенти мамлакат бо мардуми шарафманди тоҷик муждаи оғози корҳои ободонию созандагӣ ва шукуфоии Ватан аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар баробари натиҷагирӣ аз дастовардҳои сокинони ноҳия, инчунин оид ба нақшаву барномаҳои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушду тараққиёти ноҳияи Рӯшон андешаронӣ карда, барои вусъати корҳои ободонӣ, инчунин ҳаллу фасли мушкилоти аҳолӣ, ки зимни пурсишу посух бо Сарвари давлат ба миён омад, ба Ҳукумати кишвар ва масъулини вазорату идораҳои давлатӣ супоришҳои мушаххас дод.

Суҳбати самимии Пешвои миллат бо сокинони деҳаи Раҳмонобод
25 июн дар доираи сафари кории худ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зиндагӣ ва кору фаъолияти сокинони деҳаи навбунёди Раҳмонобод шинос шуд.
Ёдовар мешавем, ки 16 - 17 июли соли 2015 дар Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон бо сабаби боришоти зиёди пай дар пай сел омад, ки дар натиҷа манзили зисти 82 оилаи деҳаи Барсем корношоям гашт.
29 июли соли 2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон ба маҳали аз офати табиӣ зарардида омада, бо рафти корҳо аз наздик шинос шуд. Сарвари давлат зимни суҳбат бо мардуми зарардида аз мушкилоти онҳо хабардор гашта, ба вазорату идораҳои дахлдор баҳри бароварда кардани мушкилии зарардидагон дастуру супоришҳои мушаххас дод, ки то ба имрӯз ҳамаи он иҷро гашт. Имрӯз 82 хонаводаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Барсем дар хонаҳои нав, дар маҳаллаи Питовдашт, ки дар муҳлати кӯтоҳ деҳаи зебое қомат афрохт, истиқомат мекунанд. Маблағи умумии сарфшуда барои бунёди 82 манзили зист 2 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат зимни боздид аз манзилҳои навбунёд ба сатҳу сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иброз дошт, ки корҳои анҷомдодаи ширкатҳои сохтмонӣ, идораву корхонаҳои давлатӣ ва соҳибкорон фоли нек мебошад. Неруи созандаи мардум, дӯстиву бародарӣ ва дастгирии якдигарӣ аз сарҷамъиву ваҳдати тоҷикистониён шаҳодат медиҳад. Маҳз чунин дӯстӣ буд, ки мардуми аз офати табиӣ зарардида худро танҳо ҳис накарданд ва сари вақт бо ашёи зарурӣ ва манзили зист таъмин гаштанд.
Дар шаҳрак ғайр аз манзилҳои истиқоматӣ, иншооти маишӣ низ бунёд ёфтаанд. Барои таъмини деҳа бо оби ошомиданӣ дар чуқурии 40 - 50 метр чоҳ канда, қубурҳои интиқоли об ба шаҳрак насб шудаанд, ки маблағи умумии он 173 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бунёди муассисаи таълимӣ барои 240 ҷойи нишаст имкон додааст, ки талабагони ин деҳаи навбунёд таълиму тарбияро дар наздикии манзили зисти худ гиранд. Қомат афрохтани маркази саломатии шаҳрак ва бо кадрҳои соҳавӣ таъмин гардидани он имкон медиҳад, ки саломатии сокинони деҳа сари вақт ва бо сифати баланд таъмин карда шавад.
Дар робита ба дастгириҳои давлату Ҳукумат мардуми деҳаи Раҳмонобод изҳори миннатдорӣ намуда, ин ғамхориҳоро ба сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат маънидод мекунанд. Сокинони деҳа иброз доштанд, ки дастгириву ғамхории давлат барои мардум зиёд аст, бахусус он таваҷҷуҳ ва дастгирие, ки нисбат ба мардуми аз офати табиӣ зарардида зоҳир гардид, қиёснашаванда аст.
Бояд гуфт, ки дастгирии давлат ва ғамхории бевоситаи Президенти кишвар нисбат ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Бадахшон беназир аст. Дар муддати кӯтоҳ эъмори деҳаи нав аз неруи созанда ва зарфияти муқтадири давлат, сиёсати хирадмандонаи Сарвари он, ваҳдату сарҷамъии тоҷикистониён шаҳодат медиҳад.
Баъди шиносоии пурра аз зиндагии сокинон дар манзилҳои нави истиқоматӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон ва фаъолони деҳа мулоқоту суҳбати самимӣ доир кард.

Ифтитоҳи мактаби замонавӣ дар деҳаи Кушк
26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ ва дастовардҳои соҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ ба ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф овард. Роҳбарият ва сокинони ноҳия Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса, дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.
Дар заминаи сиёсати бунёдкорона сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Кушки ноҳияи Шуғнон чун армуғони ҷашнӣ бо ифтитоҳи мактаби нави замонавӣ барои 464 хонанда дар як баст оғоз ёфт.
Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар заминаи сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд ёфтааст, дар арафаи Ҷашни Ваҳдати миллӣ расман бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолият оғоз кард.
Корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи нави таълимӣ моҳи июни соли 2015 оғоз гардида, он дар давоми як сол бо тарҳ ва услуби муосири меъморӣ аз ҷониби зиёда аз 140 нафар сохтмончӣ ба анҷом расидааст.
Сохтмони мактаб аз ҳисоби марҳилаи сеюми лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳо» муштарак бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии Рушд бо арзиши 1 миллиону 802 ҳазор доллари ИМА татбиқ шуда, он дорои муосиртарин шароити илмомӯзӣ мебошад.
Аснои боздид, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти синфхонаҳо, ки ба низоми муосири таълим мутобиқ гардонда шудаанд, шиносоӣ пайдо намуд.
Мактаби наву замонавӣ дар 1 баст пешбинӣ шуда, аз 24 синфхона, толори навбунёди варзишӣ бо 140 ҷойи нишаст, китобхона бо 5 ҳазор нусха китоби таълимиву бадеӣ ва китобхонаи муосири электронӣ бо 22 компютер, шабакаи доимии интернет, толори фарҳангӣ бо 170 ҷойи нишаст, майдончаҳои варзишӣ барои футбол, волейбол ва баскетбол, ҳамзамон барои такмили лаёқати хонандагон синфхонаҳои таълимӣ - истеҳсолӣ, аз ҷумла синфхонаҳои дӯзандагиву қаннодӣ, коркарди чӯбу тахта, ошхонаи замонавӣ барои 120 нафар дар як вақт, ҳамчунин аз утоқҳои хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла дандонпизишк ва духтури кӯдакону наврасон иборат мебошад.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо фаъолияти пурраи мактаб беш аз 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои босифат ба роҳ мондани ҷараёни таълим ба устодону толибилмон маслиҳатҳои муфид дод. Дар толори бошукӯҳи маҷлисӣ бо иштироки хонандагони ин муассисаи таълимӣ барномаи рангини ҳунарӣ намоиш дода шуд.
Баъди ифтитоҳи бинои мактаб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагон ва фаъолони ноҳияи Шуғнон суҳбати самимӣ намуда, оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи маориф ва беҳдошти сатҳи таълиму тарбия, ҷалби фарзандон ба таҳсил андешаронӣ намуд. Сарвари давлат ба сохтмончиён барои иҷрои корҳои босифат баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ шумораи мактабҳои шакли нав бояд боз ҳам афзоиш дода шаванд. Ин имкон медиҳад, ки шароити таълиму тадрис беҳтар гардида, волидон аз рафти донишомӯзии фарзандон ҳамеша тариқи марказҳои нави иттилоотӣ огоҳ гарданд.
Устодону хонандагон дар навбати худ ба Сарвари давлат барои дастгирии ҳамаҷониба ва ғамхориҳои рӯзафзун изҳори сипосу қадрдонӣ карданд.

Санги асоси Қасри фарҳанг гузошта шуд
Баъди ифтитоҳи мактаб дар деҳаи Кушки Ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Шуғнон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст бо тарҳи сохтмонӣ, ки мутобиқ ба стандартҳои муосири шаҳрсозӣ омода шудааст, шинос шуда, барои татбиқи босифати лоиҳа дастуру маслиҳатҳои муфид дод.
Бунёди Қасри фарҳанг аз ҳисоби суратҳисоби махсуси Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзиши 5 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, он дар асоси тарҳи муосири меъморӣ амалӣ хоҳад гашт.
Қасри фарҳанг аз бинои 2 - ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум толор барои 324 ҷойи нишаст, дидбони марказӣ, хонаи ҳунармандон, ҳуҷраи хоси сару либос, утоқҳои муосири корӣ, ҳуҷраҳои техникӣ ва маҳфил тарҳрезӣ шудааст. Дар ошёнаи дуюми бино пешайвон, толор барои беш аз 100 ҷойи нишаст, ҳуҷраи маҳфил ва миёнсарой ташкил хоҳад шуд. Дар маҷмӯъ, бинои замонавии Қасри фарҳанг бо 500 ҷойи нишаст бунёд мешавад.
Дастур дода шуд, ки корҳо дар иншооти бунёдшаванда мутобиқи талаботи муосири меъморӣ ва бо тамоми шароити зарурии корӣ амалӣ гардида, системаи пешқадами коммуникатсионии фаъолият муҳайё шавад.
Дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат ин иншооти фарҳангӣ оянда бо тамоми имконоту шароити пешқадам барои гузарондани чорабиниҳои бошукӯҳ имконпазир хоҳад шуд.
Татбиқи чунин тарҳи сохтмонӣ аз ҷониби меъморони маҳаллӣ дар муддати кӯтоҳ амали шуда, ғайриодӣ ва дорои услуби хос мегардад.

Мулоқоти Пешвои миллат бо сокинону фаъолони ноҳияи Шуғнон
26 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази нави маъмурии ноҳияи Шуғнон бо сокинону фаъолон мулоқоти судманд доир кард.
Нахуст Президенти  мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро бо таҷлили санаҳои муҳими таърихии барои мардуми тоҷик тақдирсоз - 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 19 - умин солгарди Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи сафари кориро ба ноҳия дидору мулоқот бо мардум, шиносоӣ бо рафти татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар  ва мусоидат кардан ба пешрафти кору беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии зиндагии сокинон маънидод кард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он ки ҳамаи ташаббусҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳуриро мардуми шарафманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз сидқ ҷонибдорӣ ва дар амал татбиқ менамоянд, изҳори қаноат кард.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз сафарҳои қаблии корӣ, ки бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва рафъи оқибатҳои офати табиӣ сурат гирифта буд, таъкид намуд, ки Ҳукумати кишвар ҳамеша барои беҳтар кардани шароити зисту фаъолияти мардум аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.
Баъди анҷоми суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷавоб ба талошҳову ташаббусҳо, ғамхориҳо ва дастгирии роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонон, сокинони шукргузори ноҳияи Шуғнон баромад карда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос ва қадршиносӣ карданд.

Маросими истиқболи Президенти кишвар дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ
26 июн сокинони шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо садоқату муҳаббати бепоён, самимияту ифтихори бузург пазироӣ намуданд.
Нахуст меҳмони олимақом, Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро аҳли ҷамоатчигӣ, собиқадорони меҳнат бо шукргузории бепоён аз сиёсати бунёдкоронаю созанда ва ободии пай дар пайи ин гӯшаи дурдаст ва баландкӯҳи Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.
Шумораи зиёди сокинони шаҳр, пиру барно бо садои доирабазми суннатии мардуми кӯҳистон ва гулу гулдаста ба пешвози Пешвои миллат омаданд. Ҳар як сухани ин мардум аз ваҳдат буд ва якдиливу якмаромиро дар худ таҷассум мекард.
Ҳар як қадами мубораки Эмомалӣ Раҳмон, ки Пешвои ин асру ин замони миллати мо аст, дар ободиву шукуфоии Хоруғи зебо имконияти нави рушду нумӯъро фароҳам оварда, бо ҳидоятҳои ин фарзанди огоҳдил Хоруғ ба «Нигини Бадахшон» табдил ёфта, «Асри 21 - асри Бадахшон» ном гирифтааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Пешвои миллат, ки худ ифодаи иродаи ин мардуми кӯҳистон буд, бори нахуст ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадам ранҷа менамояд ва хоруғиён хуб дарк мекунанд, ки аз сафари нахустини Сарвари давлат ба шаҳри Хоруғ то сафари нахустини ӯ ҳамчун Пешвои миллат ба ин шаҳр, даҳҳо маротиба сатҳи зиндагии мардум боло рафта, Бадахшон ба «Дарвозаи тиллоии Тоҷикистон» табдил ёфтааст.
Дар пайи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз даҳҳо шоҳкориҳо - санги асос гузоштан ба иншооти муҳим, шиносоӣ пайдо намудан бо пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамзамон мулоқот бо мардуми ин минтақа дар назар дошта шудааст.

Президенти кишвар ҷавононро ба тарбияи рӯҳу ҷисми солим ҳидоят кард
26 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ бинои толори муосири варзиширо ба истифода дод.
Маркази мазкур аз толори барҳавои дорои 60 ҷои нишаст барои тамошобинон ва биноҳои ёрирасон иборат аст. Иттилоъ дода шуд, ки имкон аст дар ин ҷо чорабиниҳои варзишӣ, аз қабили волейболу баскетбол, гӯштин, тенниси рӯи миз ва ҳам маҷлису семинарҳо, ҷамъомадҳову чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронда шаванд.
 Арзиши лоиҳавии иншооти мазкур 2 миллиону 55 ҳазор сомонӣ буда, корҳои сохтмониро пудратчӣ - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шариф” иҷро кардааст ва дар вақти сохтмон 38 нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин шуданд.
Тавре маълум гардид, бинои толори варзиш як қисми бозори наздисарҳадии маҳаллаи Тем аст, ки дар назди марз бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бунёд шудааст.
Дар бозор имкон фароҳам аст, ки шаҳрвандони ду давлати дӯсту ҳамсоя аз ин ҷо маводи ниёзи аввалро дастрас намоянд. Ташкили бозорҳои наздисарҳадӣ чун бунёди пулҳои мошингузар, ки ду давлатро пайванд месозад, аз иқдомҳои шоиставу башардӯстонаи Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки баҳри пешрафти сатҳи иқтисодию иҷтимоии мардуми афғон бунёд шудааст. Дар бозори наздисарҳадӣ барои 300 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон ҷои кор таъсис ёфтааст.
Ҳадафҳои аслии бунёди толори варзиш низ омили рушди соҳаи варзиш, таъмини солимии ҷомеа ва таҳкими дӯстии мардуми тоҷику афғон мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сохтмончиён барои бунёди чунин як иншооти муҳими варзишӣ арзи сипос намуда, ҷавононро ба тарбияи рӯҳу ҷисми солим ҳидоят кард.

Оғози сохтмони бинои 12 - ошёна дар маркази ВМКБ
26 июн дар идомаи сафари кории худ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ барои сохтмони бинои 12 - ошёна санги асос гузошт.
Лоиҳаи бинои мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Меъмор - 2002" омода гардида, дар он филиали Ҷамъияти саҳомии "Ориёнбонк", меҳмонхона барои 200 ҷой, толори ороиш, ҳавзи шиноварӣ, толорҳо барои гузарондани нишастҳо ва тарабхона ҷой хоҳанд гирифт.
Ҳамчунин тибқи лоиҳа, дар бинои мазкур утоқҳои махсуси замонавӣ барои қабули меҳмонони олимақом ва намояндагони давлатҳои гуногун низ бунёд мегардад. Ба иттилои масъулин, ин нахустин бинои 12 - ошёнаест, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд мегардад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ то 100 нафар шаҳрвандони вилоят дар ин ҷо соҳиби ҷойҳои кори доимӣ мешаванд. Тавре маълум шуд, сохтмони бино ду сол идома ёфта, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ феълан 200 нафар сохтмончӣ аз ҳисоби шаҳрвандони шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят ҷалб гардидаанд.
Фармоишгари лоиҳаи мазкур Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ориёнбонк" буда, пудратчӣ идораи сохтмони асосии ҳамин ҷамъият ("Ориёнбонк") маҳсуб меёбад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳо ба сохтмончиён дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

Маросими барафрохтани Парчами давлатӣ дар маркази шаҳри Хоруғ
26 июн дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ барафрохта, ҳозиринро бо ин рӯйдоди фараҳбахш шодбош гуфт. Пояи Парчами давлатӣ 30 метр, дарозӣ ва арзи матоаш 8 бар 4 метрро ташкил медиҳад.
Арзиши лоиҳавии ин иншоот 300 ҳазор сомонӣ буда, он бо ташаббусу роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шудааст.
Фармоишгар Корхонаи воҳиди давлатии ширкати алюминийи тоҷик “Талко” ва пудратчии бунёди иншооти Парчами давлатӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бунёд” мебошад. Дар рафти сохтмони иншоот 24 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин шуданд.
Корҳои сохтмонӣ аввали моҳи июни соли 2016 оғоз ёфта, иншоот имрӯз бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Коргарону мутахассисон дар муддати хеле кӯтоҳ бунёди иншоотро бо риояи тамоми талаботи меъёрҳои меъморию сохтмонӣ босифат ба анҷом расонданд.
Майдони парчам бо сангҳои ороишӣ ва гулҳои рангоранг зебу зиннат ёфтааст. Парафшон гардидани Парчами давлатӣ дар шаҳри Хоруғ ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва рамзи Истиқлолияти давлатӣ ба симои шаҳр зебогии тоза зам намуда, гирду атрофи он ба яке аз ҷойҳои дилфиреб ва писандидаи сайру гашти сокинони шаҳр мубаддал гардид.
Зикр кардан ба маврид аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар ҷаҳон баландтарин мебошад, сохта шуд. Баландии манораи ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 165 метрро ташкил медиҳад. Тӯли матои рангинкамони он ба 60 метр ва паҳноиаш ба 30 метр баробар мебошад. Аз рӯи шаҳомат Парчами давлатии Тоҷикистон ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид карда шуда, соҳиби сертификати махсус мебошад.
Бунёди чунин иншоот - Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар якчанд шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ сурат гирифта, як омили муҳими бедор кардани ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва гиромидошти муқаддасоти Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон мебошад.

Бунёди бинои Маркази сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва рушди соҳибкорӣ
26 июн дар шаҳри Хоруғ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти бинои Маркази сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва рушди соҳибкорӣ оғози расмӣ бахшид.
Иншооти мазкур дар давоми як сол бо харҷи 2 миллиону 630 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сармояи хориҷӣ бунёд гардида, дар ин ҷо шароити муосири хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.
Бинои Маркази сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва рушди соҳибкорӣ сеошёна буда, аз маркази иттилоотӣ ва кумак ба сайёҳон, мағозаҳои фурӯши туҳфаҳо, таҷҳизоти хизматрасонии иҷораи кӯҳнавардӣ, ҳуҷраи хушкашӯӣ, утоқҳои корӣ, толори баргузории маҷлис ва маркази соҳибкорӣ иборат мебошад.
Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳам омада ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки маркази мазкур метавонад дар як сол ба зиёда аз 5 ҳазор нафар сайёҳ хизмат расонад.
Зикр гардид, ки баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маркази сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва рушди соҳибкорӣ беш аз 70 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар зарфи чанд соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо корхонаҳои хурди ҳунармандӣ, аз ҷумла сехҳои хонагӣ бо грантҳои ҷудонамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, боиси бо кори фоидаовар таъмин шудани садҳо нафар занону духтарони хонашин гаштааст.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар сурати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маркази сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва рушди соҳибкорӣ занону духтарони ҳунарманди шаҳру ноҳияҳои вилоят метавонанд маҳсули дасти худро барои фурӯш ба мағозаҳои маркази мазкур пешниҳод намоянд.
Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми марказ низ утоқҳои корӣ бо пешрафтатарин технология муҷҷаҳаз карда шуда, дар маҷмӯъ барои фаъолияти пурсамари мутахассисон ҳам дар бахши сайёҳӣ ва ҳам дар самти соҳибкорӣ шароити хуби корӣ муҳайё гардидааст.

Хати обгузари Боғевдара – Хоруғ даҳҳо сол ба сокинони маркази вилоят хидмат хоҳад кард
26 июн ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти хати обгузари Боғевдара - Хоруғ расман ифтитоҳ бахшид.
Бояд тазаккур дод, ки санги асос барои сохтмони хати мазкур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар соли 2014 гузошта шуда буд. Дар ин давра хати обгузар аз Боғевдара то шаҳри Хоруғ ба масоҳати 13 километру 250 метр сохта шуда, мушкилоти сокинони шаҳри Хоруғ дар самти таъминот бо оби ошомиданӣ ба пуррагӣ ҳалли худро пайдо намуд.
Иқтидори якрӯзаи интиқоли оби ошомидании хати мазкур 15 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад, ҳол он ки талаботи сокинони шаҳри Хоруғ ба оби ошомиданӣ дар як шабонарӯз ҳамагӣ 7,5 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Яъне хати мазкур бо назардошти зиёд гардидани аҳолии шаҳр бунёд шуда, даҳсолаҳои дигар метавонад ба сокинони маркази вилоят хизмат расонад.
Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Бунёд" ва "Помир" ба анҷом расонда шуда, дар доираи ин тарҳ ҳамчунин ҳавзи нигаҳдории об, таҷҳизоти махсус барои безараргардонии оби ошомиданӣ низ бунёду насб гардидаанд.
Арзиши лоиҳавии тарҳи мазкур 18 миллиону 737 ҳазор сомонӣ буда, 60 дарсади он маблағҳои грантии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва 40 дарсадашро маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар гузашта танҳо 50 дарсади сокинони шаҳри Хоруғ аз ҳисоби чашмаҳои худҷорӣ бо оби ошомиданӣ таъмин мегардиданду халос.
Инак, бо ба фаъолият оғоз намудани хати мазкур, ин мушкили сокинон бартараф гардид. Ба иттилои масъулон, давоми соли ҷорӣ ҳамчунин корҳои таъмириву насби қубурҳои нави обгузар дар дохили шаҳр боз ба маблағи 64 миллион сомонии дигар ҷараён хоҳад гирифт.

Боздид аз Отряди сарҳадии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Ишкошим
Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома ёфт.
Дар фурудгоҳи Отряди сарҳадии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Ишкошим, роҳбарият ва сокинони шукргузору ваҳдатсарои ин минтақаи дурдасти кишвар Пешвои миллатро бо самимияти баланд ва арҷгузории бепоён ба хидматҳои арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи боздид аз вазъи будубоши сарҳадбонон ошноӣ пайдо кард. Хабар дода шуд, ки соли равон бо кумаку дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавзеъҳои пешбурди хизмат, бинову иншооти таълимии Отряди сарҳадии Ишкошим пурра аз таъмир бароварда шуд.
Ҳамчунин, бо мақсади таъмини амният, пурзӯр намудани дидбонгоҳу шуъбаҳои назорати сарҳадӣ ва расондани кумаки саривақтӣ дар хати сарҳади давлатӣ гурӯҳҳои махсус таъсис дода шуданд. Барои сари вақт ва моҳирона иҷро кардани вазифаҳои ҷангӣ ҳайати шахсӣ бо аслиҳа ва техникаи муосири ҳарбӣ, ки ба шароити кӯҳистон мувофиқ аст, таъмин карда шудааст.
Зикр кардан ба маврид аст, ки аз моҳи майи соли 2004 масъулияти ҳифзи марзи давлатии Тоҷикистон ба зиммаи хизматчиёни ҳарбии тоҷик вогузор карда шудааст ва дар ин муддат қариб ҳамаи қисму воҳидҳои марзбонии мамлакат шакл гирифта, ба такягоҳи аслии давлату миллат табдил ёфт. Иттилоъ дода шуд, ки марзбонони шуҷои Отряди сарҳадии Ишкошим хати сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистонро дар масоҳати 536 километр ҳифзу мудофиа менамоянд.
Онҳо бо ҳушёриву зиракии худ намегузоранд, ки амнияту осоиши мардум халалдор шуда, истиқлолияту якпорчагии Тоҷикистони азиз зери хатар монад. Баъд аз шиносоӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури ҳайати шахсии қисми низомии Отряди сарҳадии Ишкошим суханронӣ намуда, сарбозону афсарони марзбонро, ки ҳомиёни марзу буми аҷдодӣ ва сипари боэътимоди Ватан мебошанд, ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳният гуфт.
Баъд аз нутқи пурмуҳтавои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сарбозону афсарони Отряди сарҳадии Ишкошим бо паради ҳарбӣ аз назди Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаштанд.

Ифтитоҳи бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим
Дар доираи боздиди корӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар рӯзи сеюми сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ишкошим дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти иншооти зикршуда, ки бо тарҳу шакли тоза ва мувофиқ ба меъёрҳои сохтмонӣ дар маркази ноҳия қомат афрохтааст, оғози расмӣ бахшид ва сокинони ноҳияро ба муносибати солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳният гуфт.
Сипас, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вориди бинои нав гардида, ба сатҳу сифати корҳои анҷомёфта аз наздик шинос шуд. Зикр гашт, ки бинои куҳнаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ҳанӯз солҳои панҷоҳуми асри гузашта бунёд ёфта, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2012 оғоз гардида, лоиҳаи онро Ҷамъияти саҳомии кушодаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию тадқиқотии «САНИИОСП» таҳия кардааст. Фармоишгари он Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Корҳои сохтмониро бошад, пудратчиён ҶДММ “Ориёно - Сорво”, ҶДММ “Ҷовид”, ҶДММ “Карим К”, ҶДММ “Амир Ҳамза” ва ҶДММ “Насби Нур” ба уҳда доштанд.
Барои сохтмон ва ҷиҳозонидани бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим наздики 10 миллион сомонӣ сарф шудааст. Мақсад аз амалисозии ин лоиҳа беҳтар сохтани шароити фаъолият барои хизматчиёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маънидод гардид.
Хабар дода шуд, ки масоҳати умумии бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим 2 ҳазору 750 метри мураббаъ буда, аз 3 ошёна ва 36 ҳуҷраи корӣ, даҳлез-миёнсарой, ҳуҷраҳои ёрирасон ва ҷойи либоскашӣ иборат мебошад ва дар онҳо ҳамаи шароити фаъолият фароҳам оварда шудааст. Дар бино, инчунин, толори калони маҷлисгоҳ барои 180 ҷойи нишаст ва ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир карда шудааст.
Ҳангоми ошноӣ пайдо кардан бо шароитҳои корӣ дар бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, бобати анҷоми фаъолияти садоқатмандона ба нафъи халқу Ватан, ба кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дастуру супоришҳои муфид дод.

Мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Ишкошим
Дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ишкошим бо сокинону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир намуд.
Барои вохӯрӣ бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи зиёди мардум ҷамъ омада, Президенти мамлакатро бо самимияти беандоза пазироӣ карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияи Ишкошимро бо дастовардҳо ва ҷашнҳои бузурги умумимиллии барои халқи тоҷик муқаддас - 19 -умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, аз он изҳори қаноат кард, ки мардуми сарбаланди ноҳия бо татбиқи ҳадафҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои гуногун ноил гаштаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор дошт, ки мардуми сарбаланд ва бонангу номуси ноҳияи Ишкошим дар қатори сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои кишварамон минбаъд низ бо заҳмати софдилона ноҳияи худро ободу зебо гардонда, дар пешрафти Ватани азизамон - Тоҷикистон саҳми арзишманди хешро мегузоранд.
Сокинони шукргузори ноҳияи Ишкошим дар назди Сарвари давлат суханронӣ карда, ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои талошҳои созанда, таъмини шароити арзандаи кору зиндагӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии мардум ва дигар ғамхориҳои рӯзафзун изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Гузоштани санги асоси мактаб барои 380 ҷой дар маркази ноҳияи Ишкошим
Дар чаҳорчӯбаи сафар ба ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда, ба сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21 оғози расмӣ бахшид.
Дар макони гузоштани санги асос лоиҳаи сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 барои 380 ҷой муаррифӣ шуд.
Лоиҳаи мазкур аз 16 синфхонаи таълимӣ, лингофонӣ-компютерӣ ва синфхонаи технологӣ барои писарону духтарон иборат хоҳад буд. Китобхонаву толорҳои хониш, толори варзишӣ бо 300 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳ барои 260 ҷой низ дар доираи ҳамин лоиҳа бунёд мешаванд.
Фармоишгари иншоот Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои сохтмони иншооти мазкур 1,8 гектар замин ҷудо гардида, дар лоиҳа майдони варзишии футбол, майдончаҳо барои волейбол, баскетбол, теннис ва майдони ҳарбӣ пешбинӣ гардидаст.
Сарвари давлат ҳини шиносоӣ ба фармоишгару сохтмончиён дастур дод, ки дар сохтмони бино ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд ва ба сифати корҳо аҳамияти махсус зоҳир кунанд, зеро иншоот бояд солҳои тӯлонӣ ба фарзандони сокинони ноҳия хизмат намояд.

Иштирок дар тантанаҳои Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон
Бегоҳии рӯзи 27 июн дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо тантанаҳои бошукӯҳи идона таҷлил карда шуд.
Тантанаҳо ва барномаи театрикунондашудаи саршор аз саҳнаҳои арҷгузорӣ ба фазои сулҳу осоиши Ватани азиз ва базму тарабу дилхушӣ идома ёфт.
Ёдовар мешавем, ки дар ин чорабинӣ аҳли зиё, намояндагони фаъоли шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва ҳамчунин меҳмонон аз 17 давлати дунё иштирок намуданд.
Барномаи театрикунондашудаи аҳли ҳунару фарҳанги ҷумҳурӣ, ки аз нигоҳи сатҳ ва муҳтаво беҳтарин дониста шуд, ба кулли иштирокдорон писанд омад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.06.2016    №: 126-127    Мутолиа карданд: 16146
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед