logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, 28 июни соли 2016

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Нахуст аз ҳама, мехоҳам ба кулли сокинони сарбаланду меҳмоннавози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, падару модарони арҷманд, пирони барнодил ва ҷавонони ватандӯст, ки суннати деринаи мардуми соҳибфарҳангамонро гиромӣ медоранд ва Роҳбари давлатро чун ҳамеша бо чеҳраҳои гарму рӯҳи болида истиқбол мегиранд, изҳори сипос намоям.
Мулоқоти имрӯзаи мо бо шумо, роҳбарону фаъолони вилоят, дар давраи омодагӣ ба ҷашни муқаддаси биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон ва дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор мегардад, ки ин санаи таърихиро хурду бузурги кишварамон дирӯз дар фазои сулҳу суботи комил таҷлил карданд.
Бинобар ин, кулли сокинони вилоят ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро бори дигар ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар яки шумо осоишу оромӣ, хушбахтиву сарбаландӣ ва саодати доимии рӯзгорро орзу менамоям.
Мо ҳангоми сафари чандрӯзаи корӣ ва мулоқоту суҳбатҳои самимӣ бо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят хуб эҳсос кардем, ки мардуми заҳматқарини вилоят бо шукргузорӣ аз неъмати соҳибихтиёрӣ ва сулҳу суботи устувор дар ҷодаи ободу зебо гардондани сарзамини аҷдодиамон ва расидан ба зинаҳои нави тараққиёти давлатамон қадамҳои устувор мегузоранд.
Боиси қаноатмандист, ки мардуми заҳматкашу қавииродаи вилоят чун тамоми сокинони кишвар, махсусан, дар соли ҷашни биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон корҳои бузурги ободониву созандагиро вусъат бахшида истодаанд.
Шумо хуб медонед, ки таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат бо роҳи дастгирии соҳибкорӣ, ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ва дар тамоми кишвари азизамон, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вусъат додани раванди бунёдкориву созандагӣ самти муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад. Дар иртибот ба ин, таҳлили вазъи рушди иқтисодиву иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нишон медиҳад, ки дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва заҳмати содиқонаи сокинони он шаҳру ноҳияҳои вилоят мунтазам рушд ёфта, шароити зиндагии аҳолӣ нисбат ба солҳои пешин хеле беҳтар шудааст.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии вилоят зиёда аз 7 миллиард сомонӣ хароҷот карда шудааст.  Аз ҷумла, дар ин давра барои тараққиёти вилоят аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 2,8 миллиард сомонӣ ҷудо гардидааст. Илова бар ин, дар солҳои 2016 - 2018 аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои тараққиёти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ҷудо кардани қариб 1,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар зарфи солҳои истиқлолият дар қаламрави вилоят 30 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор гирифта, аз онҳо то ба имрӯз татбиқи 21 лоиҳа дар ҳаҷми беш аз як миллиард сомонӣ ба анҷом расидааст.
Барои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингард, бунёди неругоҳҳо ва рушди соҳаҳои энергетикаву кишоварзӣ, беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, ислоҳот ва рушди соҳаи маориф ҳоло татбиқи 9 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии як миллиард сомонӣ идома дорад.
Бо мақсади таҳкими сарҳад ва ҳифзи боэътимоди марзҳои кишвар танҳо дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмону азнавсозии инфрасохтори сарҳадӣ ба маблағи 90 миллион сомонӣ ба анҷом расонда шудааст. Ин масъала яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат буда, дар оянда низ ҷиҳати таъмини амнияти давлат ва шаҳрвандони кишвар ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Ҳамзамон бо ин, аз ҳисоби маблағҳои фонди захираи Президенти кишвар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент аз соли 2007 инҷониб дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 414 миллион сомонӣ корҳои бунёду барқарорсозии 75 иншооти муҳимро ба роҳ монда, аз ин ҳисоб то имрӯз 59 иншоотро бо харҷи 337 миллион сомонӣ ба истифода супурдааст ва корҳо дар иншооти дигар идома доранд.
Аз ҷониби дигар, баробари зиёдшавии қисми даромади Буҷети давлатӣ андозаи буҷети вилоят низ торафт зиёд шуда, аз 10 миллион сомонии соли 2002 то ба 213 миллион сомонӣ дар соли 2015 расонда шудааст. Яъне, дар ин давра буҷети вилоят беш аз 21 баробар афзоиш ёфтааст. Танҳо дар соли 2015 дар доираи татбиқи барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят 100 лоиҳа ба маблағи умумии 209 миллион сомонӣ мавриди иҷро қарор дода шудааст, ки аз он ба шаҳри Хоруғ 104 миллион сомонӣ, ноҳияҳои Ванҷ 62 миллион, Дарвоз 26 миллион ва Шуғнон 18 миллион сомонӣ рост меояд.
Ҳамасола барои пӯшонидани хароҷоти буҷети вилоят аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда мешаванд. Агар ҳаҷми субвенсияи дар давоми солҳои 1992 – 2001 - ум ҷудокардашуда ҳамагӣ 36 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас танҳо дар соли 2015 ба 159 миллион сомонӣ расида, дар соли 2016 - ум дар ҳаҷми 168 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2002 - юм 21 баробар зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ, тайи 25 соли истиқлолият ба буҷети вилоят 914 миллион сомонӣ маблағҳои субвенсионӣ дода шудаанд ва барои солҳои 2016 – 2018 - ум иловатан дар ҳаҷми 486 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидаанд.
Бояд гуфт, ки соли 2015 офатҳои табиӣ, аз ҷумла омадани сел ва заминларза дар миқёси кишвар ва ноҳияҳои вилоят, бахусус дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон ва водии Бартанги ноҳияи Рӯшон ба манзилҳои зисти аҳолӣ, роҳу пулҳо ва иншооти дигар зарари зиёд расонда, боиси ба ҳалокат расидани чандин нафар сокинон гардиданд.
Хисороти молиявии ба вилоят расида беш аз 131 миллион сомониро ташкил карда, 867 хонаи истиқоматӣ, аз ҷумла 254 хона пурра ва 613 хона қисман хароб шуд. Умуман, зарари иқтисодии ба шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар дар натиҷаи офатҳои табиии баҳору тобистони соли гузашта расида 600 миллион доллари амрикоиро ташкил кард. Бо дастгирии саривақтии Ҳукумати мамлакат 115 хонаи истиқоматӣ, иншооти инфрасохторӣ ва роҳи харобгардидаи мошингарди байналмилалии вилоят ба маблағи зиёда аз 50 миллион сомонӣ барқарор ва сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд. Роҳҳои зарардида дар мавзеъҳои зикргардида, аз ҷумла роҳи мошингарди Рӯшон – Савноб - Кудара пурра барқарор гардида, дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон роҳ аз нав сохта шуд. Инчунин, муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои мошингарди вилоят бо 10 адад техникаи нави пуриқтидор таъмин шуда, роҳҳои аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Мурғоб ва Ишкошим аз ҷониби муассисаҳои зикргардида пурра барқарор гардиданд.
Ҳозирини гиромӣ!
Қобили зикр аст, ки барои таъмин намудани пешрафти ноҳияҳои вилоят барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияҳои Ишкошим, Роштқалъа, Рӯшон ва Мурғоб барои солҳои 2016 - 2020 қабул гардида, ҳоло барномаҳои рушди вилоят ва ноҳияи Шуғнон мавриди баррасӣ қарор доранд. Умуман, дар солҳои оянда барои тараққиёти шаҳру ноҳияҳои вилоят татбиқи 1485 лоиҳаҳои хурду бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ба маблағи 5,4 миллиард сомонӣ дар назар дошта шудааст.
Вобаста ба ин, зарур аст, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати сари вақт амалӣ гардондани нақшаву барномаҳои қабулшуда тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Тавре шумо огоҳ ҳастед, дар давоми чанд рӯзи охир дар ҳудуди вилоят чандин иншооти нави саноативу иҷтимоӣ ба истифода супурда шуданд ва ин раванд минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Соли 2006 бо супориши Президенти кишвар ҷиҳати беҳтар намудани шароити иқтисодиву иҷтимоии аҳолии вилоят, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва бахши хусусӣ, беҳтар намудани шароит барои фаъолияти сармоягузорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ “Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015” қабул гардида буд.
Дар зарфи даҳ соли амали барномаи мазкур нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят, аз ҷумла ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 3 баробар зиёд таъмин гардид. Инчунин, дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва Дарвоз 9 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, умуман, дар давраи татбиқи барнома зиёда аз 35 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти дар вилоят истеҳсолшуда аз 160 миллион сомонии соли 2005 - ум то 720 миллион сомонӣ дар соли 2015 расидааст. Яъне ин нишондиҳанда дар даҳ соли охир чоруним баробар афзоиш ёфтааст.
Сохтмони роҳи мошингарди Мурғоб – Кулма (сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин) яке аз аввалин лоиҳаҳои вилоят буд, ки мо онро ҳанӯз соли 1999 оғоз намуда, соли 2002 бо харҷи 14 миллион доллари амрикоӣ ба анҷом расондем.
Ҳамзамон бо ин, ба фаъолият оғоз кардани роҳи мустақиму доимӣ бо пойтахти кишвар, бунёди пулҳои мошингард аз болои дарёи Панҷ дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим ва Ванҷ, ташкили бозорҳои наздисарҳадӣ ба рушди тиҷорати байни Тоҷикистону Афғонистон заминаи воқеӣ фароҳам овард.
Бо қарори Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҷалби бештари сармоягузорӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсоливу коркарди маҳсулот ва ба ин васила тақвият бахшидани имкониятҳои иқтисодии вилоят, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони вилоят мусоидат мекунад, Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” таъсис дода шуд.
Дар се соли охир барои рушди минтақаи мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ 5 миллион сомонӣ харҷ гардид. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти самараноки Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо дигар сохтору мақомоти дахлдор ба масъалаи ҷалби ҳарчи бештари соҳибкорону сармоягузорон ва ҳавасмандсозии онҳо эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Бо мақсади таъмин намудани пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳтарсозии сифати зиндагии аҳолии вилоят “Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2007 - 2010” қабул шуда буд, ки барои иҷрои он 110 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ хароҷот гардида, 47 иншооти муҳими соҳаҳои гуногуни вилоят бунёду барқарор ва ба истифода дода шудаанд. Ҳамзамон бо ин, вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати мамлакат “Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷаи беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” тайи солҳои 2005 - 2010 зиёда аз 10 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст.
Соли 2013 “Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоиву иқтисодии водии Бартанги ноҳияи Рӯшон” қабул гардид, ки ҷиҳати иҷрои он то имрӯз чораҳои зиёде амалӣ шуда, корҳои бунёду барқарорсозӣ идома доранд.
Дар ҳудуди вилоят ба истиқболи ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода додани 83 иншооти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ба маблағи 282 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 47 иншоот ба маблағи 107 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст ва сохтмони иншооти боқимонда бояд дар муҳлатҳои пешбинишуда ба анҷом расонда шавад.
Дӯстони азиз!
Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштам, ки татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ ба зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми сармоягузориву хизматрасонӣ, инчунин зиёд шудани даромадҳои пуливу талаботи истеъмолии аҳолӣ ва дар маҷмӯъ, ба таъмин гардидани рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат намуд.
Тибқи таҳлилҳо рушди соҳаҳои асосии вилоят ва барзиёд иҷро шудани қисми даромади буҷет асосан аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, савдо, хизматрасонӣ ва рушди чорводорӣ таъмин карда шудааст. Бо вуҷуди ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бояд рушди минбаъдаи соҳаҳои саноату кишоварзӣ, савдову хизматрасонӣ, иҷрои саривақтии Буҷети давлатӣ ва ба ин васила боз ҳам беҳтар гардондани некуаҳволии мардумро таъмин намоянд.
Дар давоми солҳои охир ба кор андохтани корхонаҳои нави саноатӣ ба болоравии иқтисодиёти вилоят такони ҷиддӣ бахшид. Ҳоло дар вилоят 48 корхона ва 62 коргоҳи хурди саноатӣ фаъолият дошта, илова бар ин, дар давоми соли 2016 бунёди 20 корхонаву коргоҳҳои нав бо садҳо ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар робита ба ин, хотирнишон менамоям, ки бо дарназардошти афзоиши ҳамасолаи шумораи аҳолӣ ва зиёд шудани қувваи қобили меҳнат масъалаи ташкили ҷойҳои корӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарини фаъолияти роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Барои бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии вилоят дар панҷ соли оянда таҷдиди коргоҳҳои коркарди санги мармар, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, дигар навъҳои масолеҳи сохтмон, коргоҳҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва таҷдиди коргоҳҳои саноати хӯрокворӣ пешбинӣ гардидааст.
Раиси вилоят, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохтору мақомоти марбутаро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, хусусан сарватҳои табиии ҳудуди вилоят барои бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷудаи саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Дар шароити кӯҳсори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон масъалаи истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замини корам, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва ба ҳамин роҳ таъмин намудани бозори истеъмолӣ ва ғанӣ гардондани буҷети вилоят аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Соли гузашта кишоварзони вилоят ба маблағи 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба соли 2005 - ум ҳафтуним баробар зиёд мебошад. Бояд зикр намуд, ки дар шароити кӯҳсори кишвар истеҳсоли чунин ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ҳамагӣ аз ҳисоби 8500 гектар замини обӣ ба даст омадааст. Дар мамлакат ноҳияҳое ҳастанд, ки аз 10 то 40 ҳазор гектар замини обӣ доранд, лекин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар онҳо хеле кам мебошад.
Яке аз омилҳои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот истифодаи самараноки заминҳои корам ва аз худ кардани заминҳои нав мебошад. Ба ин мақсад ҳар сол аз буҷети давлат ва тавассути барномаҳои давлативу лоиҳаҳои сармоягузорӣ маблағҳои зиёд ҷудо карда мешаванд.
Дар давоми солҳои 2006 - 2015 барои азхудкунии заминҳои нави обёришаванда аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ 7 миллион сомонӣ ҷудо гардида, беш аз 1100 гектар замини нав обёрӣ карда шудааст. Ҳамзамон бо ин, дар қаламрави вилоят дар панҷ соли оянда азхудкунии боз 1500 гектар замин пешбинӣ гардидааст.
Бори дигар таъкид менамоям, ки дар шароити кӯҳсори мамлакат яке аз роҳҳои асосии пешрафти соҳаи кишоварзӣ беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ташкили истифодаи оқилонаву самараноки заминҳои мавҷуда ва аз худ кардани заминҳои нав ва бо ин роҳ афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, мусоидат ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Вобаста ба ин, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, истифодаи самараноки обу замин, ҳар сол аз худ кардани на камтар аз  100 - 150 гектар замини нав ва зиёд намудани истеҳсоли меваю сабзавот ва саршумори чорво аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки бояд дар маркази диққати Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он қарор дошта бошанд.
Дар ҳудуди вилоят ҷиҳати боз ҳам афзун гардондани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди ниҳоии маҳсулот, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо имкониятҳои зиёд мавҷуданд ва ба хотири ҳарчи бештар истифода кардани онҳо роҳбарону масъулонро зарур аст, ки фаъолияти худро дар ин самт ҷоннок намоянд.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ду минтақаи аз ҷиҳати пешбурди кишоварзӣ пурра фарқкунанда иборат аст. Агар дар қисмати ғарбӣ имкониятҳои хуби пешбурди рустанипарварӣ муҳайё бошанд, дар қисми шарқӣ дар баландиҳои зиёда аз 3500 метр аз сатҳи баҳр чарогоҳҳои васеъ ҷойгир буда, барои рушди соҳаи чорводорӣ (қутоспарварӣ ва гӯсфандпарварӣ) имконоти мусоид доранд.
Бинобар ин, кишоварзони вилоятро зарур аст, ки заминҳои корамро бештар бо мақсади рушди соҳаи боғпарварӣ, истеҳсоли сабзавот, картошка ва хӯроки чорво истифода намоянд, зеро аз дигар манотиқи кишвар ворид намудани маҳсулоти зикршуда серхарҷ буда, ҳангоми интиқол сифати он паст мегардад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вилоят инконияти худтаъминкунии аҳолиро бо маҳсулоти асосии кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо, картошка, мева ва гӯшту шир дорад, зеро дар ғарби вилоят имконияти азхудкунии заминҳои зиёд мавҷуд буда, дар онҳо бунёди боғҳои нав ва кишти зироатҳои хӯроки чорворо ба роҳ мондан мумкин аст.
Аз ин рӯ, Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ шароити иқлиму табиии вилоятро ҳамаҷониба омӯхта, ҷиҳати ҷойгиркунии зерсоҳаҳои кишоварзӣ бо дарназардошти худтаъминкунии аҳолӣ бо маҳсулоти асосии кишоварзӣ пешниҳодҳои илман асоснок таҳия намоянд.
Дастгириву рушди соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ ҳамчун самти пешбарандаи иқтисодиёт ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ бояд дар маркази фаъолияти роҳбарони сохтору мақомоти дахлдор, хусусан раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо қарор дошта бошад. Тайи 25 соли истиқлолият шумораи соҳибкорони инфиродӣ дар вилоят мунтазам афзуда, имрӯз шумораи умумии субъектҳои соҳибкорӣ 4000 нафарро ташкил медиҳад. Саҳми соҳибкорон дар таъмини аҳолии вилоят бо ҷойи корӣ назаррас буда, соли 2015 танҳо аз ин ҳисоб қариб 600 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Дар робита ба ин, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки бо соҳибкорону сармоягузорон ҳамкориҳои судмандро густариш дода, масъалаҳои вобаста ба рушди соҳибкориро сари вақт ҳаллу фасл намоянд.
Ҷалби пасандозҳо ва сармояи хориҷӣ ҳамчун сарчашмаи маблағгузории дохилӣ ва ташаккули захираҳои қарзии ташкилотҳои қарздиҳанда ба ҳисоб рафта, ба рушди минбаъдаи иқтисодиёт мусоидат менамояд. Соли 2015 – ум ҷалби пасандозҳои аҳолӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии дар вилоят фаъолияткунанда ба 254 миллион сомонӣ расидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2010 3 баробар зиёд аст. Ин нишонаи беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми вилоят мебошад.
Ҳамзамон бо ин, соли гузашта аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба соҳибкорон ва аҳолии вилоят 137 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки ин нисбат ба соли 2010 - ум қариб ду баробар зиёд мебошад. Дар чор соли охир аз ҳисоби Фонди дастгирии соҳибкорӣ барои маблағгузории 17 лоиҳаи субъектҳои соҳибкории вилоят 9 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст. Илова бар ин, дар 10 соли охир ба вилоят ба маблағи зиёда аз 430 миллион сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст.
Бо вуҷуди ин, ба сохтору мақомоти марбута, хусусан бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ зарур аст, ки тавассути бартарафсозии мушкилоти дар фаъолияти низоми бонкӣ мавҷуда, ҷалби пасандозҳои аҳолӣ ва сармояи хориҷӣ барои пешниҳоди маблағи ҳарчи бештар ба соҳибкории истеҳсолӣ мусоидат намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар давоми солҳои истиқлолият дар ҳудуди вилоят 48 неругоҳи барқи обии хурду миёна бунёд гардида, дар маҷмӯъ, иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетикаи вилоят аз 15 мегаватт то 48 мегаватт зиёд гардидааст. Илова ба ин, зиёда аз 230 километр хатҳои интиқоли барқи 110, 35, 10 - киловолта ва 192 зеристгоҳи гуногуниқтидор сохта, 125 зеристгоҳ таҷдид карда шудаанд. Умуман, дар вилоят зиёда аз 30 лоиҳаи сохтмону азнавсозии иншооти энергетикӣ ба маблағи беш аз 370 миллион сомонӣ амалӣ карда шудааст, ки ин иқдом ба сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ таъсири воқеан мусбат расондааст.
Айни замон, зиёда аз 95 фоизи аҳолӣ, яъне муштариёни шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз (ба истиснои муштариёни водиҳои Язғулом ва Бартанг) дар давоми 24 соат ва 3 фоизи муштариёни ноҳияи Мурғоб, новобаста аз фасли сол, 8 - 12 соат дар як шабонарӯз бо неруи барқ таъмин карда мешаванд.
Ҳамзамон бо ин, бо мақсади ба шабакаи марказӣ пайваст кардани водии Язғуломи ноҳияи Ванҷ бунёди хати интиқоли барқи “Дашти Язғулом – Мотравн” дар масофаи беш аз 8 километр ба нақша гирифта шудааст ва ин кор то охири соли 2016 ба анҷом хоҳад расид, ки дар натиҷа сифати барқтаъминкунӣ барои беш аз 6 ҳазор нафар аҳолии водии Язғулом беҳтар мегардад.
Имрӯзҳо бо дастгирии молиявии Ҳукумати кишвар ва шарикони рушд корҳои сохтмон ва лоиҳакашии 3 неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори умумии беш аз 11 ҳазор киловатт - соат, аз ҷумла неругоҳи барқи обии “Себзор”- и ноҳияи Роштқалъа ба маблағи 240 миллион сомонӣ, “Мотравн” - и деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ ба маблағи 24 миллион сомонӣ ва азнавсозии неругоҳи барқи обии «Оқсу - 2» дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи қариб 60 миллион сомонӣ идома доранд.
Ҳоло асосноксозии техникиву иқтисодии неругоҳи барқи обии “Санобод” дар дарёи Панҷ бо иқтидори лоиҳавии 125 мегаватт ба анҷом расида, созишнома оид ба ҷалби маблағ барои сохтмони он байни шарикони рушд ва ширкатҳои пудратӣ дар марҳалаи тасвиб қарор дорад.
Инчунин, тибқи “Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурд барои солҳои 2016 - 2020” дар ҳудуди вилоят сохтмони 6 неругоҳи барқи обии хурд (бо иқтидори 23500 киловатт - соат дар ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон, Роштқалъа ва Мурғоб) ба нақша гирифта шудааст.
Вобаста ба ин, ба Вазорати энергетика ва захираҳои об, сохтору мақомоти дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супориш дода мешавад, ки таҳияи лоиҳаҳо ва корҳои омодагиро барои бунёди неругоҳҳои банақшагирифташуда ҳарчи зудтар ба анҷом расонанд.
Дӯстони азиз!
Яке аз ҳадафҳои стратегии кишварамон раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад, ки тавассути таҷдид ва сохтмони нақбу пулҳо ва роҳҳои мошингард амалӣ шуда истодааст.
Дар давоми даҳ соли охир дар соҳаи роҳсозиву нақлиёти вилоят аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва бо ҷалби сармояи хориҷӣ 6 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 770 миллион сомонӣ татбиқ гардида, 105 километр роҳ ва 8 пул сохта, ба истифода дода шуд. Умуман, дар давоми солҳои истиқлолият аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 83 пул ба маблағи қариб 70 миллион сомонӣ сохтаву барқарор карда шудааст. Ҳоло сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб - Қалъаихумб, қитъаи Шамсиддини Шоҳин (Шӯрообод) - Шоҳон ба масофаи 40 километр ва 10 пул ба маблағи беш аз 700 миллион сомонӣ, инчунин, корҳои лоиҳакашиву омодагӣ дар доираи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Қалъаихумб - Ванҷ (марзи ноҳияи Рӯшон) идома доранд.
 Асосноксозии техникиву иқтисодии лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Лабиҷар – Тавилдара - Қалъаихумб анҷом ёфта, масъалаи ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаи Қалъаихумб – Хоруғ – Мурғоб - ағбаи Кулма (сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин) ба масофаи 652 километр ва оид ба лоиҳаи қитъаҳои Кӯлоб – Шамсиддини Шоҳин (Шӯрообод) бо дарозии 32 километр ва қитъаи Шкев - Қалъаихумб ба масофаи 26 километр бо шарикони рушд баррасӣ шуда истодааст.
 Корҳои сохтмонӣ то охири ҳамин сол дар ҳар ду қитъаи зикршудаи роҳ шурӯъ мешаванд. То имрӯз аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати мамлакат барои сохтмон, барқарорсозӣ ва таҷдиди роҳҳои мошингард ва иншооти роҳ зиёда аз 51 миллион сомонӣ маблағ сарф шуда, барқарорсозии пул дар масири роҳи мошингарди Ванҷ - Дуршер, азнавсозии роҳ ва пулҳо дар роҳи мошингарди Хиҷез - Равмеди деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшон, барқарорсозии пулҳо аз болои дарёи Ванҷ ва роҳи автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ - Кулма ба анҷом расонда шуд.
Дар давоми 25 соли истиқлолият танҳо барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои вилоят аз буҷети давлат 90 миллион сомонӣ ҷудо гардида, илова бар ин, дар соли 2016 ба ин мақсад 11 миллион сомонӣ маблағи иловагӣ пешбинӣ шудааст. Бояд гуфт, ки дар натиҷаи тадбирҳои то ба имрӯз амалинамудаи Ҳукумати мамлакат қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз як гӯшаи муддати тӯлонӣ дар бунбасти нақлиётӣ қарордошта ба гузаргоҳи транзитии байналмилалӣ табдил дода шуд.
Ман ҳанӯз понздаҳ сол пеш изҳор дошта будам, ки мо дар ояндаи наздик Бадахшонро ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил хоҳем дод ва асри ХХI асри Бадахшон хоҳад шуд. Тавре ки мебинед, ҳоло Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо кишварҳои ҳамсояи Чин, Афғонистон ва Қирғизистон робитаи мустақими нақлиётӣ дорад. Яъне, мо ба ҳадафи гузоштаи худ ноил гардидем.
Айни замон тавассути гузаргоҳи байналмилалии Кулма, Қизиларт ва 6 пул аз болои дарёи Панҷ боркашонӣ ва мусофиркашонии байналмилалӣ бо чандин кишварҳои ҳамсоя ва минтақа хуб ба роҳ монда шудаааст. Барои боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонии нақлиёт ба аҳолии вилоят дар солҳои минбаъда татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории таҷдиди роҳҳои мошингард ва иншооти он ба маблағи 2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ҷиҳати дарёфти маблағҳо гуфтушунидҳо бо шарикони рушд идома доранд.
Аз ин лиҳоз, Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дигар вазорату идораҳои марбута, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки масъалаи дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд татбиқ намудани лоиҳаҳои зикршударо таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд. Зеро амалӣ шудани лоиҳаҳои бунёду барқарорсозии роҳу пулҳо дар баробари бамаротиб осон кардани рафтуомади мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот имкониятҳои рушди сайёҳиро боз ҳам афзун мегардонад.
Вилоят яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳии мамлакат ба ҳисоб рафта, бо рӯду дарёчаҳо, обҳои шифобахш, кӯҳҳои сарбафалаккашида ва манзараҳои беҳамто дар ҷаҳон шуҳрати калон дорад.
Ба рушди соҳаи сайёҳӣ, инчунин, мавҷудияти мавзеъҳои таърихиву табобатӣ, аз қабили кӯли Сарез, Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеҳ, Биби Фотимаи Заҳро, Боғи ботаникии Помир, қаторкӯҳҳои баландтарин дар ҷаҳон ва пиряхҳо мусоидат менамоянд. Илова бар ин, дар қаламрави вилоят барои рушди туризми табобатӣ як қатор истироҳатгоҳу табобатгоҳҳо, аз қабили «Сарез», «Шифо», «Гармчашма» ва «Ташриф» барои қабули шаҳрвандон ва сайёҳон омода мебошанд.
Мавзеъҳои тамошобоби сайёҳии Яшилкӯл ва Бадҷор воқеъ дар деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон ҳамасола шумораи зиёди сайёҳони ватанӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Ҳоло мавзеъҳои сайёҳии вилоят ба қатори 100 мавзеи беҳтарини тамошобоби ҷаҳон ворид гардидаанд.
Зарур аст, ки ин имкониятҳои муҳайёкардаи табиати кишварамон аз тарафи Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорону сармоягузорон ҳарчи васеътару самаранок истифода карда шаванд. Дар ин самт фароҳам овардани шароити замонавӣ, яъне бунёди инфрасохтори муосир ва ташкили хизматрасонии сатҳи баланд метавонад ба рушди сайёҳии дохиливу хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои он, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидати фаъол намояд.
Ҳамватанони азиз!
Ҳукумати мамлакат масъалаи таълиму тарбияи насли худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпараст, ба камол расондани кадрҳои соҳибмаърифату баландихтисосро вазифаи аввалиндараҷа ва самти муҳимтарини фаъолияти худ медонад. Аз ин рӯ, мо тамоми захираву имкониятҳоро барои таҳкими пояҳои моддиву техникии соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи наслҳои ояндасоз сафарбар кардаем.
Дар зарфи 25 соли соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои соҳаи маорифи вилоят 224 бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 32 ҳазор нафар хонанда ба маблағи умумии 182 миллион сомонӣ сохта ва азнавсозӣ гардида, ба истифода супурда шудаанд.  Соли ҷорӣ барои нигоҳдории соҳаи маорифи вилоят 16 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар муқоиса бо даҳ соли пеш, яъне соли 2006 - ум 14 баробар зиёд мебошад. Илова бар ин, дар соли ҷорӣ ва ду соли минбаъда сохтмони 37 бинои таълимӣ барои беш аз 2300 ҷойи нишаст ба маблағи зиёда аз 40 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки имрӯз вазъи омода намудани мутахассисон аз ҳисоби ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар сатҳи баланд қарор дорад. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ тавассути бурсияҳои таҳсилии давлатҳои хориҷӣ, вазорату идораҳо ва созмонҳои байналмилалӣ беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони вилоят барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар фиристода шудаанд.
Барои муқоиса бо ин рақамҳо мехоҳам як - ду далели дигарро зикр намоям: аз 463 ҳазор нафар аҳолии ноҳияи Рӯдакӣ - 247 донишҷӯ, аз 317 ҳазор аҳолии шаҳри Ваҳдат - 420 донишҷӯ ва аз 355 ҳазор аҳолии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 201 донишҷӯ барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар фиристода шудаанд.
Айни замон 350 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят дар донишгоҳу донишкадаҳои мамолики мухталифи ҷаҳон таҳсил мекунанд ва 155 нафар олимону муҳаққиқони вилоят барои коромӯзӣ ва такмили ихтисос дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор доранд.
Тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар асоси Квотаи президентӣ барои солҳои 2016 - 2020 барои ҷавонони вилоят ҳар сол 200 ҷой пешбинӣ шудааст. Дар 13 соли охир аз вилоят тибқи Квотаи президентӣ 1450 нафар, аз ҷумла 802 нафар духтарон ва 648 нафар писарон ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил шудаанд, ки қисми онҳо, аллакай, дар бахшҳои гуногуни шаҳру ноҳияҳои вилоят муваффақона фаъолият карда истодаанд.
Тибқи маълумот Барномаи компютерикунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар вилоят 220 фоиз иҷро шудааст.
Бо вуҷуди ин ҳама пешравиҳо, ба Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таъмини пурраи талаботи муассисаҳои таълимии вилоят бо мизу курсӣ ва рушди фаъолияти муассисаҳои томактабӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.
Бояд гуфт, ки дар давоми 25 соли истиқлолият ҳаҷми буҷети соҳаи тандурустии вилоят аз 97 ҳазор сомонӣ ба 58 миллион сомонӣ расонда шудааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли 1991 қариб 600 баробар зиёд мебошад.
Дар 10 соли охир дар самти беҳдошти саломатии сокинони вилоят ва таъмини фаъолияти муътадили муассисаҳои соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 18 барномаи давлатӣ қабул шудааст. Агар то соли 2006 - ум 246 муассисаи тиббиву профилактикӣ ба аҳолии вилоят хизмат расонда бошад, имрӯз шумораи чунин марказҳо ба 347 расидааст. Дар маҷмӯъ, дар давоми 25 соли истиқлолият аз ҳисоби маблағгузории буҷети давлатӣ 105 иншооти тандурустии вилоят ба маблағи беш аз 75 миллион сомонӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ карда шудааст. Инчунин, тавассути Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент барои сохтмони 10 иншооти соҳаи тандурустии вилоят қариб 22 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст, ки аз он 9 иншоот ба истифода дода шуда, ҳоло сохтмони муассисаи табобати бемориҳои рӯҳӣ дар ноҳияи Роштқалъа идома дорад.
Илова бар ин, бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббиву санитарӣ ба аҳолӣ ва вобаста ба кӯчондани маркази ноҳия аз шаҳри Хоруғ ба шаҳраки Ваҳдат, корҳои лоиҳакашиву сохтмони беморхонаи марказӣ дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнон оғоз гардидааст, ки арзиши лоиҳавии он 23 миллион сомониро ташкил медиҳад. Умуман, барои корҳои ободониву созандагии ноҳияи Шуғнон ва маркази он аз ҳисоби маблағгузории буҷетӣ 270 миллион сомонӣ сарф шуда, маркази ноҳия имрӯз ба яке аз гӯшаҳои зебои вилоят табдил ёфтааст.
Соли 1990 шумораи табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар вилоят мувофиқан 420 ва 1580 нафарро ба даҳ ҳазор сокин ташкил медод ва ин нишондиҳанда соли 2015 мутаносибан ба 480 ва 1900 нафар баробар шудааст. Дар ин муддат аз ҳисоби ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 756 нафар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм намуда, ба муассисаҳои тиббии вилоят ба кор фиристода шудаанд. Ҳоло 243 нафар ҷавонони вилоят дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ, аз ҷумла 79 нафари онҳо тибқи Квотаи президентӣ таҳсил мекунанд. Ғайр аз ин, дар шаҳри Хоруғ коллеҷи тиббӣ фаъолият дорад, ки то имрӯз онро 2400 нафар хатм намуда, дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба кор сафарбар карда шудаанд.
Боиси қаноатмандист, ки дар натиҷаи талошҳои Ҳукумати мамлакат нишондиҳандаҳои демографӣ ва вазъи саломатии сокинони вилоят, аз ҷумла кӯдакону модарон рӯз то рӯз беҳтар шуда, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ нишондиҳандаи фавти модару кӯдак беш аз панҷ баробар коҳиш ёфтааст.
Имрӯз беморхонаи вилоятӣ бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ ва нақлиёти махсус таъмин гардида, шуъбаи бемориҳои сироятӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд ва танҳо имсол барои бунёди иншооти соҳаи тандурустии вилоят қариб 3 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Дар се соли минбаъда аз ҳисоби Буҷети давлатӣ сохтмони беморхонаи марказии ноҳияи Шуғнон, шуъбаи ёрии таъҷилии тиббии беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб, бинои коллеҷи тиббӣ дар шаҳри Хоруғ ва маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар ноҳияи Дарвоз ба нақша гирифта шудааст.
Аз ин лиҳоз, ба масъулини соҳа зарур аст, ки ба масъалаҳои истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда, таҷҳизоти тиббӣ ва тақвияти заминаи моддиву техникии муассисаҳои тандурустӣ, инчунин таъмини муассисаҳои тандурустии вилоят бо кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани сатҳи дониши касбии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи тиббӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Ҳамчунин, фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ дар бобати дастгирии маъюбон ва дигар гурӯҳҳои осебпазир ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад ва масъулони соҳа вазифадоранд, ки доир ба рафъи мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар ин раванд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои боз ҳам беҳтар кардани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ чораҷӯӣ намояд.
Вобаста ба масъалаи ба шуғл фаро гирифтани аҳолии вилоят бояд гуфт, ки дар зарфи солҳои истиқлолият дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, 60 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин ва 28 ҳазор нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардида, ба 34 ҳазор нафар барои давраи бекорӣ кумакпулӣ пардохта шудааст.
Дар ин давра ба 7 ҳазор нафар барои фаъолияти соҳибкорӣ қарзи имтиёзнок дода шуда, 12 ҳазор нафар сокинони вилоят аз ҳисоби маблағҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ройгон ба тайёрии касбӣ фаро гирифта шудаанд.  Бо вуҷуди тадбирҳои амалигардида ҳанӯз дар вилоят бекорӣ миёни ҷавонони то 30 сола 10 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда аз сатҳи миёнаи бекорӣ дар мамлакат якуним - ду баробар зиёд аст.
Бо дарназардошти вазъи зикршуда вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бояд ҷиҳати ҳарчи бештар ба фаъолияти корӣ фаро гирифтани сокинони вилоят ва дар навбати аввал ҷавонон, бо роҳи дастгирии соҳибкориву тиҷорат ва ҷудо кардани қарзҳои хурд аз ҳамаи имкониятҳо истифода намоянд.
Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият мо ба таблиғи арзишҳои милливу фарҳангиамон бештар рӯ овардем, зеро миллати тоҷик дар масири таърих бо осори инсонпарваронаи худ дар рушди фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Мо сиёсати давлатиамонро дар ин самт минбаъд низ идома бахшида, ҷиҳати таблиғи ҳарчи бештари фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати эҷодкору ҳунарманд тадбирҳои судманд хоҳем андешид. Ҳоло дар шаҳри Хоруғ бунёди театри вилоятӣ шурӯъ гардидааст ва мо ният дорем, ки онро дар зарфи ду – се соли оянда омода карда, ба фарҳангиёни вилоят ва сокинони он туҳфа намоем. Ҳарчанд ки театри амалкунанда чанде пеш аз таъмири асосӣ бароварда шуд, вале шароиту имкониятҳои он ба талаботи театри касбӣ ҷавобгӯ нест.
Вобаста ба ин, Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки дар замони авҷ гирифтани хатарҳои муосир ва бо мақсади эмин нигоҳ доштани наврасону ҷавонон аз таъсири андешаву мафкураи ифротиву хурофотӣ барои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, таъмиру тармими онҳо ва беҳтар намудани фаъолияти марказҳои фарҳангӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дӯстони азиз!
Дар баробари пешрафту дигаргуниҳои зикршуда баъзе масъалаҳое низ ҳастанд, ки аз онҳо чашм пӯшида наметавонем. Зеро рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ва зиндагии орому осудаи мардуми кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар навбати аввал, аз вазъи риояи қонуният, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини амнияту суботи ҷомеа вобастагии мустақим дорад.
Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар вилоят нишон медиҳад, ки дар маҷмӯъ, дар панҷ соли охир содир намудани ҷиноятҳо, алалхусус ҷиноятҳои вазнин зиёд шудааст. Дар ин давра содиршавии ҷиноят дар ҳудуди вилоят қариб якуним баробар, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ ду баробар афзудааст. Гузашта аз ин, 36 фоизи ҷинояти одамкушӣ (аз 19 ҳолат 7 ҳолати он) нокушода мондааст.
Ҳарчанд ки дар панҷ соли охир аз дасти аҳолӣ 1333 мил силоҳи ғайриқонунӣ гирифта шудааст, вале то ҳол дар дасти шахсони алоҳида аслиҳаи ғайриқонунӣ вуҷуд дорад. Бо истифода аз силоҳи ғайриқонунӣ дар давраи зикршуда 88 ҷиноят содир шудааст, ки чунин вазъ боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.
Ҷинояти дигаре, ки мисли терроризму экстремизм ба амнияти давлат ва ҳатто генофонди миллат таҳдид мекунад, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Дар панҷ соли охир дар ҳудуди вилоят аз қочоқбарон қариб ду тоннаву 200 килограмм маводи мухаддир мусодира карда шуда, 219 нафар барои содир намудани ин намуди ҷиноят дар дохили кишвар ва 71 нафар дар кишварҳои дигар дастгир шудаанд. Танҳо соли 2015 ва панҷ моҳи соли ҷорӣ 68 нафар сокинони вилоят дастгир гардида, аз онҳо 300 килограмм маводи мухаддир мусодира карда шудааст. Дар баробари ин, 69 нафар сокинон барои содир намудани ин намуди ҷиноятҳо расман дар кофтуков қарор доранд.
Шумораи онҳое, ки гирифтори бемории нашъамандианд, низ ташвишовар аст. То оғози апрели соли 2016 – ум 2933 нафар шахсони гирифтори ин беморӣ ошкор ва ба қайд гирифта шудаанд. Танҳо дар панҷ соли охир 200 нафар сокинони вилоят, ки аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд, дар натиҷаи истифодаи маводи мухаддир, яъне аз “марги сафед” фавтидаанд.
Дар давоми солҳои 2011 - 2015 ва панҷ моҳи соли 2016 дар ҳудуди вилоят 205 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷа 132 нафар ҳалок шуда, 280 нафар одамон ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин давра қариб 60 ҳазор ҳолати вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла 250 ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, зиёда аз 5200 ҳолати бе шаҳодатномаи ронандагӣ, қариб 400 ҳолати бе иҷозатнома истифода кардани воситаи нақлиёти сиёҳшиша, 460 ҳолати бе рақами қайди давлатӣ, қариб 400 ҳолати итоат накардан ба талаботи кормандони милитсия ба қайд гирифта шудааст.
Ҷиноятҳои дигаре, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро сахт ба ташвиш оварда, ба вабои аср табдил ёфтаанд, экстремизм ва терроризм мебошанд. Мутаассифона, имрӯз 33 нафар сокинони вилоят, ки аксари онҳоро (27 нафар) сокинони ноҳияи Ванҷ ташкил медиҳанд, дар ҳайати гурӯҳҳои террористӣ дар давлатҳои хориҷӣ қарор доранд. Бештари ин шахсонро онҳое ташкил медиҳанд, ки дар хориҷи кишвар таълимоти динӣ гирифтаанд.
Бо вуҷуди кӯшишҳои мақомоти давлатӣ то имрӯз шумораи онҳое, ки дар хориҷи кишвар ғайриқонунӣ таълимоти динӣ мегиранд, зиёданд. Мувофиқи маълумоти мавҷуда айни ҳол қариб 200 нафар, ки бештари онҳоро сокинони ноҳияи Ванҷ (113), Дарвоз (15) ва Мурғоб (15) ташкил медиҳанд, ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷи кишвар қарор доранд. Мақомоти марбутаро лозим аст, ки дар ин масъала чораҳои қонунӣ андешанд.
Вазъи риояи қонуният, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор, инчунин роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, падару модарон, зиёиён ва фаъолон тақозо мекунад, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо, аз ҷумла тавассути вусъат бахшидани корҳои пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳиву тарбиявӣ чораҳои ҷиддӣ андешанд.
Мо бояд дастҷамъона ин проблемаро аз байн барем, зеро ҷинояткорӣ, дар айни замон, яке аз монеаҳои ҷиддии рушди сайёҳӣ мебошад. Яъне ҷинояткорон зомини ризқи дигарон - ҳамдиёрон ва хешу ақрабои худ мешаванд.
Рӯйдоду таҳаввулоти пурпечутоби ҷаҳони имрӯза, бахусус ҷангу нооромиҳои шадид дар баъзе аз кишварҳои Шарқи Наздик ва минтақаҳои дигар, гуреза шудани миллионҳо нафар мардуми бегуноҳ, хароб гардидани садҳо шаҳрҳои ободу таърихӣ, осори фарҳанги ҷаҳонӣ ва шикастани пояҳои давлатдории баъзе кишварҳо бори дигар дастоварди ниҳоят пурарзиш ва бозёфти нодир будани истиқлолияту озодӣ, соҳибватанӣ ва сулҳу ваҳдати миллии мардуми Тоҷикистонро собит месозанд.
Ҳоло мо ҳама аз он ифтихор дорем, ки мардуми шарифи тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшиданд, сулҳу ваҳдати миллиро барқарор намуданд ва имрӯз дар фазои сулҳу суботи комил бо азму талоши содиқона Ватани маҳбуби худро ободу зебо гардонда истодаанд.
Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди мамлакат, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаи сиёсии худ бояд бо ҳисси баланди худогоҳиву ватандӯстӣ истиқлолияту озодӣ ва ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо, асоси суботу оромӣ ва пешрафту ободонии кишварамон муқаддас шуморад ва онро ҳифз намояд.
Ҳамватанони гиромӣ!
Ҳадафи аслии ҳар яки мову шумо ободу зебо сохтани Ватани азизамон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқамон ва обрӯи давлати соҳибистиқлоламон мебошад, ки ба ин васила мо тавонем барои наслҳои имрӯзу ояндаи кишвар шароити хуби кору зиндагиро таъмин намоем ва ба онҳо як мулки пешрафтаро ба мерос гузорем.
Ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадафи нек зарур аст, ки ҳар як роҳбар ва корманди масъули сохтору мақомоти давлатӣ, соҳибкорону сармоягузорон ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ва махсусан, ҷавонон софдилонаву садоқатмандона кору фаъолият намоянд. Он рӯз дур нест, ки мо бо дастгириву заҳмати содиқонаи мардуми сарбаланду тамаддунсози тоҷик, аз ҷумла сокинони бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кишвари худро ба як давлати пешрафтаву мутамаддин, дорои шабакаҳои замонавии энергетикӣ, инфрасохтори пешрафтаи нақлиёту сайёҳӣ ва сатҳи баланди хизматрасонӣ табдил медиҳем, ки орзуи дидани он дар қалби ҳазорон нафар сайёҳону сокинони сайёра маъво мегирад.
Бо ифтихор изҳор менамоям, ки мардуми сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чун тамоми сокинони кишварамон дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими сулҳу ваҳдат, пешрафти иқтисодиёту фарҳанги миллӣ ва умуман рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвари маҳбубамон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои ободу зебо гардондани сарзамини аҷдодӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли худ ҳамеша саъю талош менамоянд.
Мушоҳида мегардад, ки саъю талоши онҳо, хусусан, дар давраи омодагӣ ба ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ вусъати тоза гирифтааст.
Бо изҳори сипос аз заҳмати ватандӯстонаи хурду бузурги вилоят, кулли мардуми бонангу номуси онро ба ифтихори ин ҷашни муқаддас табрик гуфта, орзуманди он ҳастам, ки ҷашнҳои барои миллати тоҷик бузургу азиз -  Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ имсолу солиёни дигар ба сарзамини биҳиштосои мо нишоти ҳамешагӣ, ободкориҳои тоза ва нусрату фаровониро ато намоянд.
Ба ҳамаи шумо ва кулли мардуми вилоят саломатӣ, бахту иқболи нек ва рӯзгори хушу осуда орзу менамоям.
Ҳамеша хонаободу сарфароз бошед, ҳамдиёрони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.06.2016    №: 128    Мутолиа карданд: 4885
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед