logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ гашта, дар ҳамин асос аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Сипас баъди баррасӣ ва муҳокима аз ҷониби аъзои Ҳукумати мамлакат Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2016 ва Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 қабул карда шуд.
Аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» - ро мақул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ҳамчунин хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи байторӣ” пешниҳод шуданд.
Дар кори маҷлиси Ҳукумат инчунин лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд “Оид ба номивазкунии деҳаи Наймани Ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара ба деҳаи Сароб”, Дар бораи Самтҳои асосии таҳияи барномаҳои телевизион ва радио барои солҳои 2017-2021, Дар бораи Нақшаи генералии маркази ноҳияи Варзоб, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои вобаста ба ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди иншооти таъйиноти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ барои иҷрои бетаъхири нишондиҳандаҳои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дода шуда, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суръат бахшидани кишти такрорӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили имсолаи меваю сабзавот ва ғалладонагиҳо, афзун намудани содироти меваю сабзавоти хушсифати Тоҷикистон ба хориҷ, танзими нарху навои маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва расондани ёрӣ ба ятимону эҳтиёҷмандон дар арафаи иди саиди Фитр дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар анҷоми ҷаласа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва дигар мансабдорон амр карданд, ки дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон ва Иди саиди Фитр фитри рӯза ва хайроти худро ба ятимону бепарасторон, маъюбон, эҳтиёҷмандон, оилаҳои камбизоат ва оилаҳои бар асари офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат диҳанд. Роҳбарияти Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамин амр вазифадор шуданд, ки дар рӯзи Иди саиди Фитр барои дуою фотеҳа на ба хонаи мансабдорону сарватмандон, балки ба манзили оилаҳои наздикону пайвандонашонро аз даст дода, оилаҳои эҳтиёҷманд ва дигар шахсони азодор ва бекасу танҳо рафта аз аҳволашон бохабар шаванд ва дуою фотеҳаи моҳи шарифи Рамазон ва Иди саиди Фитрро дар манзили ин гуна шахсон ба ҷо оранд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2016    №: 129    Мутолиа карданд: 15466
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед