қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016»
Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2015 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, № 11, мод. 978; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни 2016, № 1321) қисми 14 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«14. Воридоти маснуоти заргарӣ аз андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда, бар ивази онҳо пардохти махсуси гумрукӣ ба андозаи зерин муқаррар карда шавад:
- барои воридоти 1 (як) грамм маснуоти заргарӣ аз металли тилло 18,0 сомонӣ;
- барои воридоти 1 (як) грамм маснуоти заргарӣ аз металли нуқра 3, 06 сомонӣ».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 июли соли 2016, № 1322
ҚАРОРИ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 30 июни соли 2016, № 513
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 7.07.2016 №: 132 Мутолиа карданд: 4769