logo

маориф

МАСЪУЛИЯТ. СУХАН АЗ БОБИ ДАРСҲОИ ПУЛАКӢ МЕРАВАД

Мақолаи «Муаммои дарсҳои иловагӣ ҳалли худро ёфтааст»-и рӯзномаи «Ҷумҳурият», аз 25 майи соли 2016, мавриди баррасӣ қарор гирифт.  Вазорати маориф ва илм бо мақсади баланд бардоштани сифати дониш, амалӣ гардондани ҳуқуқи гирифтани  таҳсилоти умумии ҳамаи зинаҳо, ки давлат кафолат додааст ва  баланд бардоштани   пояи моддии техникии мактабҳо шароит муҳайё месозад.  Барои расидан ба ин мақсад давлат  тамоми ваколатҳоро ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ додааст. Пас аз гузаштан ба маблағгузории меъёрӣ муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мустақилияти молиявии худро пайдо намуданд ва вобаста ба талаботи худ маблағҳои буҷетиро истифода мебаранд. Раванд ва тартиби истифодаи маблағи муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи таълимӣ сурат мегирад.
Инчунин, дар доираи қонунҳои амалкунанда ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ имконият дода шудааст, ки ба буҷети мактаб сармояҳои иловагиро ҷалб намоянд. Муассисаи таълимӣ метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи иловагиро бо роҳи хизматрасонии иловагии пулакӣ ва амалигардонии фаъолияти дигар, ки оинномааш пешбинӣ кардааст, инчунин аз ҳисоби эҳсонкорӣ ва пардохтҳои мақсадноки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ ҷалб намояд. Дарсҳои иловагии пулакӣ ин яке аз самтҳои ҷалб намудани сармоя ба буҷети муассиса мебошад.
Тибқи банди 36-и Низомномаи намунавии муассисҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 тасдиқ гардидаст, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии давлатӣ бо хоҳиши падару модарон дар асосӣ шартномаи байни муассисаи таълимӣ ва падару модарон таълими пулакӣ ташкил карда мешавад. Шакл ва намуди хизматрасонии иловагии пулакиро Низомномаи «Номгӯи хизмати иловагии таълими пулакӣ дар муассисаи таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, муайян менамояд.  Низомномаи мазкур тақсимоти маблағҳои ҷамъовардаро ба танзим медарорад.
Дар давраи имзо намудани шартнома бо муассисаи таълимӣ волидайн бояд ба ҳар банди он диққати ҷиддӣ диҳанд ва дар ҳолати пайдо шудани нофаҳмиҳо ба муассис муроҷиат намоянд. Дар маҷмӯъ  дарсҳои иловагии пулакӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дуруст ба роҳ монда шудаанд. Агар ба волидайн ва хонанда дарсҳои иловагӣ лозим набошанд дар ин ҳолат шартнома баста намешавад.  Дар ин маврид, волидайн маблағ намесупоранд. Таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ройгон мебошад.  
Дафтари матбуоти Вазорати маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2016    №: 134    Мутолиа карданд: 4860
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед