logo

маориф

ҚАДАМИ НАХУСТИН БА СӮИ ОРЗУҲО

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар 43 маркази 15 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз рӯйи қисми А, кластери 1, 2 (гурӯҳи ихтисосҳои забон, таърих, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, математика ва дигар тахассусҳо) имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба мактаби олӣ ва коллеҷҳо идома доранд. Рӯйхати марказҳои имтиҳонӣ дар сомонаи расмии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.
Дар вилояти Суғд дар шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, ноҳияҳои Данғара, Шаҳритуз  ва Рашт, инчунин дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе марказҳои имтиҳонӣ барои довталабон дарҳои худро боз карданд.
Ёвари директори Маркази миллии тестӣ Абдувосит Юлдошев ба мо иттилоъ дод, ки барои дохил шудан ба макотиби олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти касбии ҷумҳурӣ ба марказҳои азқайдгузарӣ  83  590 нафар ҳуҷҷат супоридаанд. Ин шумора нисбат ба соли гузашта 10 590 нафар зиёд аст. Онҳо барои 53 000 ҷой мубориза мебаранд.
Хотиррасон бояд кард, ки имтиҳонҳои қисми А ва Б барои довталабон ҳатмӣ буда, алҳол онҳо аз рӯи қисми Б имтиҳон супорида истодаанд. Мо аз се маркази имтиҳонӣ, ки дар мактабҳои рақамҳои 94 ва 25 - и ноҳияи Сино, 71 - и ноҳияи Шоҳмансур  ҷойгиранд,  дидан кардем. Ҷараёни баргузории имтиҳонҳо шафоф буда, волидон тавассути мониторингҳо дар толори васеи муассисаҳои мазкур рафти имтиҳонҳоро мушоҳида менамоянд.
Ҷавоби имтиҳонҳоро дар сомонаи ММТ метавон пайдо кард. Натиҷаҳои ниҳоӣ бошад, рӯзи 25 июл дар худи марказ эълон карда мешавад. Довталабоне, ки холҳои заруриро гирифтаанд, бо паёмакҳои марказ барои иштирок дар озмуни минбаъда барои тақсимот ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус даъват карда мешаванд.                                                 

Убайдулло РАҲИМОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2016    №: 136    Мутолиа карданд: 5040
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед