logo

маориф

5 СОЛ. ДАР ИН МУДДАТ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ МАЪЮБОН ДАСТОВАРДҲОИ ЗИЁД ДОРАД

Литсейи касбии махсуси маъюбон, воқеъ дар маҳаллаи Камонгарони ноҳияи Сино, соли панҷум аст, ки дарҳои худро боз кардааст. Ин ягона макони таълиму тадрис ва бо ҷойи кор таъмин намудани маъюбон дар пойтахт ба ҳисоб меравад, ки аз рӯйи шаш ихтисос мутахассис тайёр мекунад. Муассиса дорои 10 синфхонаи назариявӣ, 6 устохона, 6 синфхонаи умумӣ ва 4 хонаи кории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, ҳамчунин китобхонаи электронӣ, қироатхона, бунгоҳи тиббӣ ва ошхонаи ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошад.

Касбомӯзони гурӯҳҳои радиомеханика, телевизион, системаи роёна ва интернет – технология, ҳисобдорӣ, дӯзандагӣ ва пойафзолдӯзӣ аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки барояшон шароити хуби зиндагиву омӯзиши касбу ҳунар фароҳам оварда шудааст. Давриннисо ном хонандаи курси дуюми гурӯҳи ҳисобдории литсей, донандаи хуби забони русӣ ва англисӣ, бо самимияти беандоза аз имкониятҳои васеи таълимӣ дар муассиса ибрози андеша намуда, гуфт, ки акнун метавонад баъд аз хатми литсей бе монеа ба донишгоҳ дохил шуда, соҳибкасб гардида дар оянда ба ҳайси муҳосиб ва тарҷумони забони англисӣ кор кунад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки мисли Давриннисо дар муассиса хонандагони болаёқат зиёданд. Шумораи онҳо ба 263 нафар расидааст, ки дар самтҳои мухталиф ба касбомӯзӣ машғуланд. Махсусан, маҳсули дастранҷи дӯзанда – тарроҳони моҳир қобили таваҷҷуҳ аст. Кори онҳо метавонад на танҳо диққати мардуми кишвар, балки сайёҳони хориҷиро низ ҷалб намояд. Барои ин ташкили намоиш – фурӯши маҳсулоти дастии онҳо ба манфиат аст. Зимни суҳбат бо онҳо, тафаккури солим, рӯҳи шикастнопазир, иродаи қавӣ ва ниҳоят диди некбинона аён буд. Албатта, дастгирии устодону омӯзгорони пуртаҷриба низ инҷо чашмрас аст. Хонандагон дарк менамоянд, ки агар бо баҳои хубу аъло таҳсил намоянд, баъди хатм тибқи имтиёзи барояшон пешбинишуда ба мактабҳои олии мамлакат дохил мешаванд. Барои баланд бардоштани маънавиёти худ хонандагон аз китобхонаи электронӣ, ки дорои адабиёти зиёди бадеӣ ва таълимӣ мебошад, васеъ истифода мебаранд.
Пизишкони бунгоҳи тиббию ҳуҷраи физиотерапевтӣ иборат аз 7 нафар ба солимгардонии хонандагони маъюб аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Барои беҳсозии саломатии онҳо утоқи тавонбахшӣ бо воситаҳои ҳаракатдиҳандаи узвҳои бадан, маҳс, сандалии барқӣ амал мекунанд.
Ба гуфтаи Мавлуда Саидаҳмадзода, директори муассисаи литсейи касбии махсуси маъюбон, сарпарасти асосии муассиса Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи шахсони дорои имконияташон маҳдуд вобаста шудааст. Вазорат дар давоми чанд соли охир барои таъмини муассиса бо дастгоҳҳои дӯзандагӣ ва утоқи таъмири ашёи рӯзгор мусоидат намудааст. Бо вуҷуди ин, муассисаи таълимӣ ба толори варзишии дорои таҷҳизоти солимгардонӣ ниёз дорад. Зеро маҳз ривоҷи варзиш дар литсей омили бардамиву рӯҳи солими маъюбон мегардад. Ҳамчунин литсейи касбии махсуси маъюбон ба таъмир ниёз дорад, утоқҳои хоб ва баъзе аз синфонахонаҳои таълимӣ аз дастгоҳҳои муътадилсозии ҳавои хона  маҳруманд. Феълан 100 нафар хонандагони маъюб дар таътили тобистона ба истироҳатгоҳҳо сафарбар шудаанд. Масъулони соҳа умед бар он доранд, ки бартараф сохтани мушкилоти ҷойдошта аз ҷониби сарпарасти кул ва дигар шахсони хайрхоҳ боиси сарфарозии ҳар як касбомӯз гардида, дар солимии ин қишри ҷудонопазири ҷомеа мусоидат мекунад.
 
О. ВАФОБЕКЗОДА,
С. АЛИМОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2016    №: 136    Мутолиа карданд: 5123
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед