logo

номаҳо

ФАРХОР. ЯК ЧОЙХОНА НАМЕРАСАД

Мо собиқадорони меҳнати ноҳияи Фархор дар куҷо дам гирем, намедонем. Дар ёд дорем дар замони шӯравӣ дар маркази ноҳия 4-5 чойхона буд, ки дар он ҳам калонсолон, ҳам ҷавонон чой менӯшиданд ва дам мегирифтанд. Хусусан, дар як тарафи боғи марказӣ чойхонаи тобистона буд, ки дар он қариб ҳамаи намуди хӯрокиҳо пухта мешуданд.
Аз ҳама муҳимаш он буд, ки дар чойхонаи боғ ҷои махсус барои шоҳмотбозӣ, доминобозӣ ва шашкабозӣ ҷудо карда шуда буд. Ғайр аз ин, дар як кунҷи чойхона ба номи «Гӯшаи сурх» рӯзномаю маҷаллаҳо гузошта шуда, одамон дар баробари чой нӯшидан боз рӯзномаю маҷалла хонда, ғизои маънавӣ мегирифтанду бо табъи болида аз пайи кори худ мешуданд.
Ҳоло бошад чӣ, на собиқадорони меҳнат, на ҷавонон, на шахсони дар тобистон ба рухсатии меҳнатӣ баромада, намедонанд дар куҷо дам гиранд.
Айни ҳол дар маркази ноҳия, дар рӯ бо рӯи бозори марказӣ, дар соҳили ҷӯйбор чойхонае бо номи «Табассум» сохта шудааст. Яъне чойхона вуҷуд дорад гӯем хато намекунем, вале он ба талаботи мизоҷон ҷавобгӯ нест. Дар беруни он ҳамагӣ ду кат гузошта шудааст. Гӯё барои шоҳмотбозӣ ва шашкабозӣ, вале дар ин ду кат одамони зиёд ҷамъ шуда, бо мағалу дашном  шоҳмот ё шашка мебозанд. Ягон маданияти чойхонадорӣ риоя намешавад. Ҳолати санитарию гигиенӣ ҳам хуб нест.
Дар маркази ноҳия боғи истироҳатию фароғатиро аз нав бунёд карданд, ки назар ба боғи пешина хеле зебо аст, аммо мо намефаҳмем, ки барои чӣ дар ягон кунҷи он барои шаҳрвандон сохтани як чойхонаро лозим надонистанд, ки дар он собиқадорони меҳнат чой нӯшида, дам мегирифтанд. Ҳол он, ки дар боғ ҷойҳои холӣ бисёр аст.
Мо дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Шояд ба ин муносибат роҳбарияти ноҳия ташаббус нишон диҳаду барои ниёзмандон чойхонаи зебое сохта, туҳфа созад.

С. АМИНОВ, сокини ноҳияи Фархор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2016    №: 136    Мутолиа карданд: 11224
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед