logo

маориф

ҲИСОБОТИ ХАТТӢ. ТАЛАБОТИ НАВ БАРОИ ТАҶРИБАОМӮЗОН

Вазорати маориф ва илм  дар посух ба  мақолаи «Таҷрибаомӯзӣ. Чаро ба он муносибат ҷиддӣ нест?»,  ки дар шумораи № 77 – и  «Ҷумҳурият» нашр шудааст, иттилоъ медиҳад, ки тибқи стандарти давлатӣ ва нақшаи раванди таълим дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ таҷрибаомӯзӣ як қисми асосии ҷараёни таълим ба шумор рафта, дар тамоми муассисаҳои таълимӣ сафарбар намудани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ ба роҳ монда шудааст.
Бо вуҷуди ин, ба раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ супориш дода шуд, ки гузарондани таҷрибаомӯзии донишҷӯёнро тибқи нақшаҳои таълимии тасдиқгардида ва талаботи банди 31 Низомномаи таҷрибаомӯзӣ ба роҳ монад.
Тибқи тартиби иҷрои талаботи барномаи таҷрибаомӯзӣ баъди анҷоми таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён аз натиҷаи корҳои ба анҷомрасондаашон ба кафедраҳои тахассусӣ ҳисоботи хаттӣ бояд пешниҳод намоянд ва ҳар як роҳбари гурӯҳ нисбат ба фаъолияти таҷрибаомӯзии шогирдон ҳисобот ва дар рӯзномаҳояшон тақриз нависад.
Садорати факултетҳои донишгоҳҳо вазифадор карда шуданд, ки маҷлисҳои кушодашавӣ ва ҷамъбастии таҷрибаомӯзиро зери назорати ҷиддӣ қарор дода, дар маҷлисҳо омӯзгорони пуртаҷриба ва роҳбарони таҷрибаомӯзӣ  баромад намоянд. Рафти таҷрибомӯзӣ дар онҳо эълон шуда роҳбарони гурӯҳҳо, нишонии макони таҷрибаомӯзиро муайян намоянд ва суратҷаласа (протокол) тартиб дода, ба раёсати донишгоҳ маълумотнома пешниҳод намоянд.
Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2016    №: 138    Мутолиа карданд: 5091
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед