logo

мулоқотҳо

Тоҷикистон ба беҳсозии вазъи экологии Осиёи Марказӣ манфиатдор аст

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори иҷроия ва роҳбари Хазинаи ҷаҳонии экологӣ Моника Барбутро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон  бо  ин  созмони бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ   шуд.   Сардори давлат Эмомалӣ   Раҳмон ба мақому мартаба ва натиҷаҳои фаъолияти хазина баҳои баланд дода, изҳор намуд:
-Тоҷикистон баҳри беҳсозии вазъи экологии кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ ба рушди ҳамкорӣ бо Хазинаи ҷаҳонии экологӣ манфиатдор аст.
Аз сатҳ ва мазмуни ҳамкорӣ бо Хазинаи ҷаҳонии экологӣ, ки ҳанӯз солҳои аввали ба истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистон оғоз гардида буд, изҳори қаноатмандӣ  шуд.
Ҳамзамон бо ин таъкид гардид, ки то ҳол ҳамкорӣ асосан дар сатҳи таҳия ва қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҳифзи муҳити зист ва ҳамгироӣ бо созмонҳои байналмилалӣ сурат мегирад ва имрӯз вақти гузаштан ба таҳия ва татбиқи барномаҳои мушаххас баҳри беҳсозии вазъи экологии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ фаро расидааст.
Мусоидат ба ҳифзи пиряхҳои бузург аз обшавии аз меъёр зиёд, нигоҳдории ҷангалҳо ва васеъ намудани майдони онҳо, наҷоти минтақаи атрофи баҳри Арал аз паҳншавии биёбонҳои намакӣ ва безараргардонии партовҳои радиоактивӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии рушди минбаъдаи ҳамкорӣ маънидод гардид.Ҳар ду ҷониб омодагии худро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Панҷшанбе, 9 июли  соли  2009. № 87 (21 594). Соли 85-уми нашр.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2023
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед