logo

маориф

МУСОИДАТ ХОҲЕМ КАРД

«Забономӯзӣ. Набояд раванди онро беназорат монд», «Ҷумҳурият», № 115, аз 15 июни соли 2016
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар матлаби «Забономӯзӣ. Набояд раванди онро беназорат монд» сабабҳои хуб набудани раванди омӯзишро баррасӣ кардааст. Муаллиф бо ишора ба чандин муассисаҳои таълимии кишвар аз қонеъкунанда  набудани раванди омӯзишу таълими забони русӣ ва англисӣ изҳори нигаронӣ намудааст. Бояд бигӯем, ки феълан бо сабаби  нарасидани мутахассиси варзидаи касбӣ вазъи таълиму тадрис ва сатҳу сифати дониши шогирдон, бахусус дар деҳот, хеле ташвишовар аст.
Дар як фосилаи кӯтоҳ ин қадар мутахассисони варзидаи забонҳои хориҷӣ, тарҷумонҳои сатҳи байналмилалӣ, коршиносону кормандони сафоратхонаю корпусҳои дипломатӣ, тоҷирону муҳандисон, иқтисоддонону сиёсатмадорон тарбия ёфта, ба камол расидаанд, ки ҳама маҳсули заҳмати устодони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар мебошанд.
Мусаллам аст, ки омӯзиши забони русӣ ва англисӣ, тарбия намудани кадрҳои омӯзгорӣ аз ин фанҳо, таълифи луғатҳои дузабона ва сезабона дар раванди омӯзиши забони русӣ ва англисӣ нақши муассире гузошта метавонанд.  Дар ҳақиқат, феълан ҷумҳурӣ ба мутарҷимони варзидаи баландихтисоси дар сатҳи байналмилалӣ ҷавобгӯй ниёз дорад. Инро ба инобат гирифта, Ҳукумати ҷумҳурӣ тибқи барномаи махсус тайёр намудани тарҷумонҳои баландихтисоси ба талаботи давру замон ҷавобгӯйро ба нақша гирифтааст. Тибқи барномаи мазкур дар муддати шаш сол 180 нафар тарҷумони баландихтисоси забони русӣ ва 270 нафар мутарҷими забони англисӣ тайёр карда мешавад.
Баҳри рушди забон ва забономӯзии ҷавонон ва баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони ҷавон дастурҳои таълимӣ, раҳнамо ва нишондодҳои методӣ нақши бориз доранд. Инро ба инобат гирифта, дар барнома табъу нашри як зумра дастурҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Муваффақона амалӣ гардидани Барномаи давлатии тайёр намудани тарҷумонҳои баландихтисоси ба талаботи давру замон ҷавобгӯй ҷиҳати ҳаллу фасли он камбудию  норасоиҳое, ки дар мақола зикр гардидааст, мусоидат хоҳад намуд.
Ш. ЁРМУҲАММАДЗОДА,
директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.08.2016    №: 156    Мутолиа карданд: 5029
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед