маориф
МАҲОРАТИ КАСБӢ.
БАЛАНД БАРДОШТАНИ ОН ЗАМИНАИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ АСТ
Маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо мақсади тақвияти корҳои бозомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии донишҷӯёну омӯзгорон бо 86 муассисаи илмии дохиливу хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расондааст.
Дар ҳамин асос ҳамасола дар маркази мазкур барои омӯзгорон, устодон ва мутахассисони соҳаҳои мухталифи муҷтамеи агросаноатӣ бо ҷалби мутахассисони варзида курсҳои такмили ихтисос ба роҳ монда мешаванд. Зеро таҷриба нишон медиҳад, ки рушди соҳаи кишоварзӣ аз сифати таълим, баланд бардоштани донишу таҷриба, омода намудани технологҳо, муҳандисон, бунёди муассисаҳои саноати нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳамеша зарурияти такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандони соҳаҳои гуногун вуҷуд дорад.
Гузашта аз ин, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар нақши муҳим мебозад. Корхонаю муассисаҳоро бояд мутахассисони сатҳи баланди касбӣ идора кунанд. Аз ин рӯ, мавҷудияти мактаби касбӣ, дар мисоли Маркази такмили ихтисоси ДАТ, ки дар бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳа нақши муассир дорад, танҳо ба манфиати кор аст.
Ин марказ дар асоси шартномаи дуҷониба бо муассисаҳои мухталифи кишвар, аз ҷумла Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, хоҷагиҳои пешрафтаи кишоварзии ҷумҳурӣ ба монанди хоҷагии кооперативӣ – истеҳсолии (ХКИ) ба номи Латиф Муродов, ХКИ «Ватан», ҶДММ «Баракат», ҶДММ «Стабрагро» - и ноҳияи Ҳисор, хоҷагии деҳқонии (фермерӣ) «Ватан - 2008» - и ноҳияи Турсунзода, Гармхонаи «Хайриён» - и ноҳияи Ваҳдат, Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва дигар сохторҳои муҷтамеи агросаноатӣ ҳамкорӣ дорад.
Дар соли ҷорӣ бо ташаббус ва дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти донишгоҳ бо мақсади амалигардонии Барномаи ҳукуматии такмили ихтисоси кадрҳо дар вилояти Суғд (ш. Хуҷанд), вилояти Хатлон (ш. Қурғонтеппа) ва минтақаи Рашт (ш. Ғарм) филиалҳои марказ таъсис дода шуд, ки имрӯз фаъолияти худро доир ба бозомӯзии кормандони соҳаи агросаноатӣ ба роҳ мондааст.
Маркази такмили ихтисоси кадрҳои назди донишгоҳ бо мақсади амалӣ намудани Барномаи ҳукуматии такмили ихтисоси кадрҳои соҳавӣ ва қарорҳои мушовараи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар тӯли фаъолияташ 18762 нафар мутахассисро аз курсҳои бозомӯзӣ, такмили ихтисос, семинару дарсҳои сайёр гузарондааст. Шумораи умумии шунавандагон 26630 нафарро ташкил медиҳад, ки ин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбӣ бо мақсади омодасозии мутахассиси соҳа барои идоракунии истеҳсолоти кишоварзии кишвар саҳми босазо мегузорад.
Саидалӣ ГУЛОВ,
директори Маркази такмили ихтисоси кадрҳои комплекси агросаноатии назди
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, доктори илми биологӣ, профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.08.2016 №: 159-160 Мутолиа карданд: 5238