logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014 «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, № 7, қ. 1, мод. 380; с. 2015, № 7 - 9, мод. 698) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни Қонуни конститутсионии мазкур калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Моддаи 12 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 12. Талабот нисбати номзадҳо ба вазифаи судя
1. Ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе интихоб ё таъйин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, забони давлатиро донад, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошад.
2. Ба вазифаи судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбии гарнизонҳо, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе таъйин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, забони давлатиро донад, синни ӯ аз 25 кам набошад ва ҳадди ақал 3 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад.
3. Синни ниҳоии дар вазифаи судя будан барои занон 58 ва барои мардон 63 мебошад.
4. Номзад ба вазифаи судяи суди ҳарбӣ, инчунин ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» бояд ҷавобгӯ бошад.».
3. Дар қисми 2 моддаи 16 калимаҳои «ноҳия,» ва «Шӯрои адлияи» мувофиқан ба калимаҳои «ноҳияро бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва» ва «Раиси Суди Олии иқтисодии» иваз карда шаванд.
4. Дар қисми 1 моддаи 18:
- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан;»;
- сархати дувоздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар;»;
- дар қисми 2 калимаҳои «ноҳия,» ва «Шӯрои адлияи» мувофиқан ба калимаҳои «ноҳия бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва» ва «Раиси Суди Олии иқтисодии» иваз карда  шаванд.
5. Дар моддаи 19:
- дар қисми 1 калимаҳои «созмони ҷамъиятии (ташкилоти) судяҳо» ба калимаҳои «итиҳодияи ҷамъиятии «Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- дар қисми 8 калимаи «ноҳия,» ба калимаҳои «ноҳия бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва» ва калимаҳои «Шӯрои адлияи» ба калимаҳои «Раиси Суди Олии иқтисодии» иваз карда  шаванд.
6. Матни моддаи 21 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии судӣ ба ҳисоб рафта, назорати судиро аз болои фаъолияти Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе,  судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар парвандаҳои дар тобеияти ин судҳо буда амалӣ намуда, барои ташкили кори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, таъминоти моддию техникии онҳо, хоста гирифтан ва тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судя, такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, пешниҳод барои ба вазифа интихоб ва таъйин намудан, аз вазифа бозхонд ва озод  кардани судяҳо, ташкили имтиҳоноти тахассусӣ ва иҷрои ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.».
7. Дар моддаи 22:
- сархати шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- омори судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳияро  таҳлил менамояд;»;
- сархатҳои нуҳум ва даҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- оид ба такмили низоми судӣ-ҳуқуқӣ ва мусоидат намудан ба таҳкими мустақилияти судҳо таклифҳо пешниҳод менамояд;
- масъалаҳоро оид ба таъминоти кадрӣ, молиявӣ, ташкилӣ ва моддию техникии судҳои поёнӣ баррасӣ мекунад;».
8. Моддаи 23 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 23. Ҳайати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Раис, муовини якум, муовинони Раис, судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешаванд, иборат мебошад.
2. Шумораи судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
3. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати зерин фаъолият мекунад:
- Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.».
9. Дар моддаи 24:
- дар қисми 3 калимаҳои «як моҳ» ба калимаҳои «чордаҳ шабонарӯз» иваз карда шаванд;
- аз қисми 5 калимаҳои «раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,» хориҷ карда шаванд. 
10. Дар қисми 1 моддаи 25:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумора ва ҳайати Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанберо тасдиқ менамояд;»;
- сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ҳисоботро оид ба кори Раёсат ва коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳо ва коллегияҳои судии Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия  мешунавад;»;
- сархати панҷум хориҷ карда шавад;
- дар сархати ҳафтум калимаҳои «Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ё раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро» ба калимаҳои «Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро» иваз карда шаванд.
11. Дар қисми 1 моддаи 26 калимаҳои «, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «ё Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
12. Аз қисми 4 моддаи 28 калимаҳои «раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,» хориҷ карда шаванд.
13.  Дар қисми 1 моддаи 29:
- сархати ҳафтум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ҳисоботи раисони коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳру ноҳия ва судяҳоро оид ба фаъолияташон мешунавад;»;
- сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- масъалаҳои расондани ёрии амалӣ ба судҳои ҷумҳуриро оид ба татбиқи дурусти қонунгузорӣ баррасӣ ва ҳал менамояд.».
14. Дар моддаи 37:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- фаъолияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳияро ташкил ва роҳбарӣ менамояд;
- Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳо бо мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои дигар ва шахсони мансабдор намояндагӣ мекунад;
- вазифаҳоро дар байни муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим мекунад;
- тартиби тақсими парвандаҳоро дар байни судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия тасдиқ менамояд ва масъалаи аз як суд ба суди дигар супоридани парвандаҳои судиро ҳал менамояд;
- дар мавридҳои зарурӣ, бо амри худ барои баррасӣ намудани парвандаҳо судяҳоро аз як коллегияи судӣ ба коллегияи дигари судӣ ҷалб менамояд;
- шакл ва тартиби пешниҳоди ахборотро дар бораи фаъолияти солонаи ҳар як судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин судяҳои судҳои поёнӣ, муқаррар мекунад;
- ҷадвали воҳидҳои кории Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурамал оид ба коргузорӣ, низомномаҳои дастгоҳ, дастурамали мансабии раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои дигари Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад, вазифаҳоро байни онҳо тақсим мекунад, роҳбарии умумии фаъолияти дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд, кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коромӯз-судя, приставҳо, мушовирон ва ёрдамчиёни раисони судҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои шаҳру ноҳия, судҳои ҳарбиро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;
- дар доираи маблағҳои ҷудошуда ва шумораи воҳидҳои кории тасдиқшуда сохтори дастгоҳи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия сметаи хароҷот ва рӯйхати воҳидҳои кории судҳои поёниро тасдиқ менамояд;
- барои тасдиқ намудан ба Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии котиби Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумора ва ҳайати Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон ва ҳайати коллегияҳои судӣ, ҳайати Шӯрои илмию машваратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи он, инчунин ҳайати таҳририяи  маҷаллаи «Нашрияи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод ирсол менамояд;
- барои тасдиқи шумора ва ҳайати Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе ба Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд;
- Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват менамояд, рӯзномаи маҷлисҳои Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тартиб медиҳад ва дар маҷлисҳои онҳо раисӣ мекунад, дар бораи фаъолияти Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот медиҳад, иҷрои тавзеҳоти дастурии Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро назорат мекунад;
- корро оид ба ҷамъбасти таҷрибаи судӣ барои пешниҳод намудани натиҷаи он ба баррасии Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунад;
- дар якҷоягӣ бо Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси комиссияи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз-судя, тасдиқи ҳайат ва Низомномаи он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд;
- ба Коллегияи тахассусии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани санҷиши тахассусии муовинони раис, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия ҷиҳати манзур намудани хулоса оид ба муносиб будан барои ба вазифа интихоб ва таъин, аз вазифа бозхонд ва озод кардан, инчунин додани дараҷаҳои тахассусӣ ба онҳо пешниҳод ирсол менамояд;
- нисбати судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия бо асосҳои дар Қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда парвандаи интизомӣ оғоз менамояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад нисбати ҳамаи санадҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳои поёнӣ, агар ҳангоми қабули онҳо ба вайронкунии ҷиддии меъёрҳои ҳуқуқҳои моддӣ ва мурофиавӣ роҳ дода шуда бошанд, эътироз орад;
- аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятие, ки онҳоро собиқ Суди Олии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва собиқ судҳои ҷумҳуриҳои иттифоқии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ кардаанд, ба тариқи назоратӣ эътироз пешниҳод менамояд;
- дар маҷлисҳои коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо раисӣ карда метавонад;
- дар хусуси ирсоли парвандаи гражданӣ ё оилавӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди марҳилаи назоратӣ таъйинот қабул менамояд;
- қарори судя дар бораи беқаноат монондани эътироз ё шикояти назоратиро аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бекор намуда, оид ба оғоз намудани пешбурди назоратӣ ва ба баррасии марҳилаи назоратии судӣ додани эътироз ё шикояти назоратӣ қарор қабул менамояд;
- доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда ба суди марҳилаи назоратӣ пешниҳод ирсол менамояд;
- аз натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ба мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор дар бораи бартараф кардани вайронкуниҳои қонун, сабабу шароитҳое, ки боиси ҳуқуқвайронкунӣ гардидаанд, пешниҳод ирсол менамояд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани пешниҳод дар бораи ба вазифа интихоб ва аз вазифа бозхонд намудани муовини якум, муовинони раис ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод намудани раисон, муовинони якум, муовинони раис ва судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия пешниҳод ирсол менамояд;
- оид ба таъсиси судҳо, ба истиснои судҳои иқтисодӣ, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳод намудан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф ирсол мекунад;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси шумораи судяҳо, машваратчиёни халқии судҳо ва шумораи кормандони дастгоҳҳои судҳо, ба истиснои судҳои иқтисодӣ, пешниҳод ирсол менамояд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои шаҳр ва ноҳия, додани дараҷаҳои тахассусӣ, инчунин дар якҷоягӣ бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба судяҳои коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон додани рутбаҳои олии ҳарбӣ пешниҳод ирсол мекунад;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муайян кардани сохтор ва шумораи воҳидҳои кории Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд;
- ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси додани рутбаҳои ҳарбӣ ба судяҳо ва хизматчиёни ҳарбии  коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо ва хизматчиёни ҳарбии судҳои ҳарбии гарнизонҳо пешниҳод ирсол менамояд;
- масъалаҳоро оид ба таъминоти кадрӣ, молиявӣ, ташкилӣ ва моддию техникии судҳои поёнӣ баррасӣ мекунад;
- нисбат ба кормандони дастгоҳҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коромӯз-судяҳо ҷазои интизомӣ татбиқ менамояд;
- Низомномаи Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуда, кормандони онро, ба истиснои Директори Марказ, ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;
- дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ва ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд;
- ҷиҳати тақвияти муқовимат ба коррупсия ва риояи талаботи Кодекси одоби  судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад; 
- корро оид ба баланд бардоштани дараҷаи тахассусии судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштани таҷрибаомӯзии судяҳои судҳои поёнӣ дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунад, инчунин судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳои поёниро ҳавасманд мегардонад ва онҳоро барои сарфароз намудан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ менамояд;
- оид ба баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо меандешад, дар бораи ҳавасмандгардонӣ ё ба ҷазои интизомӣ кашидани кормандони дастгоҳ фармоиш қабул менамояд, дар доираи салоҳияти худ ба кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳо ва рутбаҳои тахассусии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро медиҳад;
- шаҳрвандонро шахсан қабул ва корро оид ба баррасии муроҷиатҳо ташкил менамояд;
- оид ба нигоҳдории молу мулки давлатӣ, ки ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодабарӣ дода шудааст, чораҳо меандешад;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, амалӣ менамояд.»;
- дар қисми 2 калимаҳои «амру фармонҳо» ба калимаҳои «амр ва фармоиш»  иваз карда шаванд.
15. Сархатҳои ҳаштум ва нуҳуми қисми 2 моддаи 39 хориҷ карда шаванд.
16. Матни моддаи 44 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии судӣ оид ба ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ ва парвандаҳои дигаре, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ алоқаманданд, инчунин парвандаҳои дигари аз ҷониби судҳои иқтисодӣ баррасигардида ба ҳисоб рафта, назорати судиро аз болои фаъолияти Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе оид ба парвандаҳои иқтисодии дар тобеияти онҳобуда амалӣ намуда, барои ташкили кори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, таъминоти моддию техникии онҳо, хоста гирифтан ва тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судя, такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, пешниҳод барои ба вазифа интихоб ва таъйин намудан, аз вазифа бозхонд ва озод  кардани судяҳо, ташкили имтиҳоноти тахассусӣ ва иҷрои ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.».
17. Дар моддаи 45:
- сархати шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- омори судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо таҳлил менамояд;»;
- сархатҳои ҳаштум ва нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- оид ба такмили низоми судӣ-ҳуқуқӣ ва мусоидат намудан ба таҳкими мустақилияти судҳо таклифҳо пешниҳод менамояд;
- масъалаҳоро оид ба таъминоти кадрӣ, молиявӣ, ташкилӣ ва моддию техникии судҳои иқтисодӣ баррасӣ мекунад;».
18. Дар моддаи 46:
- қисмҳои 1 ва 2 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«1. Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Раис, муовини якум, муовинони Раис ва судяҳо, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешаванд, иборат мебошад.
2.  Шумораи судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.»;
- дар қисми 3:
- дар матни қисм калимаҳои «Дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторҳои зерин фаъолият менамоянд:» ба калимаҳои «Суди  Олии  иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати зерин фаъолият менамояд:» иваз карда шаванд;
- сархати чорум хориҷ карда шавад.
19. Дар моддаи 47:
- дар қисми 3 калимаҳои «як моҳ» ба калимаҳои «чордаҳ шабонарӯз» иваз карда шаванд;
- аз қисми 5 калимаҳои «раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,» хориҷ карда шаванд. 
20. Дар қисми 1 моддаи 48:
- сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ҳисоботро оид ба кори Раёсат, коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе мешунавад;»;
- сархати панҷум хориҷ карда шавад.
21. Аз қисми 5 моддаи 50 калимаҳои «раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,» хориҷ карда шаванд.
22.  Дар қисми 1 моддаи 51:
- сархати панҷум бо мазмуни зерин ифода карда шавад:
«- ҳисоботи раиси коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо оид ба фаъолияташон мешунавад;»;
- сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- масъалаҳои расондани ёрии амалӣ ба судҳои иқтисодии ҷумҳуриро оид ба татбиқи дурусти қонунгузорӣ, инчунин санҷиши фаъолияти ин судҳоро баррасӣ ва ҳал менамояд;». 
23. Моддаи 53 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 53. Салоҳияти Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- фаъолияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо ташкил ва роҳбарӣ менамояд;
- Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳо бо мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои дигар ва шахсони мансабдор намояндагӣ мекунад;
- вазифаҳоро дар байни муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим мекунад;
- тартиби тақсими парвандаҳоро дар байни судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяҳои судҳои иқтисодӣ тасдиқ менамояд ва масъалаи аз як суди иқтисодӣ ба суди иқтисодии дигар супоридани парвандаҳои судиро ҳал  менамояд;
- шакл ва тартиби пешниҳоди ахборотро дар бораи фаъолияти солонаи ҳар як судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо муқаррар мекунад;
- ҷадвали воҳидҳои кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурамал оид ба коргузорӣ, низомномаҳои Дастгоҳ, дастурамали мансабии Раёсат, шуъбаҳо ва бахшҳои дигари Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд, роҳбарии умумии фаъолияти дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд, кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодиро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд, вазифаҳоро байни онҳо тақсим мекунад;
- дар доираи маблағҳои ҷудошуда сметаи хароҷот ва рӯйхати воҳидҳои кории судҳои иқтисодиро тасдиқ менамояд;
- барои тасдиқ намудан ба Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии котиби Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумора ва ҳайати Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раис ва ҳайати коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати Шӯрои илмию машваратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи он, инчунин ҳайати таҳририяи  маҷаллаи «Ахбори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро  пешниҳод менамояд;
- Пленум ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват менамояд, рӯзномаи маҷлисҳои Пленум ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  тартиб медиҳад ва дар маҷлисҳои онҳо раисӣ мекунад, дар бораи фаъолияти Пленум ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот медиҳад, иҷрои тавзеҳоти дастурии Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро назорат мекунад;
- корро оид ба ҷамъбасти таҷрибаи судӣ барои пешниҳод намудани натиҷаи он ба баррасии Пленум ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунад;
- ба Коллегияи тахассусии судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани санҷиши тахассусии судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ҷиҳати додани хулоса оид  ба  муносиб  будан  ё  набудан  барои  ба вазифа интихоб ва таъйин шудан, аз вазифа бозхонд ва озод намудан, инчунин додани дараҷаи тахассусӣ ба онҳо пешниҳод ирсол менамояд;
- нисбати судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе бо асосҳои дар Қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда парвандаи интизомӣ оғоз менамояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати санадҳои судии қабулнамудаи судҳои иқтисодӣ, инчунин коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар ҳангоми қабули онҳо ба вайронкунии ҷиддии меъёрҳои ҳуқуқҳои моддӣ ва мурофиавӣ роҳ дода шуда бошанд, ба коллегияи судӣ ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироз ирсол менамояд;
- дар маҷлисҳои коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо раисӣ карда  метавонад;
- барои дастҷамъона баррасӣ намудани парвандаҳо дар марҳилаи якум дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати судӣ ва судяи дар маҷлиси судӣ раисикунандаро  муайян мекунад;
- аз натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ба мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор дар бораи бартараф кардани қонунвайронкуниҳо пешниҳод ирсол менамояд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани пешниҳод дар бораи ба вазифа интихоб ва аз вазифа бозхонд намудани муовини якум, муовинони раис ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод намудани раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии  вилоят ва шаҳри Душанбе пешниҳод ирсол менамояд;
- оид ба таъсиси судҳои иқтисодӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳод намудан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф ирсол мекунад;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шумораи судяҳои судҳои иқтисодӣ ва шумораи кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ пешниҳод ирсол менамояд;
- дар якҷоягӣ бо Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси комиссияи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз-судя, тасдиқи ҳайат ва Низомномаи он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамоянд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба муовини якум, муовинони раис ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раис, муовин ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе  додани дараҷаҳои тахассусӣ пешниҳод ирсол менамояд;
- масъалаҳоро оид ба таъминоти кадрӣ, молиявӣ, ташкилӣ ва моддию техникии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мекунад;
- нисбат ба кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ҷазои интизомӣ татбиқ менамояд;
- муовини якум, муовинони раис ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо ҳавасманд мегардонад ва онҳоро барои сарфароз намудан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ менамояд;
- дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ва ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд;
- ҷиҳати  тақвияти  муқовимат ба коррупсия ва риояи талаботи Кодекси одоби  судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад; 
- корро оид ба баланд бардоштани дараҷаи тахассусии судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе,  инчунин гузаштани таҷрибаомӯзии судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунад;
- корро оид ба баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ташкил мекунад, дар бораи ҳавасмандкунӣ ё ба ҷазои интизомӣ кашидани кормандони дастгоҳ фармоиш қабул менамояд, дар доираи салоҳияти худ ба кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе  рутбаҳо ва рутбаҳои тахассусии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро медиҳад;
- пристави судӣ, мушовир ва ёрдамчии раисони судҳои иқтисодиро ба вазифа таъйин  ва  аз вазифа озод мекунад;
- шаҳрвандонро шахсан қабул мекунад ва корро оид ба баррасии муроҷиатҳо ташкил менамояд;  
- оид ба нигоҳдории молу мулки давлатӣ, ки барои истифодабарӣ ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, чораҳо меандешад;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
2. Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташ фармоиш ва амрҳо мебарорад.
3. Дар мавриди набудани Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои ӯро муовини якум ва дар вақти набудани муовини якум яке аз муовинони Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.».
24.  Дар қисми 3 моддаи 61 калимаҳои «Шӯрои адлияи» ба калимаҳои «Раиси Суди Олии» иваз карда шаванд.
25. Дар моддаи 66:
- дар қисми 3 калимаҳои «Шӯрои адлияи» ба калимаҳои «Раиси Суди Олии» иваз карда шаванд;
- қисмҳои 4 ва 5 хориҷ карда шаванд.
26. Дар моддаи 67:
- ба қисми 2 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: «Кормандони дастгоҳ ва ҳайати ёрирасони  суди ҳарбиро, ба истиснои мушовир, пристави судӣ ва ёрдамчии раиси суд, раиси суди ҳарбии гарнизон ба кор қабул ва аз кор озод менамояд.»;
- дар қисми 3 калимаҳои «раиси коллегияи ҳарбии» ба калимаи «Раиси» иваз карда шаванд;
- аз қисми 4 калимаҳои «, бахши судҳои ҳарбии дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шаванд;
- аз қисми 5 калимаҳои «ва бахши судҳои ҳарбии дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шаванд;
- қисми 6 хориҷ карда шавад.
27. Дар моддаи 68:
- аз қисми 1 калимаҳои «ва бахши судҳои ҳарбии дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаҳои «раиси Шӯрои адлияи» ба калимаҳои «Раиси Суди Олии» иваз карда шаванд;
- аз қисми 5 калимаҳои «бахши судҳои ҳарбии дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «ва бахши судҳои ҳарбии дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 6 калимаҳои «ҳарбии гарнизонҳо ва бахши судҳои ҳарбии дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро» ба калимаҳои «ҳарбии гарнизонҳоро» иваз карда шаванд.
28. Дар қисми 2 моддаи 70 калимаҳои «Шӯрои адлияи» ба калимаҳои «Раиси Суди Олии» иваз карда шаванд.
29. Дар қисми 2 моддаи 72 калимаҳои «Шӯрои адлияи» ба калимаҳои «Пленуми Суди Олии» иваз карда шаванд.
30. Дар моддаи 77:
- сархати ҳаштуми қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ба ташкили кори дастгоҳи суд роҳбарӣ карда, кормандони дастгоҳ ва ҳайати ёрирасони  судро, ба истиснои пристави судӣ, мушовир ва ёрдамчии раиси суд ба кор қабул ва аз кор озод менамоянд;»;
- дар қисми 3 калимаҳои «раиси Шӯрои адлияи» ба калимаҳои «Раиси Суди Олии» иваз карда шаванд.
31. Дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 81 калимаҳои «Шӯрои адлияи» ба калимаҳои «Раиси Суди Олии» иваз карда шаванд.
32. Дар моддаи 83:
- сархати нуҳуми қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- кормандони дастгоҳ ва ҳайати ёрирасони  судро, ба истиснои пристави судӣ, мушовир ва ёрдамчии раиси суд ба кор қабул ва аз кор озод менамоянд;»;
- дар қисми 3 калимаҳои «раиси Шӯрои адлияи» ба калимаҳои «Раиси Суди Олии» иваз карда шаванд.
33. Дар моддаи 86:
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Шумораи судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.»;
- қисмҳои 2 ва 3 мувофиқан қисмҳои 3 ва 4 ҳисобида шаванд.
34. Сархати шашуми қисми 1 моддаи 88 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- кормандони дастгоҳ ва ҳайати ёрирасони  судро, ба истиснои пристави судӣ, мушовир ва ёрдамчии раиси суд ба кор қабул ва аз кор озод менамоянд;».
35. Дар моддаи 91:
- қисмҳои 5 ва 6 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«5. Шумораи воҳидҳои кории дастгоҳи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия,  Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе мувофиқан бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
6. Пристави судӣ, мушовир ва ёрдамчии раисони Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пристави судӣ, мушовир ва ёрдамчии раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе аз тарафи Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Кормандони дигари дастгоҳ ва ҳайати ёрирасони судҳоро раисони судҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ба кор қабул ва аз кор озод менамоянд.»;
- ба қисми 8 пас аз калимаи «тарҷумонҳо» калимаҳои «ва кормандони Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд;
- дар қисми 9 калимаҳои «мувофиқан аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «мувофиқан аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
36. Моддаҳои 92, 93 ва 94 хориҷ карда шаванд.
37. Дар моддаи 95:
- дар қисми 1 калимаҳои «ба Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «мувофиқан ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои «мувофиқан ба Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «мувофиқан ба Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
38. Қисми 3 моддаи 96 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Санҷиши фаъолияти ташкилӣ ва молиявии Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳияро дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо бошад, дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд.».
39. Дар моддаи 97 калимаҳои «мувофиқан аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «мувофиқан аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
40. Номи боби 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«БОБИ 10. КОМИССИЯИ ИМТИҲОНОТӢ ВА ТАШКИЛИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ».
41. Моддаҳои 99, 100, 101, 102, 103, 104, 105 ва 106 хориҷ карда шаванд.
42. Моддаи 107 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 107. Комиссияи ягонаи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз-судяҳо
1. Комиссияи ягонаи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз-судяҳо дар асоси Низомнома дар бораи комиссияи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз-судяҳо фаъолият карда, имтиҳони тахассусии номзадҳои бори аввал барои таъин намудан ба вазифаи судя пешбаришаванда ва коромӯз-судяҳоро мегузаронад.
2. Бо пешниҳоди якҷояи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи ягонаи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз-судяҳо таъсис дода, ҳайат ва Низомномаи он тасдиқ карда мешавад.».
43. Матни моддаи 108 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:   
«1. Бо пешниҳоди Комиссияи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз-судяҳо шахсоне, ки бори аввал ба вазифаи судя пешбарӣ мешаванд, метавонанд ба муҳлати як сол ба сифати коромӯз-судя фаъолият намоянд ва ин муҳлат ба собиқаи кории касбии онҳо дохил мешавад.
2. Коромӯз-судя метавонад шахсе бошад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ бошад, забони давлатиро донад, ҳадди ақал 3 сол собиқаи кори касбӣ дошта, аз имтиҳони тахассусӣ гузашта бошад.
 3. Низомнома дар бораи коромӯз-судя аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.».
44. Моддаҳои 109 ва 110 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:   
«Моддаи 109. Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Дар назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таълимии судяҳо фаъолият менамояд.
2. Фаъолияти Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Маркази таълимии судяҳо) ба амалӣ намудани барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуда, аз тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судя, коромӯз-судяҳо ва такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои ҷумҳурӣ иборат мебошад.
3. Мақсад ва вазифаҳои Маркази таълимии судяҳо, ҳуқуқу  уҳдадориҳо, сохтор ва идоракунӣ, Шӯрои ҳамоҳангсоз, Шӯрои таълимӣ-машваратӣ, ташкили раванди таълим, заминаи моддию таълимӣ, молу мулк, сарчашмаи маблағгузорӣ ва баҳисобгирии муҳосибии он бо Низомномаи Маркази таълимии судяҳо муайян карда мешавад.
4. Директори Маркази таълимии судяҳо бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад. Ваколатҳои директор бо Низомномаи Маркази таълимии судяҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Кормандони дигари Маркази таълимии судяҳо бо пешниҳоди Директори Маркази таълимии судяҳо аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
5. Низомномаи Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.

Моддаи 110. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии Маркази таълимии судяҳо
Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти Маркази таълимии судяҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сурат гирифта, бо сатри алоҳида зикр меёбанд.».
45. Номи боби 11, моддаҳои 111, 112 ва 113 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«БОБИ 11.  КОЛЛЕГИЯИ ТАХАССУСИИ СУДЯҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 111.  Таъсиси Коллегияи тахассусии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Бо мақсади хоста гирифтан ва пешбарии номзадҳои арзанда ба вазифаи судя ва тақвияти кафолати мустақилияти судяҳо, инчунин гузаронидани санҷиши тахассусӣ ва баррасии масъалаҳои ҷавобгарии интизомии судяҳо Коллегияи тахассусии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Коллегияи тахассусии судяҳо) таъсис дода мешавад.
2. Ҳайати Коллегияи тахассусии судяҳо ба муҳлати ваколати судяҳо интихоб мегардад.

Моддаи 112. Ҳайати Коллегияи тахассусии судяҳо
1. Ҳайати Коллегияи тахассусии судяҳо дар конфронси судяҳои судҳои ҷумҳурӣ  аз ҳисоби судяҳо дар ҳайати раис, муовини раис ва 11 нафар аъзо интихоб карда мешаванд, аз ҷумла:
- ду судя аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-  ду судя аз Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- як судя аз судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
- ду судя аз судҳои вилояти Хатлон (яке аз онҳо судяи суди иқтисодии вилоят);
- ду судя аз судҳои вилояти Суғд (яке аз онҳо судяи суди иқтисодии вилоят);
- ду судя аз судҳои шаҳри Душанбе (яке аз онҳо судяи суди ҳарбии гарнизон);
- ду судя аз судҳои шаҳр ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.
2. Барои интихоб намудани аъзои Коллегияи тахассусии судяҳо Раиси иттиҳодияи ҷамъиятии «Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»  (минбаъд – Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, конференсияи судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват менамояд.
3. Конфронси судяҳо, ки барои интихоби аъзои Коллегияи тахассусии судяҳо даъват шудааст, дар он сурат баргузоршуда ҳисобида мешавад, агар дар он на камтар аз се ду ҳиссаи судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда бошанд.
4. Судя ҳамон вақт узви Коллегияи тахассусии судяҳо интихобшуда  ҳисоб меёбад, агар аз нисф зиёди овозҳои судяҳои дар овоздиҳӣ иштирокдоштаро гирифта бошад.
5. Раиси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси якуми Коллегияи тахассусии судяҳоро даъват менамояд, ки дар он аз ҷумлаи аъзои Коллегия раис ва муовини раиси Коллегияи тахассусии судяҳо бо роҳи овоздиҳии ошкоро ё пинҳонӣ бо аксарияти овозҳо интихоб карда мешаванд.
6. Интихоби узви нави Коллегияи тахассусии судяҳо ба ҷои узви хориҷшуда бо тартиби пешбининамудаи моддаи мазкур амалӣ карда мешавад.
7. Раёсати Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси протоколи пешниҳодкардаи конфронси судяҳо бо қарори худ ҳайати Коллегияи тахассусии судяҳоро ба расмият медарорад.
8. Тартиби гузаронидани конфронсро Низомномаи аз ҷониби конфронси судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида муайян мекунад.
9. Коллегияи тахассусии судяҳо мустақилона фаъолият намуда, қароргоҳи он шаҳри Душанбе мебошад.

Моддаи 113. Салоҳияти Коллегияи тахассусии судяҳо
1. Коллегияи тахассусии судяҳо:
- бо пешниҳодҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти натиҷаи имтиҳоноти тахассусӣ дар бораи тавсияи номзади бори аввал ба вазифаи судя пешниҳодшаванда ва ё рад кардани номзадии ӯ хулоса медиҳад;
- дар бораи муносиб будани номзадҳо барои  интихоб ё таъйин намудан ба вазифаи муовинони Раис ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  раисон, муовинони раисон, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе хулоса медиҳад;
- санҷиши тахассусии судяҳои судҳои ҷумҳуриро мегузаронад;
- бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия додани дараҷаҳои тахассусӣ хулоса медиҳад;
- бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон, судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе додани дараҷаҳои тахассусӣ хулоса медиҳад;
- дар бораи бозхонд ва озод кардани судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия хулоса пешниҳод менамояд;
- дар бораи бозхонд ва озод кардани судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон, судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе хулоса пешниҳод менамояд;
- масъалаҳои ҷавобгарии интизомии судяҳои ҷумҳуриро баррасӣ мекунад.
 2. Хулосаи Коллегияи тахассусии судяҳо дар бораи тавсияи номзади бори аввал ба вазифаи судя пешниҳодшаванда ё рад кардани ӯ дар муҳлати се сол эътибор дорад.
3. Коллегияи тахассусии судяҳо ҳуқуқ дорад барои иҷро намудани ваколатҳояшон аз раисони судҳо, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор маълумоти заруриро талаб намояд.
4. Коллегияи тахассусии судяҳо вазифадор аст, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии судяҳоро ҳимоя намуда, аз мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои  дигар ва шахсони мансабдор оид ба муроҷиати худ ҷавоб талаб намояд.».
46. Матни моддаи 114 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Санҷиши тахассусии судяҳо аз тарафи Коллегияи тахассусии судяҳо бо мақсади баҳо додан ба фаъолияти касбии судяҳо, ҳавасмандгардонии онҳо ва барои баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ, инчунин баланд бардоштани масъулияти онҳо баҳри риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо ҳангоми баррасии парвандаҳо амалӣ карда мешавад. Шакли гузаронидани санҷиши тахассусии судяҳоро Коллегияи тахассусии судяҳо муайян менамоянд.
2. Санҷиши тахассусии судяҳо дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:
- додани дараҷаҳои тахассусӣ;
- интихоб ва таъйин намудани судя ба суди болоӣ;
- интихоб ва таъйин намудани судя ба муҳлати навбатии ваколат;
- пайдоиши зарурат оид ба муайян намудани муносиб будани судя ба вазифаи ишғолкардааш.».
47. Қисми 1 моддаи 117 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Ба судяе, ки аз санҷиши тахассусӣ мегузарад, барои баррасӣ ба Коллегияи тахассусии судяҳо тавсифнома дода мешавад, ки дар он сифатҳои корӣ, ахлоқӣ ва фаъолияти касбии ӯ нишон дода мешаванд.».
48. Дар моддаи 118:
- дар қисми 1 калимаҳои  «коллегияҳои тахассусии судяҳо» ва «онҳо» мувофиқан ба калимаҳои «Коллегияи тахассусии судяҳо» ва «он» иваз карда шаванд;
- аз қисми 7 калимаҳои  «ва кормандони дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шаванд.
49. Дар моддаи 122:
- дар номи модда калимаҳои «коллегияҳои тахассусӣ» ба калимаҳои «Коллегияи тахассусии судяҳо» иваз карда шаванд;
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Таъмини ташкилӣ ва моддию техникии фаъолияти Коллегияи тахассусии судяҳо ба зиммаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешаванд.».
50. Дар моддаи 125:
- сархати сеюми қисми 2 хориҷ карда шавад;
- қисмҳои 3 ва 4 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«3. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия аз рӯйи ҳамаи асосҳои дар моддаи 123 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда метавонад парвандаи интизомӣ оғоз намояд.
4. Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе аз рӯйи ҳамаи асосҳои дар моддаи 123 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда метавонад парвандаи интизомӣ оғоз намояд.»;
- қисми 6 хориҷ карда шавад;
- дар қисми 7 калимаҳои «, раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бошад фармон мебарорад», «ва фармон» ва «ё фармон» хориҷ карда шуда, калимаҳои «судяҳои дахлдор» ба калимаи «судяҳо» иваз карда шаванд;
- қисмҳои 7-8 мувофиқан қисмҳои 6-7 ҳисобида шаванд.
51. Дар қисми 9 моддаи 127 калимаҳои «, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
52. Қисми 3 моддаи 128 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Андозаи маблағгузорӣ барои таъмини фаъолияти Суди Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе мувофиқан бо пешниҳодҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.».
53. Дар қисми 1 моддаи 135 калимаҳои «, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 июли соли 2016, № 1328

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ
НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 22 июни соли 2016, № 491

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:   
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 15 июли соли 2016, № 254


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2016    №: 146-149    Мутолиа карданд: 4967
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед