қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (ҚИСМИ ЯКУМ)
Моддаи 1. Ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум), ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 1999 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 6, мод. 153, мод. 154; с. 2001, № 7, мод. 508; с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 170; с. 2005, № 3, мод. 125; с. 2006, № 4, мод. 193; с. 2007, № 5, мод. 356; с. 2010, № 3, мод. 156, № 12, қ. 1, мод. 802; с. 2012, № 7, мод. 700, № 12, қ. 1, мод. 1021; с. 2013, № 7, мод. 504; с. 2015, № 3, мод. 200), иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 2 моддаи 207 пас аз калимаҳои «мудирони озмун» калимаи «(тендер)» илова карда шавад.
2. Ба қисми 4 моддаи 479 пас аз калимаҳои «озмун» ва «озмунӣ» мувофиқан калимаҳои «(тендер)» ва «(тендерӣ)» илова карда шаванд.
3. Ба қисмҳои 1, 3 ва 5 моддаи 480 пас аз калимаҳои «озмун» ва «озмуни» мувофиқан калимаҳои «(тендер)» ва «(тендерӣ)» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 июли соли 2016, № 1334
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ
ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 13 майи соли 2016, № 447
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ
ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 15 июли соли 2016, № 260
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.07.2016 №: 146-149 Мутолиа карданд: 4759