logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 606; с. 2012, №4, мод. 252, №7, мод. 686, №12, қ. 1, мод. 1024; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 400,  №12, мод. 824; с. 2015, №11, мод. 957, №12, қ. 1, мод. 1113) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- ба сархати ҳафтум пас аз калимаҳои «амалӣ намудани» калимаи «фаъолияти» илова карда шавад;
- дар сархати ҳаштум калимаҳои «мақоми иҷозатдиҳӣ» ба калимаҳои «мақоми иҷозатдиҳанда» иваз карда шаванд;
- дар сархати нуҳум калимаи «ваколатдор» ба калимаҳои «ваколатдори давлатӣ» иваз карда шавад.
2. Дар сархати якуми моддаи 4 калимаҳои «оид ба» ба калимаҳои «дар соҳаи» иваз карда шаванд.
3. Дар ном ва матни моддаи 6 калимаҳои «мақомоти давлатии иҷозатдиҳанда» ба калимаҳои «мақомоти иҷозатдиҳанда» иваз карда шаванд.
4. Дар қисми 5 моддаи 10:
- дар сархати нуҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- асос, сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи  қатъ намудани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ.».
5. Дар қисми 2 моддаи 14 калима ва рақамҳои «банди 3», «банди 4», «банди 5», «банди 6», «банди 7», «банди 8», «банди 9», «бандҳои 10-12, 14-18» ва «банди 19» мувофиқан ба калима ва рақамҳои «банди 3)», «банди 4)», «банди 5)», «банди 6)», «банди 7)», «банди 8)», «банди 9)», «бандҳои 10)-12), 14)-18)» ва «банди 19)»  иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 3 моддаи 16 калима ва рақамҳои «банди 3», «банди 4», «банди 6», «банди 8», «банди 9», «банди 10», «бандҳои 12, 16 ва 17» ва «банди 19» мувофиқан ба калима ва рақамҳои «банди 3)», «банди 4)», «банди 6)», «банди 8)»,  банди 9)», «банди 10)»,  «бандҳои 12), 16), 17)» ва «банди 19)» иваз карда шаванд.
7. Ҷумлаи якуми банди 2) қисми 1 моддаи 20 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Арзёбии хароҷот ва фоидаи асосии дахолати давлатӣ.».
8. Дар қисми 1 моддаи 21 калимаи «шахсони» ба калимаи «шахси» иваз карда шавад.
9. Аз қисми 2 моддаи 25 калимаҳои «ваколатдори давлатии» хориҷ карда шаванд.
10. Аз номи боби 5 калимаҳои «ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТИИ» хориҷ карда шаванд.
11. Дар моддаи 29:
- аз номи модда калимаҳои «ваколатдори давлатии» хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 1 калимаҳои «мақомоти иҷозатдиҳандаи ваколатдори давлатӣ» ба калимаҳои «мақомоти иҷозатдиҳанда» иваз карда шаванд;
- дар банди 7):
- дар сархати дуюм аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- шаҳодатнома барои сохтани маснуоти заргарӣ, дандонҳо аз металлҳои қиматбаҳо.»;
- аз қисми 2 калимаҳои «ваколатдори давлатии» хориҷ карда шуда, калимаҳои «давлатӣ ва шахсони ҳуқуқии» ба калимаи «давлатии» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 23 июли соли 2016, № 1340

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 13 майи соли 2016, № 443
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                 М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 15 июли соли 2016, № 266


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2016    №: 146-149    Мутолиа карданд: 4778
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед