logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ОБУҲАВОШИНОСӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002 «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, № 11, мод. 741; с. 2006, № 3, мод.167; с. 2007, № 7, мод. 441; с. 2011, № 12, мод. 850; с. 2014, № 7, қ 2, мод. 418) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Дар моддаи 1:
- сархатҳо бо аломати дефис «-» ишора карда шаванд;
- сархатҳои нуҳум, даҳум ва ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- маводи иттилоотӣ – иттилооти ҷамъбастшудаи дар натиҷаи таҳлили маълумот бадастовардашуда, ки барои паҳнкунӣ ва истифода  пешбинӣ  шудааст;
  - иттилооти таъиноти умумӣ – иттилооти дастраси коркардшуда оид ба вазъи воқеӣ ва пешгӯишавандаи муҳити зист ва сатҳи олудашавии он;
- иттилооти махсус – иттилоот дар бораи обуҳавошиносӣ, ки дар асоси шартнома пешниҳод мешавад ва барои омодасозии он гузаронидани корҳои иловагӣ, аз ҷумла ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили иттилооти мазкур зарур аст;».
3. Дар ном ва матни моддаҳои 6 ва 7 калимаи «Салоҳияти» ба калимаи «Ваколати» иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 7 сархати панҷум дар таҳрири зерин илова карда шавад:
«- ҳамоҳангсозии пешбурд ва ҳалли масъалаҳои марбут ба таъғйирёбии иқлим;».
5. Сархати дуюми моддаи 101 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- гирифта гаштан, нигоҳ доштан ва истифодаи силоҳи ғайринизомии намуди худмуҳофизатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ;».
6. Моддаи 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 17. Мониторинги ҳолати муҳити зист
Амалӣ намудани мушоҳидаҳо ва фаъолияти дигари пешбининамудаи моддаҳои 12-16 Қонуни мазкур аз ҷониби мақомоти обуҳавошиносӣ асоси мониторинги ҳолати муҳити зист ба ҳисоб меравад.».
7.Сархати дуюми моддаи 19 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- маблағҳои махсуси ҳифзи муҳити зист;».
8. Боби 51 бо мазмуни зерин илова карда шавад.
«Боби 51. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обуҳавошиносӣ
Моддаи 231. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обуҳавошиносӣ
  Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обуҳавошиносӣ дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаккул ва рушди шабакаҳои байналмилалии мушоҳидавӣ ва мубодилаи иттилооти байналмилалӣ дар бораи муҳити зист ва сатҳи олудашавии он мусоидат менамояд.
Мақомоти  махсуси  ваколатдори  давлатӣ  оид  ба фаъолияти обуҳавошиносӣ ҳифзи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқиро, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шахсони воқеиро ҳангоми амалисозии ҳамкориҳои байналмилалӣ   дар соҳаи обуҳавошиносӣ, таъмин месозад.
Тартиби иштироки мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ дар ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар мубодилаи иттилоот оид ба вазъи муҳити зист, дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 июли соли 2016, № 1345


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 17 июни соли 2016, № 482

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 15 июли соли 2016, № 271


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2016    №: 146-149    Мутолиа карданд: 10008
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед