қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 12, қ. 2, мод. 703, мод. 704; с. 2006, № 3, мод. 159; с. 2007, № 7, мод. 681; с. 2008, № 6, мод. 459, № 10, мод. 818; с. 2011, № 3, мод. 160, №6, мод. 458; с. 2012, № 4, мод. 250, №7, мод. 695, мод. 724, № 8, мод. 818, № 12, қ. 1, мод. 1000; с. 2013, № 12, мод. 879; с. 2015, № 3, мод. 211; с. 2016, № 3, мод. 151), тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар бандҳои 1), 2) ва 3) қисми 1 моддаи 128, қисми 5 моддаи 138, қисми 3 моддаи 150, қисми 1 моддаи 187, қисми 1 моддаи 195, ном ва матни моддаи 196, банди 1) қисми 2 моддаи 207, қисми 2 моддаи 214, қисми 2 моддаи 236, қисми 3 моддаи 303, қисмҳои 1, 2 ва 4 моддаи 304, қисми 2 моддаи 309, қисми 2 моддаи 317, ном ва матни моддаи 334, қисми 2 моддаи 341, ном ва матни моддаи 342, қисми 1 моддаи 346, матни моддаи 351, ном ва матни моддаи 370, матни моддаи 372, қисми 2 моддаи 383 калимаҳои «ставкаи», «Ставкаҳои», «ставкаҳои» ва «ставкаҳое» мувофиқан ба калимаҳои «меъёри», «Меъёрҳои», «меъёрҳои» ва «меъёрҳое» иваз карда шаванд.
2. Ба қисми 4 моддаи 266 пас аз калимаҳои «муомилоти озод,» калимаи «содирот,» илова карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 23 июли соли 2016, № 1347
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 22 июни соли 2016, № 495
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ
ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 15 июли соли 2016, № 274
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.07.2016 №: 146-149 Мутолиа карданд: 10362