logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ БА БАЪЗЕ НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТ»

Моддаи 1. Ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  с. 2004, № 5, мод. 348; с. 2005, № 3, мод. 120; с. 2006, № 7, мод. 343; с. 2007, № 6, мод. 433; с. 2008, № 1, қ. 2, мод. 14, № 6, мод. 457, № 10, мод. 816;  с. 2009, № 3, мод. 78, № 5, мод. 326, № 9 - 10, мод. 544; с. 2010, № 12, қ.1, мод. 821; с. 2012, № 12, қ. 1, мод. 1005; с. 2013, № 3, мод. 193, № 11, мод. 787; с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 406, мод. 407, №11, мод. 666; с.2015, №3, мод. 206, мод. 213, № 11, мод. 967, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2016, №1318) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Дар қисми 5 моддаи 7 калимаҳои «шахсони воқеӣ ва» ба калимаҳои «соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони» иваз карда шаванд.
3. Сархати сию сеюми моддаи 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«-фаъолият оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти дуҳадафа;».
4. Ба моддаи 181 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Иҷозатномаҳои дар дигар давлатҳо гирифташуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тасдиқ (легализатсия) карда шаванд ё ба онҳо апостил гузошта шавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи  Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон                                    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 июли соли 2016, № 1353
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ
НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 9 июни соли 2016, № 475

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»
  
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»-ро баррасӣ  намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 15 июли соли 2016, № 280


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2016    №: 146-149    Мутолиа карданд: 10164
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед