logo

маориф

НАХУСТИН МАКТАБИ ЗАМОНАВӢ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН

Имрӯзҳо дар маркази ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сохтмони  иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла  биноҳои ҳифзи иҷтимоӣ, шуъбаи амният, Амонатбонк, шуғли аҳолӣ ва меҳмонхона барои 50 ҷой, дар арафаи анҷомёбист. Ҳамчунин, дар ноҳия бунёди аввалин мактаби замонавӣ босуръат давом дорад.
Ғуломалӣ Бойев, сардори сохтмон, иброз дошт, ки бунёди мактаб бо саҳми Бонки рушди Арабистони Саудӣ моҳи ноябри соли гузашта  оғоз ёфта, маблағи он 1 миллиону 540 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар он беш аз 180 коргари маҳаллӣ ба кор фаро гирифта шудаанд, ки аз 1000 то 1500 сомонӣ маош мегиранд. Мактаб аз се бинои сеошёна ва ду бинои дуошёна иборат буда, тибқи нақша дорои 22 синфхона, 44 ҳуҷраи ёрирасон, толори маҷлис, китобхона,  қироатхона, ошхона ва толори варзишӣ  хоҳад буд.
Зубайдулло Раҳмонзода, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Насими Терай»,  иброз дошт,  ки ҳарчанд ноҳия соли 1931 таъсис ёфта бошад ҳам,  тайи 30 сол дар маркази он мактаб набуд.  Хонандагон  ба мактабҳои деҳаҳои Девдору Саричашма  мерафтанд. Баъдан, як бинои финиро барои 200 хонанда сохтанд.
Имрӯз сокинони маркази ноҳия шукргузоранд, ки ба шарофати истиқлолият соҳиби мактаби нави замонавӣ мегарданд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.08.2016    №: 162    Мутолиа карданд: 4894
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед