logo

маориф

ММТ: БОЗ 10 ҲАЗОР ДОВТАЛАБИ ДИГАР ИМКОНИ ДОНИШҶӮ ШУДАН ДОРАД


Охиран  натиҷаи  озмуни  тақсимоти  асосии  Маркази  миллии  тестии  назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуда, шумораи довталабони  муваффақро  43 807 нафар эълон кард. Даҳ ҳазор довталаби дигар ҳам рӯзҳои наздик шонси муваффақ шудан доранд.
Сабзалӣ  Ҷаъфаров, муовини аввали директори  ММТ,  мегӯяд,  ки аз 59 260 довталаби ба озмуни тақсимот  роҳёфта,  43 807 нафар пирӯз шуданд.
Ба андешаи ӯ, соли ҷорӣ  ба таври умум  84 628  довталаб  ба  қайд гирифта  шуд, ки нисбат ба соли гузашта 14,9 дарсад зиёд аст.
Ба гуфтаи Абулвосит  Юлдошев, ёвари директори ММТ, «Соли ҷорӣ  баъди эълони натиҷаҳо ба дастгоҳи асосии ММТ 13 аризаи апеллятсионӣ ворид шуд. Аризаҳои довталабони минтақавиро тавассути почтаҳои электронӣ қабул карда, далелҳои пешниҳодшударо таҳлилу баррасӣ намудем. Камбудиҳои содиркардаи довталабонро фаҳмондем. Ҳамеша мефаҳмонем, ки ҳатто рақамро дуруст нависед, компютер инсон нест, ки ҳар ҳарфи каҷро фаҳмад. Соли гузашта 94 адад аризаи апеллятсионӣ ворид шуда буд. Дар ин низом довталабро фиреб карда намешавад. Шаҳрвандон дер ё зуд инро қабул мекунанд. Довталаб баъди имтиҳон нусхаи масъалаҳои ҳалкардаашро бо худ ба хона мебарад. Баъди як рӯзи имтиҳонҳои супоридашуда шакли дурусти онҳо дар сомонаи ММТ нашр мешавад. Довталаб дафтари масъалаҳои имтиҳонро  дар шоҳидии аҳли оила бо посухҳои дар сомонаи ММТ нашршуда муқоиса мекунад.
Масъулони ММТ  аз сатҳи огоҳии довталабон ва  низоми  шаффофи имтиҳонҳо ёдовар шуда, мегӯянд, ки  барои довталабони  маъюб ва дар сафи артиш хидматкарда то 75 хол имтиёз муқаррар шудааст. Онҳое, ки дар даври аввал ба тақсимот роҳ  ёфтаанд, бояд  то рӯзи 15 август ба  муассисаҳои таълимӣ  ҳозир  шаванд.  Факултаҳои  тиббӣ, ҳуқуқ,  дипломатия  ва  иқтисод аз маъруфтарин ихтисосҳое  унвон шуд, ки довталабони зиёд ба он таваҷҷуҳ  кардаанд. Аз ҳама камтар таваҷҷуҳ ба факултаҳои техникӣ будааст. Тибқи имтиёзе, ки марказ барои довталабони дар артиш хизматкарда пешбинӣ  карда буд, беш аз 500 нафар имтиҳон супорида, 329 кас ба марҳилаи тақсимот роҳ ёфт ва  199  нафар ятим ва 221 маъюб бо имтиёз ба муассисаҳои  олии  кишвар  шомил  шуданд.  То ба ҳол 13 нафар довталаб бо  норозигӣ аз  натиҷаҳои имтиҳонот аризаи шикоятӣ  пешниҳод кардаанд, ки  нисбат ба соли  гузашта  камтар  аст. 7 ҳолат мушаххас шуд, ки 1 холӣ ба назар гирифта нашудааст, зеро довталабон қоидаҳои пур кардани тестро дуруст риоя накардаанд ва ин боиси сар задани хатоҳо шудааст. Ҳоло имтиёз ё шонс барои зиёда аз 10 ҳазор довталаб боқӣ мондааст. Ба истиснои бахшҳои буҷетӣ, ки айни ҳол 98 дарсад пур шудааст. Дар бахши шартномавӣ бошад, ҳамагӣ  76 дарсад донишҷӯ  роҳхат гирифтаанд. ММТ мегӯяд, ки айни ҳол ҳамагӣ 79 дарсади нақшаи қабули донишҷӯён иҷро шудаву марҳалаи дуюми тақсимот рӯзҳои 19 - ум то 22 август доир мегардад. Довталабони гузашта то рӯзи 15 - уми август ба муассисаҳои оливу касбӣ ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод накунанд, ҷойи онҳо ҳам холӣ эълон карда мешавад. Ба эҳтимоли зиёд аксари довталабони даври дуюми тақсимот ба бахши шартномавӣ қабул мешаванд. Дар ин бахш норасоии донишҷӯён бештар  ба назар мерасад.
Ҳ. САНГОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2016    №: 163    Мутолиа карданд: 5522
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед