маориф
БОНУВОН. САҲМИ ОНҲО ДАР РУШДИ ХОҶАГИИ ХАЛҚИ САНГВОР БЕШТАР МЕГАРДАД
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар минтақаи кӯҳистони кишвар, хусусан дар ноҳияи дурдасти Сангвор соҳаи маориф рушд намуда, тибқи квотаи ҷудонамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола духтарони ноҳия ба мактабҳои олӣ дохил гардиданд.
Дар давоми 5 соли охир тибқи квотаи президентӣ 121 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки аз ин шумора 60 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Ба фаъолият оғоз намудани Донишкадаи омӯзгорӣ дар ноҳияи Рашт боиси зиёд шудани теъдоди донишҷӯдухтарон, аз ҷумла толибилмони ноҳияи Сангвор гардид.
Ба андешаи корманди шуъбаи маорифи ноҳияи Сангвор Ғайратшо Шарифов, духтарони ноҳия нисбат ба дигар навоҳии кӯҳистони ҳамсоя фаъолтар буда, барои идомаи таҳсил шавқи зиёд доранд. Масалан, имсол ба 12 ҷойи тариқи квота ҷудошуда, зиёда аз 60 нафар духтарони деҳоти дурдаст барои идомаи таҳсил ҳуҷҷат супориданд. Аз соли 2012 инҷониб ҳамасола аз 23 то 29 нафарӣ тариқи квота ба муассисаҳои олӣ дохил мегарданд, ки бештар аз 50 дарсади онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар суҳбат бо мо чанд нафар духтарони хатмкардаи муассисаҳои таълимӣ арз намуданд, ки хуб мешуд, шумораи квота барои духтарони ноҳия зиёдтар карда шавад. Зеро духтарони деҳоти дурдасти ноҳия бо вуҷуди доштани дониши хуб ва шавқу рағбати беандоза ба таҳсил аз ин имконияти фароҳамомада маҳрум мемонанд.
Ҳамасола аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ин қабил донишҷӯён кумакҳои моддӣ расонда мешавад. Аз ҷумла, 15 нафар донишҷӯёни оилаҳои камбизоат 250 - сомониӣ барои пардохти маблағи хобгоҳ кумакпулӣ мегиранд.
Яке аз мушкилоти асосии соҳа дар давоми панҷ соли охир ин норасоии омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои русӣ ва англисӣ, фанҳои кимиё, физика, математика, технологияи информатсионӣ буд. Хушбахтона, то имрӯз ба шарофати квотаи ҷудонамудаи Президенти мамлакат масъалаи норасоии кадрҳо ба ҷуз аз норасоии омӯзгорони фанҳои забонҳои русию англисӣ ва технологияи информатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҳалли худро ёфтааст. Пурра намудани ихтисосҳои мазкур яке аз мушкилоти асосиест, ки дар пешорӯи шуъбаи маорифи ноҳия қарор дорад.
Дар ин муддат ба мақсади дастгирии иҷтимоии омӯзгорон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» ба 31 нафар омӯзгор ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ қарзҳои бефоиз барои шуғлҳои иловагии чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ дода шуданд.
Сол то сол аз сабаби зиёд шудани шумораи хонандагон зарурати бунёди биноҳои наву иловагӣ пеш меояд. Бо ин мақсад дар давоми панҷ соли охир дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия синфхонаҳои иловагӣ сохта шудаанд. Дар соли нави таҳсили имсола бо маблағгузории Барномаи рушди Олмон дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 3 – и деҳаи Миёнаду ва 4 - и деҳаи Ёзған синфхонаҳои иловагӣ сохта мешаванд.
Раванди ҷалби духтарону занон ба кору таҳсил дар ноҳияи дурдасти Сангвор дуруст ба роҳ монда шудааст, ки шумораи зиёди кормандон аз ҳисоби занон дар муассисаҳои давлатию ҷамъиятии ноҳия ба ин шаҳодат медиҳад. Имрӯзҳо дар маҷмӯъ 335 нафар занон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла дар соҳаи фарҳанги ноҳия аз ҳисоби занон 17 нафар, соҳаи кишоварзӣ 27 нафар, тандурустӣ 64 нафар, маориф 149 нафар, ва соҳибкорӣ 78 нафар кору фаъолият доранд. Айни замон, шумораи занони роҳбарикунанда дар ноҳия 15 нафарро ташкил медиҳад.
Ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ дар баланд гардидани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва некуаҳволии занону духтарони кӯҳистон мусоидат менамояд. Хусусан, квотаи президентӣ барои духтарони ноҳияи кӯҳистони Сангвор имконияти мусоиде барои идомаи таҳсил фароҳам оварда, боиси баланд гардидани сатҳи маърифату дониш, фаъолияти муфиди онҳо дар рушди хоҷагии халқ ва ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат гардидааст.
Дилшод АМИРОВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.08.2016 №: 163 Мутолиа карданд: 5491