logo

маориф

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЗАБОНОМӮЗӢ. АЗ ОН ЧИРО ИНТИЗОР БОЯД ШУД?

Соли 2014 бо мақсади ҳалли мушкилоти мазкур «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015 - 2020» қабул гардид. Вазорати маориф ва илм, ҳамчун иҷрокунандаи асосии барномаи мазкур кадом корҳоро ба сомон расондааст ва талаботи ин санад аз чӣ иборат аст?  Посухи ин суолҳоро Шермуҳаммад Ёрмуҳаммадзода, директори Маркази ҷумҳуриявии  таълимию методии назди вазорати мазкур чунин шарҳ дод:

- Дар ҳақиқат, ҷумҳурӣ ба тарҷумонҳои варзидаю баландихтисоси  сатҳи байналмилалӣ ниёз дорад. Тибқи  барномаи мазкур  дар муддати шаш сол 180 нафар тарҷумони баландихтисоси забони русӣ ва 270 нафар мутарҷими забони англисӣ тайёр карда мешавад.
Инчунин, тибқи барномаи давлатӣ муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ вазифадор гардидаанд, ки ҳар сол барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 795 омӯзгори забони русӣ ва 875 омӯзгори забони англисӣ тайёр намоянд. Ҳамин тариқ, дар шаш соли амалишавии барномаи мазкур 4770 мутахассиси забони русӣ ва 5250 мутахассиси забони англисии ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй омода гардида, ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар мегарданд. Боварӣ аст, ки ин иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар самти таъмини мактабҳои деҳот бо омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ нақши созгор хоҳад гузошт. Инчунин, дар доираи барнома тайёр кардани номзад ва докторони илм пешбинӣ шудааст. Дар асоси он бояд дар муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ ва берун аз он дар тӯли 6 сол аз фанни забони русӣ 42 номзади илм ва 42 доктори илм, аз забони англисӣ 42 номзади илм ва ба ҳамин теъдод доктори илм рисола дифоъ намуда, дар муассисаҳои олии кишвар ба кори омӯзгорӣ ҷалб шаванд.
Ҳамасола коллеҷҳои омӯзгории ҷумҳурӣ 220 мутахассиси забони русӣ ва ҳамин қадар омӯзгори забони  англисӣ, дар маҷмӯъ, то соли 2020 1320 мутахассиси забони русӣ ва бо ҳамин теъдод омӯзгори   забони англисӣ  барои  макотиби  кишвар тайёр намоянд.
Ҳамзамон, дар барнома тайёр намудани мутахассисони соҳаи педагогика низ дарҷ гардидааст. Аз ҷумла, 6 нафар аспиранти соҳаи методикаи таълим ва 6 нафар аспиранти соҳаи филология аз фанни забони русӣ, 6 докторанти соҳаи методикаи таълим ва 6 докторанти соҳаи филология пешбинӣ шудааст. Дар барнома аз фанни забони англисӣ ба ҳамин теъдод омода намудани аспиранту докторантон ба нақша гирифта шудааст.
Яке аз сабабҳои паст будани забондонии толибилмон норасоии луғатҳои дузабона ва бисёрзабона мебошад. Инро ба инобат гирифта Ҳукумати ҷумҳурӣ табъу нашри як қатор луғатномаҳоро ба нақша гирифтааст. Чунончи, соли 2016 «Луғати англисӣ – тоҷикӣ», соли 2017 «Луғати тоҷикӣ - англисӣ» ва соли 2018 бошад, «Луғати сезабонаи русӣ – англисӣ - тоҷикӣ» - ро нашр  ва дастраси аҳли илм мегардонанд. Ҳамчунин, нашри дастурҳои таълимӣ барои китобҳои дарсии забони англисӣ ва русӣ  пешбинӣ шудааст.

Ҳ. САНГОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2016    №: 164    Мутолиа карданд: 6195
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед