маориф
ҲОИТ.
КӮДАКОН АКНУН ДАР МАКТАБИ НАВ МЕХОНАНД
- Бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дастовардҳои соҳаи маорифи ноҳияи Рашт зиёданд, вале сохтмони бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 91 дар Ҷамоати деҳоти Ҳоит бештар ба мардуми ин маҳали дурдаст хурсандӣ овард. Хуб мешуд як сари қадам аз рафти корҳои сохтмонии ин иншоот дидан мекардед, - гуфт ҳангоми суҳбати сарироҳӣ Мирзо Ҳомидов, сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт.
Маслиҳати ӯ моро водор намуд, ки ба деҳаи Ҳоити 2 раҳсипор гардем. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 91 гарчанде ки дар як деҳаи дурдаст мавқеъ дорад, яке аз беҳтарин муассисаҳои таълимии ноҳия маҳсуб мешавад. Тӯли солҳост, ки дар ин муассиса омӯзгорони соҳибихтисосу пуртаҷриба фаъолият менамоянд. Шогирдонаш ҳам аз лиҳози дониш ва ҳам одобу ахлоқ аз шогирдони дигар муассисаҳои таълимии ноҳия фарқ мекунанд. Дар озмунҳои фаннии мактаббачагон фаъолона иштирок намуда, мунтазам сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.
Файзалӣ Мирзоев, директори муассисаи таълимӣ дар вақти суҳбат изҳор намуд, ки тӯли солҳои дароз омӯзгорону хонандагон аз ҷиҳати танг будани ҳавлии мактаб ва нарасидани синфхонаҳою дигар биноҳои ёрирасон танқисӣ мекашиданд. Бинои таълимӣ барои мактаби ибтидоӣ сохта шуда буд. Сабаби сол то сол афзоиш ёфтани шумораи хонандагон соли 2007 ду синфхонаи иловагӣ, соли 2009 кабинети директор, соли 2011 боз ду синфхонаи иловагӣ ва соли 2015 як синфхонаи компютерӣ дар назди муассиса сохта ба истифода дода шуд. Дигар дар ҳавлии муассиса ҷой барои гузарондани дарсҳои варзиш, омодагии дифои ҳарбӣ ва машғулиятҳои беруназсинфӣ намонд. Шумораи умумии хонандагон ҳоло ба 235 нафар расидааст.
Ба шарофти 25 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар масъулин мушкилии муассисаи таълимии номбурдаро дарк карда, дар як мавзеи мувофиқ ва хушбоду ҳаво барои сохтмони бинои нави таълимӣ қитъаи замин ҷудо намуданд. Аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ бинои таълимии хуштарҳу замонавии дуошёна (иборат аз 10 синфхона ва ду кабинети кории омӯзгорон) сохта шуд.
- Хушбахтона мушкилии мактаби мо дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бартараф гардид. Сохтмони бинои таълимию дигар биноҳои ёрирасон ва девори атрофи муассисаро ҶДММ «Мунис - С» ба уҳда дошт. Солҳо сокинони деҳаи мо орзуи сохтмони чунин бинои таълимиро доштанд. Имрӯз хурсандии мактаббачагону омӯзгорон ва сокинони деҳа ҳадду канор надорад. Боварӣ дорам, ки шумо тавассути рӯзномаатон минатдории мо омӯзгорон ва сокинони деҳаи Ҳоитро ба масъулон, Ҳукумати кишвар ва махсусан ба Пешвои муаззами миллатамон мерасонед, - гуфт дар хатми суҳбат М. Мирзоев.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.08.2016 №: 170 Мутолиа карданд: 5964