маориф
АЗ 46 ХАТМКАРДА 31 НАФАР ДОНИШҶӮ ШУД
- Аз 46 нафар хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 – и деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ ба номи Наврӯз Восиев 31 нафар ба коллеҷу мактабҳои олии кишвар дохил шуданд, - иброз дошт директори он Назрулло Қурбонов.
Назар ба гуфтаи мавсуф , аз 21 квотаи президентӣ, ки ба ноҳияи Айнӣ ҷудо шуда буд, 6 – тоашро хонандагони ин мактаб соҳиб шуданд. Аз ҷумла, се нафар ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ду нафар ба Донишгоҳи давлатии омӯзгорииТоҷикистон ва як нафар ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дохил шуданд.
19 нафар аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва коллеҷҳои тиббию педагогӣ, 4 нафар ба мактабҳои олии ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар ва як нафар ба Донишгоҳи тиббии Данғара қабул гардиданд. Сокинони деҳаи дурдасттарини ноҳияи Айнӣ, бахусус падару модарон, аз иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Маркази миллии тестӣ, ки имтиҳонҳо дар он ба таври шаффоф мегузаранд, хеле сипосгузоранд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.08.2016 №: 173 Мутолиа карданд: 6100