мулоқотҳо
Вохӯрии
Эмомалӣ Раҳмон
бо Мирослав Енча
10 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда Мирослав Енчаро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бартараф намудани монеаҳои сунъии мавҷуда дар роҳи транзити озоди молу маҳсулот, одамон ва хизматрасониҳо баррасӣ шуданд.
Дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои баҳсталаб, аз ҷумла доир ба истифодаи босамари захираҳои обию энергетикии минтақа, аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.
Мирослав Енча ба мавқеи созандаи Тоҷикистон баҳри рушди ҳамкориҳои минтақавӣ баҳои баланд дод.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа гуфтугӯ сурат гирифт.
Сешанбе, 14 июли соли 2009. № 89 (21 596). Соли 85-уми нашр.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1870