маориф
СОЛИ НАВИ ХОНИШ.
ОЁ ПОЙТАХТ БА ОН ОМОДА АСТ?
Сол то сол теъдоди хонандагон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт зиёд мегардад. Дар баробари соли нави хониш масоили пардохти маблағ ва қаноатманд набудани волидайн аз сатҳу сифати таълим рӯ мезанад. Бо мақсади омодагӣ ба соли нави хониш ва посух гирифтан ба суолҳои ёдоваршуда бо Ҳамидулло Фақеров, сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе суҳбат анҷом додем.
- Бо истифода аз фурсат тавассути рӯзномаи «Ҷумҳурият» хонандагони пойтахт ва кишварро бо фарорасии соли нави хониш табрик менамоем. Соҳаи маориф ҳамеша ба сифати таълиму тарбияи хонандаҳо диққати ҷиддӣ медиҳад. Соли хониши 2015 - 2016 тавре аз васоити ахбори омма огоҳед, хонандагон дар сатҳи олимпиадаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои аввал ҳам гардиданд, ки самари меҳнати омӯзгорон ва соҳа аст. Бештар аз мушкилоти ҷойдошта бояд суҳбат кунем. Соли ҷорӣ омодагӣ дар сатҳи зарурӣ аст. Мушкилоти нарасидани ҷойи нишаст надорем, чунки соли гузашта ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ чандин мактабҳо ва биноҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуданд. Соли хониши 2015 - 2016 зиёда аз 20 ҳазор хонанда ба синфи якум қабул ва зиёда аз 180 ҳазор хонанда ба таълим фаро гирифта шуданд. Наздик ба 5 ҳазор хонанда зиёд гардид. Соли ҷорӣ низ тамоюли зиёдшавии хонандагон вуҷуд дорад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти соҳаи маориф нақшаҳои сохтмонии зиёд дорад. Аллакай марҳалаи аввали ин ташаббус амалӣ гардидааст. Сохтмони биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 50, 37, 60, 54, 74 ва ғайра аз бахши ҳамин нақша мебошанд. Онҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ сохта шудаанд. Соли ҷорӣ шароити моддии фарогирӣ хуб аст ва интизор дорем, ки сифати таълим ҳам баракат меорад.
Дар шаҳри Душанбе мушкили нарасидани мактаб ва синфхонаҳо вуҷуд надорад. Масъалаи пардохти маблағи моҳона ҳам барои дарси иловагӣ дар асоси шартномаи тарафайн муқаррар шудааст. Волидайне, ки хоҳиши дарси иловагии фарзандро надоранд, аз пардохти он озоданд. Аммо фарзандони онҳо низ дар як ҳафта як маротиба ҳуқуқ доранд, ки дар қатори хонандагони дигар як бор дарси иловагии ройгон гиранд. Волидайн аз пардохти маблағ ва қаноатманд набудан аз сифати таълим зиёд суҳбат мекунанд, вале дар муҳити мактаб ва маориф хомӯшанд! Волидайн бояд қаноатманд набудани худро ошкору дар чорчӯбаи фарҳанг бо мактаб ва маориф дар миён гузорад.
Дар масъалаи сарулибос мо танҳо тавсия медиҳем, ки либоси ягона риоя карда шавад. Боқӣ тасмими рангу аз кадом ширкат харид кардан ба масъулияти роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аст. Дуруст, ки мо нархро назорат мекунем, ки ба вазъи иҷтимоии ҷомеа мувофиқ бошад. Мо тасмим гирифтем, ки дар сатҳи муассисаҳои томактабӣ ҳам қоидаи либос барои мураббиён ҷорӣ шавад. Мураббиёне, ки бидуни таҳсилоти олӣ буданд, ҳоло қариб ки дар ин муассисаҳо фаъолият намекунанд.
Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар пойтахт 27 дарсадро ташкил медиҳад. Дар муқоиса бо ҷумҳурӣ дар пойтахт нишондиҳандаи фарогирӣ зиёд аст. Супориши ҳукумат буд, ки то 30 дарсад фаро гирифта шаванд. Ҳоло тақрибан 3 ҳазор кӯдак дар навбат аст. Аксари оилаҳо мехоҳанд, ки фарзандашон дар муассисаҳои томактабии буҷетӣ бошанд. Муассисаҳои томактабии хусусӣ низ фаъолият доранд. Вале теъдодашон кам ва маблағи пардохти моҳона гарон аст.
Соли ҷорӣ онҳоеро, ки соли 2014 рӯйхат кардаанд, роҳхат додем. Дар мо фарҳанги навбат истодан шакл нагирифтааст. Фарҳанги навбат истоданро бояд омӯзем.
Ҳ. САНГОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 2.09.2016 №: 177 Мутолиа карданд: 6565