logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, 11 сентябри соли 2016

Муҳтарам сокинони шарафманди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ!
Дар оғоз ҳамаи шумо ва тамоми мардуми ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба муносибати Ҷашни бистсолагии таъсисёбии ноҳия, ки ба бахти сокинони ватандӯсти ин диёри куҳан баробар бо таҷлили ҷашни бузурги миллиамон – биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат мегирад, самимона табрик мегӯям.
Чанд рӯз пеш мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлоламон Ҷашни 25 - умин солгарди Истилолияти давлатиро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва бо шукрона аз давлатдории миллӣ таҷлил намуданд. Ба шарофати ин неъмати бебаҳои даврони навини таърихи давлатдориамон дар масири 25 сол кишвари мо ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардида, пояҳои давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар саросари кишварамон таҳким ёфт. Дар қатори дигар сокинони мамлакат мардуми шарафманди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ аз файзу баракати ин неъмати бузурги таърих баҳравар гардидаанд, зеро ноҳия зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад, ки ин падидаи нек барои ҳар як сокини он мояи ифтихору саодатмандӣ мебошад.
Аз баракати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва талошу пайкори шоистаи ҳар як сокини ноҳия ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни мубораки 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аст, ки имрӯз дар ноҳия силсилаи иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Вобаста ба ин, бо қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки аз сафари қаблии мо то имрӯз корҳои зиёди созандагиву ободонӣ иҷро гардида, тарҳу симои деҳот ва маркази  ноҳия ба куллӣ дигаргун шудааст. Ҳамаи ин дастовардҳо самараи заҳмати ватандӯстона ва талошҳои пайваставу шабонарӯзии ҳар яки шумо, сокинони меҳмоннавозу садоқатманди ноҳия ва қобили таҳсину дастгирӣ мебошад. Ҳукумати мамлакат низ дар доираи ҳадафҳои созандаи кишвар барои дар кӯтоҳтарин муддат ба гӯшаи ободу зебо табдил додани ин минтақаи дурдасти кӯҳистон аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодааст.
Анҷоми муваффақонаи Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар давраи то соли 2015 имконият фароҳам овард, ки ҳамасола бо истифода аз имконоти мавҷуда дар ҳудуди ноҳия коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ ва ҷойҳои нави корӣ ташкил гардида, тавассути татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва беҳдошти вазъи зиндагии мардум таъмин карда шавад. Дар маҷмӯъ, барои рушди ноҳия дар доираи барномаи зикршуда дар 15 соли охир беш аз 100 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст, ки он, дар навбати аввал, барои таҷдиду тармим ва азнавсозии муассисаҳои маорифу тандурустӣ, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва аз худ намудани заминҳои нав равона шудаанд.
Ҳарчанд ки таъсиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ самараи даврони Истиқлолияти давлатии кишвар мебошад, аммо ин диёри кӯҳсору сарбаландамон дорои таърихи куҳан буда, ёдгориҳои зиёди кашфшуда таърихи бостонӣ доштани онро таъкид менамоянд. Соли 1996 ба шарофати соҳибистиқлолии кишварамон Ҳукумати мамлакат бо мақсади эҳёи ноҳия ва бо истифода аз имкониятҳои мусоиди он тараққӣ додани боғдориву картошкапарварӣ ва чорводорӣ масъалаи аз нав таъсис додани ноҳияро ба миён гузошт. Яъне шумо мардуми соҳибиқбол ҳастед, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дубора соҳиби ноҳия гардидед.
Кӯҳистони Мастчоҳ дар давоми бист сол ба дастовардҳои  хеле назаррас ноил гардида, барои рушди иқтисодиёти мамлакат саҳми муносиби хешро гузошта истодааст. Майдони заминҳои картошка дар давоми панҷ соли охир аз 230 гектар то 2000 гектар васеъ гардидааст. Тибқи таҳлилҳо дар ноҳия имкониятҳои боз ҳам зиёд намудани майдони кишти картошка ва ҳаҷми истеҳсоли он вуҷуд доранд.
Соли ҷорӣ бар асари офатҳои табиӣ ба хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ хисороти зиёд расонда шуд, аммо бо дастгирии Ҳукумат, вазорату идораҳои дахлдор ва заҳмати софдилонаи мардуми ноҳия зарари офатҳои табиӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф карда шуд. Ҳамзамон бо ин, соли гузашта бо мақсади сари вақт ба дигар ноҳияҳои вилояти Суғд расондани маҳсулоти истеҳсолкардаи кишоварзони ноҳия таъмиру таҷдиди ағбаи Оббурдон ба анҷом расонда шуд, ки бо амалӣ шудани иқдоми мазкур фосилаи роҳ ба шаҳри Хуҷанд 85 километр наздик гардид.
Ҳозирини арҷманд!
Дар ноҳия дар баробари рушди картошкапарварӣ, инчунин, ба масъалаи боғу токпарварӣ аҳамияти махсус зоҳир карда мешавад. Бо ин мақсад, соли ҷорӣ бо маблағгузории Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ лоиҳаи бунёди иншооти обгузари «Дашти Фалахмон» барои аз худ намудани 240 гектар заминҳои бекорхобида оғоз гардид. Итминон дорам, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ҷиҳати афзун гардидани майдони заминҳои кишоварзӣ, зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва бунёди боғҳои нав мусоидат мекунад.
Ҳамчунин, иқлими ноҳия барои рушди соҳаи қутоспарварӣ мувофиқ мебошад. Аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ ҷиҳати иҷрои Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ ба ноҳия 440 сар қутос оварда шуда буд, ки ҳоло саршумори он қариб ду баробар зиёд шудааст. Ин нишондиҳандаи хуб буда, зарур аст, ки аз ҷониби масъулони ноҳия ба афзоиши боз ҳам бештари саршумори қутос диққати ҷиддӣ дода шавад.
Як самти муҳиму фоидаовари соҳаи кишоварзии ноҳия рушди занбӯрпарварӣ ва истеҳсоли асал ба шумор меравад. Дар ҳудуди ноҳия дар доираи Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ оилаҳои занбӯри асал ба 1200 адад расонда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 400 оила зиёд аст. Ҳаҷми истеҳсоли асал дар нимсолаи аввали соли равон ба 8 тонна расидааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба соли гузашта ду тонна зиёд мебошад. Ҳамчунин, дар қаламрави ноҳия намудҳои гуногуни гиёҳҳои шифобахш мерӯянд, ки чунин шароити хуби табиӣ барои ба даст овардани асали хушсифат ва табобатӣ мусоидат мекунад. Танҳо зарур аст, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба рушди соҳа аҳамияти махсус зоҳир намуда, дар масъалаи боз ҳам афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли асал ва зиёд намудани оилаҳои занбӯри асал чораҷӯӣ намоянд ва аз ин ҳисоб ҷойҳои иловагии корӣ таъсис  диҳанд.
Ҳозирини арҷманд!
Тайи солҳои охир бо мақсади бунёд намудани маркази нави ноҳия корҳои лоиҳакашӣ дар дашти Рогиф дар майдони қариб 16 гектар ба анҷом расида, айни замон сохтмони бинои истиқоматӣ барои 16 оилаи хизматчиёни давлатӣ ба итмом расонда шудааст, ки имрӯз мо онро мавриди баҳрабардорӣ қарор додем. Шаҳраки нав ба тамоми талаботи марзиву маъмурӣ ҷавобгӯ буда, дар ҳудуди он хати нави оби нӯшиданӣ ва полизӣ, хати интиқоли неруи барқ кашида шудааст. Дар баробари ин, дар маркази нави ноҳия корҳои лоиҳакашиву сохтмони як қатор биноҳои маъмурӣ идома доранд. Бунёди биноҳои наву хуштарҳ дар ояндаи наздик маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба як шаҳраки воқеиву замонавии зебо табдил хоҳад дод.
Дӯстони азиз!
Дар ноҳия барои коркарди маъдан ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли ангишт имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Бовар дорам, ки бо истифода аз шароити мусоиди ноҳия ҷиҳати зиёд кардани истеҳсоли ангишт ва таъмин намудани аҳолии кишвар бо ин намуди сӯзишворӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Дар баробари захираҳои бойи маъдан истифода ва коркарди захираҳои оби ноҳия низ метавонад ба таъминоти бозори дохиливу хориҷӣ бо оби тозаву шифобахш мусоидат намояд. Ҳоло бо ин мақсад корхонаи «Оби Шулуч» таъсис дода шудааст, ки бо истифода аз ин неъмати табиат метавонад дар оянда ҳаҷми истеҳсоли оби тозаи нӯшиданиро зиёд карда, ба ин васила ба буҷети ноҳия даромади иловагӣ ворид намояд.
Маълум аст, ки аз қадимулайём дар ҳудуди рӯдхонаи Зарафшон ҳунари заршӯӣ ривоҷ доштааст. Вале баъдан ин пешаи қадима ва манфиатовар аз хотирҳо фаромӯш шудааст.  Ҳукумати кишвар бо дарназардошти эҳёи дубораи ҳунари заршӯӣ ва истихроҷи тилло дар ҳудуди ноҳия тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.
Айни замон, аз ҷониби Ҷамъияти «Апрелёвка» лоиҳаи таъсиси  коргоҳи ҷамъоварии тилло ва ба роҳ мондани фаъолияти заршӯӣ аз дарёи Зарафшон таҳия шудааст, ки дар фурсатҳои наздик корҳо дар ин самт оғоз мегарданд. Дар сурати мавриди амал қарор гирифтани лоиҳаи мазкур имконияти бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардани 200 нафар аҳолии ноҳия фароҳам  меояд. Бо ин мақсад, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав зарур аст, ки барои рушди пешаи заршӯӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон тадбирҳои мушаххас андешад, зеро дар ноҳияҳои кӯҳистони мамлакат, аз ҷумла Кӯҳистони Мастчоҳ захираҳои коркарднашудаи тилло, нуқра, сангҳои қиматбаҳо ва дигар навъҳои маъдан хеле зиёданд ва истифода аз чунин имкониятҳо метавонад ба рушди саноати ноҳия, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳунарҳои дастӣ таърихи қадима доранд ва дар гузашта аксари бонувони соҳибҳунари ноҳия бо усули дастӣ ба гилембофӣ машғул буданд, ки то имрӯз баъзе намудҳои он ҳамчун намунаи ҳунари беҳтарини дастии мардумӣ дар миёни занони куҳансол боқӣ мондааст. Бинобар он, зарур аст, ки модарони мастчоҳӣ ин пешаи аҷдодиро ба духтарону бонувони ҷавон омӯзонанд, то ки дар баробари рушди дигар ҳунарҳои халқӣ ин навъи ҳунари миллӣ идома пайдо карда, ҳамчун намунаи санъати миллии дастии тоҷикон маҳфуз монад. Ҳамчунин, роҳбарону масъулон бояд бо истифода аз имкониятҳои нодири ноҳия доир ба рушди сайёҳӣ низ чораҷӯӣ намоянд.
Ҳукумати мамлакат барои таъмини шароити мусоид ва таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия, хоса бунёди мактабҳои наву замонавӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода менамояд. Дар давоми 20 соли охир 12 муассисаи нави таълимӣ, ки аксари онҳо дар Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои давраи то соли 2015 пешбинӣ гардида буданд, бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.
Чанде қабл дар деҳаҳои Худгифи Соя ва Деҳманора мактабҳои замонавӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент сохта, ба истифода дода шуданд. Ҳоло аз ҳисоби буҷети давлатӣ сохтмони мактаб дар деҳаи Эсизи деҳоти Иван -Тоҷик барои 360 хонанда босуръат ҷараён дорад. Бар замми ин, бо саҳмгузории сокинон сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар деҳаҳои Худгифи Офтоб ва Ғукат, инчунин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар деҳаи Варзотич идома дорад.
Соли ҷорӣ бо маблағгузории Вазорати маориф ва илм корҳои лоиҳакашӣ барои бунёди мактаби нав дар деҳаи Дашти Оббурдон ва толори варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Пастиғав ба анҷом расонда шуданд, ки дар фурсатҳои наздик сохтмони онҳо оғоз мегардад. Имсол 49 нафар хатмкунандагон аз ҳисоби ҷавондухтарон ва писарони ноҳия тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил гардиданд, ки иқдоми мазкур барои таъмини корхонаву муассисаҳои ноҳия бо мутахассисони ҷавон ва ҷалби бештари духтарон ба макотиби олӣ мусоидат мекунад.
Агар дар соли 1996 ҳамагӣ 15 нафар хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳия ба донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат дохил шуда бошанд, пас дар соли таҳсили 2015 – 2016 – ум  230 нафар ҷавонони ноҳия аз тариқи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил шудаанд. Вале ин нишондиҳанда ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест. 
Ҳамчунин, хотиррасон месозам, ки шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва таъсири ақидаҳои ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ба афкори ҷавонон, пеш аз ҳама, аз падару модарон ва масъулони соҳаи маориф масъулияти баланди тарбиявиро тақозо мекунад. Бинобар ин, омӯзгорон ва падару модарони муҳтарами моро зарур аст, ки ба масъалаи таълиму тарбияи шоистаи ҷавонону наврасони ноҳия ҳарчи бештар эътибор диҳанд ва барои чун насли бомаърифату созанда ва ватандӯсту худшинос ба воя расидани онҳо аз ҳамаи имконияҳо истифода намоянд. 
Тавре ки зикр намудам, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ҷумлаи мавзеъҳои куҳани мамлакат ба шумор рафта, дар ҳудуди он ёдгориҳои нодири таърихиву фарҳангӣ ва маконҳои муқаддасу обидаҳо мавҷуданд. Ман дар ҷараёни сафари қаблии худ ба ноҳия изҳор дошта будам, ки имрӯз бисёр анъана ва суннатҳои фарҳанги миллии мо дар миёни мардуми ноҳияи Мастчоҳ боқӣ мондаанд, ки ҳоло зарурати эҳё, ҳифз ва тарғиби онҳо ба миён омадааст.
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва тарғиби суннатҳои фарҳанги миллӣ, ойинҳои мардумӣ  дар ноҳия аз ҳисоби буҷети давлатӣ қасри фарҳанг сохта, ба истифода дода шуд, ки имрӯз ба макони баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ табдил ёфтааст. Эътимоди комил дорам, ки мардуми маърифатпарвари ноҳия бо посдории суннатҳои куҳани аҷдодӣ дар ҷодаи эҳёву тарғиби анъанаҳои халқӣ ва падидаҳои беҳтарини фарҳанги ниёгон ба дастовардҳои тоза ноил хоҳанд шуд.
Дар самти рушди сайёҳӣ дар ноҳия ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мусоиди табиии ноҳия барои рушди сайёҳӣ дар ҳудуди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тадбирҳои амалӣ андешида, ҷиҳати ҷалби бештари  сайёҳон ба ин сарзамин ва муаррифии имкониятҳои рушди сайёҳӣ иқдом намояд. Ҳамзамон бо ин, Академияи илмҳо бояд барои омӯзиши ёдгориҳои таърихӣ, мероси моддиву маънавии қаламрави ноҳия, бахусус ёдгориҳои суғдӣ, сангнавиштаҳо ва маконҳои муқаддас тадбирҳои амалӣ андешад.
Ҳозирини гиромӣ!
Вақте имрӯз ба симои шаҳраку деҳоти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва чеҳраи ҳар яки шумо менигарам, воқеан эҳсос мекунам, ки ба туфайли заҳмати ватандӯстона ва садоқат ба хоку оби аҷдодӣ ин гӯшаи кӯҳистони тоҷик дар зарфи солҳои охир чӣ қадар пешрафта ва ободу сарсабз гардидааст. Маҳз ҷавонмардиву матонат ва меҳмондӯстиву фарҳангпарварии мардуми сарбаланди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аст, ки амалҳои наҷиби созандагиву ободкорӣ дар ин мавзеи зебои Тоҷикистон, хусусан, ба истиқболи 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва бистсолагии таъсиси ноҳия вусъати тоза пайдо кардаанд.
Ман дар мулоқоте, ки рӯзҳои таҷлили Наврӯзи имсола бо мардуми сарбаланди ноҳияи Мастчоҳ доштам, як нуктаро таъкид карда будам, ки мардуми Мастчоҳ аз қадим меҳмоннавоз, ватандӯсту ҷасур ва баору номус буданд ва имрӯз низ чунин ҳастанд ва бовар дорам, ки ҳамеша ба ормонҳои миллату Ватан содиқ хоҳанд монд. Умед дорам, ки мардуми шарафманди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тамоми донишу маърифат ва неруву имкониятҳои хешро ба тарбияи наслҳои ояндасози ҷомеа ва фардои ободи миллату давлат сафарбар месозанд.
 Бори дигар тамоми сокинони сарбаланди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 20 – солагии таъсисёбии ноҳия, инчунин Иди саиди Қурбон, ки фардо фаро мерасад, самимона табрик гуфта, орзуманди он  ҳастам, ки рӯзгори ҳар яки шумо ҳамеша ободу пур аз файзу баракат ва саодату хушбахтӣ бошад.
Ҳамеша хонаободу сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2016    №: 182-183    Мутолиа карданд: 10983
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед