маориф
КОЛЛЕҶИ РАССОМӢ. РОҲ БА СӮИ БЕҲТАРИН ДОНИШКАДАҲОИ ХОРИҶӢ БОЗ АСТ
Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов фаъолияти худро аз соли 1936 оғоз намудааст. Он солҳои тӯлонӣ ягона маркази тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи санъати тасвирӣ буд. Дар коллеҷ аз рӯи 11 ихтисос шуъбаҳо амал мекунанд. Яке аз онҳо шуъбаи рассомӣ аст, ки бо ихтисоси омӯзгори санъати тасвирии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактабҳои бачагонаи рассомӣ ва студияҳо мутахассис тайёр менамояд. Инчунин, дар коллеҷ шуъбаҳои санъат ва зебоисозӣ (дизайн), ҳайкалтарошӣ, наққошӣ, рассом - ороишгари театр, кулолгарии бадеӣ, коркарди бадеии чӯб, заргарӣ, ороиш ва расмҳои китоб (графика) ва бофандагии бадеӣ (габилен) амал менамоянд.
Се сол боз дар ҷумҳурӣ Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн кушода шудааст. Баъд аз хатм бисёри донишҷуёни коллеҷ дар он ҷо дониши худро такмил медиҳанд.
«Сол то сол шумораи довталабони коллеҷи рассомӣ зиёд шуда истодааст, ки ин бисёр хуб мебошад. Аксарияти донишҷӯёне, ки коллеҷи моро хатм мекунанд, рафта дар театрҳо ҳамчун рассом кору фаъолият менамоянд. Имсол 3 донишҷӯи мо дар театрҳои лӯхтак, опера ва балет ва ҷавонон бо кор таъмин шуданд. Донишҷӯёне, ки тибқи квотаи президентӣ ба коллеҷ дохил шуда буданд, онро хатм намуданд. Ҳамаи шаш нафари онҳо ба беҳтарин донишгоҳу донишкадаҳои санъати тасвирии Федератсияи Русия қабул гардиданд.
Бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ тасмим гирифтем, ки дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишеро бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорони қоллеҷ дар меҳмонхонаи «Серена Душанбе» ва «Осорхонаи миллӣ» иборат аз асарҳои рассомони ҷавон баргузор намуданд. Пеш аз ҷамъбасти нимсолаи якум мувофиқи нақшаи таълимии коллеҷ якчанд намоиши иловагии корҳои донишҷӯён аз фанҳои қаламкашӣ, рангкашӣ, устухонпайвандӣ, устохона, пора ва дӯхти либосҳо, хаттотӣ, нақшакашӣ, меъморӣ ва анатомияи пластикӣ гузаронда шуд, ки ҳар яки онҳо аз тарафи ҳайати комиссияи имтиҳонӣ баҳогузорӣ гардид. Натиҷаи ҳамин намоишҳои иловагӣ буд, ки донишҷӯён нимсоларо бо нишондодҳои хуб ҷамъбаст намуданд», - гуфт Сироҷиддин Ҷӯрахонов, директори коллеҷ.
Сафаргул АЛИМОВА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.09.2016 №: 188 Мутолиа карданд: 6475