маориф
ХУРОСОН. БУНЁДИ МАКТАБИ ЗАМОНАВӢ
Боиси хурсандист, ки солҳои охир дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон корҳои созандагию бунёдкорӣ идома доранд. Дар ноҳияи Хуросон низ дар давоми сол 7 иншоот сохта ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, дар маркази ноҳия қасри фарҳанг, китобхона, меҳмонхона, ҷой барои гузарондани маъракаҳо, маркази рушди калонсолон бунёд гардиданд. Дар деҳаҳои Меҳнатобод ва Меҳнатобод – 3 – и Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод бошад, мактабҳои замонавии дуошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Чанде пеш маросими ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 60 низ доир гардид. Бино дорои 10 синфхона ва 4 ҳуҷра буда, барои 240 хонанда дар як баст сохта шудааст. Сохтмони он аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст.
- Мо, чандин сол инҷониб орзу мекардем, ки дар маҳаллаи мо ҳам чунин мактаби замонавӣ бунёд намоянд. Зеро фарзандонамон беш аз ду километр роҳро тай карда ба мактабҳои деҳоти ҳамсоя мерафтанд. Хусусан, рафтуомад дар зимистон ба мактаббачаҳои хурдсол хеле душвор буд. Шукр, ки ба орзуи худ расидем ва миннатдории худро пеш аз ҳама ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон мерасонем, - мегӯяд сокини деҳа Сафо Ниёзов.
Ҳоло кӯчаҳои шаҳраки муҳоҷирон сангфарш гардида, аз болои канал пул сохта шуд, ки рафтуомади сокинонро ба маркази ноҳия хеле наздик ва осон кард. Умуман, ҳудуди ноҳия бо бунёди даҳҳо гектар боғоту токзор хеле ободу зебо шудааст. Ноҳияи Хуросон дарвозаи вилояти Хатлон маҳсуб меёбад. Ҳар касе, ки ба маркази вилоят – шаҳри Қӯрғонтеппа сафар кунад, шоҳиди ин ободкориҳо мегардад. Дар давоми як сол тамоми кӯчаҳои маркази ноҳия асфалтпӯш шуда, дар ду тарафи шоҳроҳ арчаҳо қомат афрохтаанд. Ноҳияи Хуросон рӯз ба рӯз ободу зебо мегардад.
Эназар НАЗАРОВ,
мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.09.2016 №: 189 Мутолиа карданд: 6331