logo

туризм

ТУРИЗМИ ЛАХШ. АГАР НАҚШАҲО АМАЛӢ ШАВАНД...

Ноҳияи Лахш дорои имкониятҳои васеи пешниҳоди хизматрасониҳои хушсифати маишӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва мавзеи  ҷолиби сайёҳӣ мебошад. Манзараҳои дилфиреби ин диёри зебоманзар  ба як дидан касро мафтун месозанд.  Чашмаҳои шифобахши Тандиқул чаҳор фасли сол аз қаъри замин фаввора мезананд. Ҳавзи Сартоло, водии илондӣ ва майдони «Масквина» - и қуллаи Исмоили Сомонӣ диққати ҳар бинандаро метавонанд ба худ ҷалб кунанд. Тайи солҳои охир барои истироҳату табобат омадани  сокинони ноҳияҳои гуногуни кишвар ва шаҳрвандони хориҷӣ ба ин мавзеъҳо афзуда истодааст.

Тавре  ки  Нисратулло Нийматов,  мудири бахши рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш дар суҳбат афзуд: «Солҳои охир дар ноҳия бо мақсади рушди туризм як қатор корҳо ба анҷом расиданд. Бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ дар мавзеи Тандиқул меҳмонхона бунёд гардида, дар доираи имконоти мавҷуда барои меҳмонон шароит фароҳам оварда шуд. Имсол беш аз ҳазор нафар аз гӯшаҳои дуру наздики кишварамон барои табобат ва истироҳат ба Тандиқул омаданд. Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик ин мавзеъи Тандиқул ба истироҳатгоҳи воқеан муосир табдил дода шавад. Сайёҳон аз хориҷи кишвар ба ноҳия бо мақсади фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ меоянд. Шумораи меҳмонони хориҷӣ имсол ба 160 нафар расид. Асосан набудани меҳмонхонаҳои ҳозиразамон барои рушди соҳа таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин масъала масъулини ноҳия бо соҳибкорони маҳаллӣ кор бурда истодаанд».
Аммо, тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, дар ин ҷода чанд омили дигари таъсиррасон низ ҳаст. Аз қабили надонистани забонҳои хориҷӣ аз ҷониби шахсони масъул, паст будани сатҳи  хизматрасонӣ, ба талабот ҷавобгӯ набудани роҳҳои маҳаллӣ, набудани хатсайрҳо ва воситаҳои боркашонӣ барои рушди соҳа монеа эҷод мекунад. Сабаби асосии кам таваҷҷуҳ зоҳир намудани сайёҳон ба ин ноҳия аз кам иттилоъ доштани онҳо мебошад. Манбаи асосии иттилоъ дар замони муосир, бешак, сомонаҳои интернетианд ва ҳар як нафаре, ки мехоҳад аз ин ё он кишвар дидан намояд, ҳатман дар қадами аввал аз интернет маълумоти лозимиро ҷустуҷӯ менамояд.
- Мо ба нақша гирифтаем, ки барои сайёҳони оянда сайрхати  мушаххас тартиб диҳем ва оид ба ноҳияи Лахш, ҷойҳои  зебоманзар, таърихию   фарҳангӣ, обҳои шифобахш ва  олами набототу ҳайвоноти он маълумотномаҳои муфассал тартиб диҳему  дар интернет ҷой намоем. Ҳамчунин, бо кумаки устоҳои  ҳунарманди сокини ноҳия сохтани туҳфа, тартиб додани китобча - буклетҳои суратдор, ки табиати зебо, ҷойҳои таърихии ноҳияро нишон диҳад, дар назар аст. Ташкил намудани нуқтаҳои фурӯши маҳсули ҳунарҳои мардумӣ,  чун  ҷӯробу рӯймолҳо, куртаву тоқӣ ва локиҳои гулдӯзӣ, кулоҳу либосҳои миллии тоҷикию қирғизӣ, ташкил намудани васоити боркашӣ барои сайёҳони хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст, - гуфт Нисратулло Нийматов.
Х. ЗАЙНИДДИН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.09.2016    №: 189    Мутолиа карданд: 12325
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед