logo

номаҳо

АЗ СУДИ ОЛӢ ХОҲИШ ДОРАМ...

Редаксияи азиз, ба шумо сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, кӯчаи Умед, хонаи 348 Стақурбон Қурбонов, мӯйсафеди 85 – сола ва маҷрӯҳи гурӯҳи якум муроҷиат менамояд.

Аз соли 1966 ин ҷониб дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунам. Дар ин муддат бо аҳли хонавода ва ҳамсояҳоям аҳлона зиндагӣ мекардем. Вале, ҳодисаҳои солҳои охир ба сарам омада маро маҷбур сохт, ки аз рӯи ҳамсояҳоям ба мақомоти гуногун, аз ҷумла ба рӯзномаи «Ҷумҳурият», шикоят барам.
Гап дар сари он аст, ки ҳамсояам Умар Раҳимов бо роҳҳои барои мо номаълум 28,0 метри мураббаъ қитъаи замини барои роҳрав ҷудошударо азхуд намуд. Шояд хонандаи азиз  тааҷҷуб намояд, ки наход 28,0 метри мураббаъ замин кирои якдигарнофаҳмӣ бошад. Хоса, миёни ҳамсояҳои наздик. Охир дар урфият мегӯянд, ки ҳамсояи наздик беҳ аз хеши дур.
Вале, ана ҳамин ҳамсояи наздикамон ин миқдор заминро на аз ҳисоби заминҳои дигар, балки аз ҳисоби роҳрави хонаи ман ғасб намудааст. Дар натиҷа, роҳрави бе ин ҳам хеле танг боз ҳам тангтар шуд.
Баҳсу талошҳоямон ҳеҷ натиҷае ба бор наовард. Дар ин миён писари хурдиам Наҷмиддин Қурбонов бо сабаби беморӣ ногаҳон аз олам даргузашт. Мо ҳатто ҷисми ӯро дар тобут аз хона бароварда натавонистем. Маҷбур шудем, ки ҷасадро бо як азобе аз ин роҳрави танг гузаронда, сипас ба тобут монем…
Ман борҳо аз Умар Раҳимов хоҳишу илтиҷо кардам, ки қитъаи замини ғасбкардаашро ба ҳолати аввала баргардонда, роҳро кушояд. Вале ӯ ба ману хоҳишҳоям эътиборе надод.
Маҷбур шудам бо аризаи даъвогӣ ба суди ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат намоям. Мутаассифона, суд даъвои маро рад кард ва суди шаҳрӣ низ онро бенатиҷа гузошт.
Тавассути рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба Суди Олӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда гуфтаниам, ки даъвои мани мӯйсафедро бори дигар холисона дида бароянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2016    №: 192    Мутолиа карданд: 11362
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед