logo

маориф

МАКТАБИ ЗАМОНАВӢ ДАР ҲОИТ

Дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои водии Рашт як қатор иншооти хоҷагии халқ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Ҳоити ноҳияи Рашт мактаби хуштарҳу замонавӣ ба истифода дода шуд. Мактаби деҳа, ки ҳанӯз дар даврони шӯрави сохта шуда буд,  куҳнаю фарсуда гашта, ба талаботи имрӯза ҷавоб намедод. Аз ин рӯ, тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат моҳи августи соли 2015 сохтмони мактаби нав шурӯъ гардид. Фармоишгари он Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз ҷониби  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  “Мунис-С” ба маблағи  1 миллиону 926 ҳазор сомонӣ  бунёд гардид.
Дар маросими ифтитоҳи мактаби наву замонавӣ  вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ширкат варзида, эъмори чунин муассисаи ба талаботи давру замон ҷавобгӯро аз сиёсати  хирадмандона ва ғамхоронаи Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф арзёбӣ намуданд. 
Мактаби  дуошёна  дорои 10 синфхона буда, барои 240 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст. Мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи наву замонавиро сокинони ин минтақаи дурдасти кишвар аз баракати сулҳу ваҳдат ва соҳибистиқлолии кишвар унвон карданд.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2016    №: 193    Мутолиа карданд: 6740
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед