logo

маориф

ЛАХШ. БАРНОМА МАВРИДИ АМАЛ АСТ, АММО…

Тағйироти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҷомеаи муосир боиси тавсеаи муносибатҳои байналмилалӣ мегардад. Аз ин рӯ, такмили таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта,  дар ин самт тадбирҳои судманд амалӣ мешаванд. 

Пирмаҳмад Абдусатторов, мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома дар хусуси ҳамин мавзӯъ ибрози ақида намуд. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто даврони шӯравӣ хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои кӯҳистон, махсусан водии Рашт, дар қиёси хонандагони муассисаҳои таълимии дигар минтақаҳои кишвар сатҳи забондониашон (омӯхтани забони русӣ) поинтар меистод, агарчанде ки сифати таълим мувофиқи матлаб роҳандозӣ гардида буду мактаббачагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои водӣ дар омӯзиши дигар фанҳо дар ҳама давру замон дар ҷумҳурӣ пешсаф буданд. Тақозои вақт, таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат, аз сари нав таҳия ва тасдиқ гардидани "Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020" омӯхтани забонҳои хориҷиро дар байни мактаббачагон ривоҷ бахшид.
Дар ноҳия 61 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба фаъолият машғул буда, таълим дар 20 муассиса бо забони тоҷикӣ, дар 18 муассиса бо забонҳои тоҷикию қирғизӣ ва дар 23 муассиса бо забони қирғизӣ ҷараён дорад.  Дар ҳамаи ин муассисаҳо ҳолати иҷрои барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ мувофиқи матлаб ба роҳ монда шуда, сатҳи забономӯзии хонандагон сол то сол беҳтар мегардад. Дар байни хонандагон пайваста озмунҳои фаннӣ, вожаномаҳо, викторинаҳо ва маҳфилҳо доир мегарданд. Дастовардҳои чанд соли охири хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ аз ин фанҳо, далели рушани ҳамин гуфтаҳост.
- Мушкилот дар самти татбиқи барнома бо сабаби норасоии маблағ дар таъсиси кабинетҳои фаннӣ мебошад, - гуфт ӯ ва афзуд, ки норасоии матахассисон низ яке аз монеаҳои самаронокии фаъолияти таълим аст. Ҳоло 12 нафар омӯзгори фанҳои гуногун бо маълумоти миёнаи умумӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия машғули фаъолиятанд. Бо мақсади бо омӯзгорон таъмин намудани мактабҳои ноҳия дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва коллеҷҳо ҳоло беш аз 500 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар риштаи омӯзгорӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Айни ҳол масъалаи норасоии кадрҳо аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва курсҳои сесолаи омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳия бартараф гардида истодааст. Зиёда аз 50 нафар омӯзгори фанни забони русӣ ва 38 нафар омӯзгори фани забони англисӣ дар мактабҳои ноҳия бо маълумоти олӣ ва миёнаи омӯзгорӣ машғул ба фаъолиятанд.
Худодод ЗАЙНИДДИН, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2016    №: 194    Мутолиа карданд: 7147
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед